logo

иқтисод

МИНТАҚАИ ОЗОДИ ИҚТИСОДӢ Ё МОЛҲОИ ВАТАНӢ ДАР БОЗОРИ ҶАҲОНӢ

Оё дар Тоҷикистон ширкати ватанӣ ё хориҷӣ метавонад аз кулли намуди андоз сарфи назар карда, танҳо ду намудашро пардозад ё ҳангоми воридсозии дастгоҳу таҷҳизот, содироти моли истеҳсолкардааш аз боҷи гумрукӣ озод бошад?
Метавонад. Агар дар яке аз чор минтақаи озоди иқтисодӣ, ки дар кишвар ташкил шудааст, фаъолият дошта бошад.
Ин ҳама имтиёз ба хотири рушди иқтисоди миллӣ, афзунсозии неруи содиротӣ барои соҳибкорону инвесторон фароҳам оварда шудааст. Агар афзоем, ки минтақаҳои озоди иқтисодии  “Суғд”, “Данғара”, “Панҷ” ва “Ишкошим” бевосита бо ташаббусу дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсис дода шуданду бо дастгирӣ, маслиҳату ҳидоятҳояшон дар айни рушданд, аҳамияти онҳо дар пешравии иқтисод бармало маълум мегардад. Сафарҳои кории Пешвои миллат ба МОИ ба ҳукми анъана даромадааст ва ҳамеша такони хубе мешавад дар ривоҷи кори онҳо. Аз ҷумла, Пешвои миллат моҳи гузашта дар минтақаи озоди иқтисодии “Панҷ” санги асоси се корхонаи навро гузоштанд.
Айни замон, дар чор минтақа беш аз 70 субъекти хоҷагидории ватанию хориҷӣ ба қайд гирифта шуда, зиёда аз 30 корхона ба истеҳсоли маҳсулот машғул мебошад. Соли гузашта дар МОИ “Данғара” беш аз 16 миллион сомонӣ маҳсулоти стандарти байналмилалӣ истеҳсол шуд. Дар МОИ “Суғд” ин нишондиҳанда ба 73 миллион сомонӣ расид. Фардои МОИ, бешак, накутар хоҳад шуд, зеро он пулест миёни иқтисоди миллӣ ва ҷаҳонӣ, ҳамчунин, муаррифгари моли ватанӣ дар бозорҳои он.

Хуршеди ҶОВИД, "Ҷумҳурият"


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.09.2017    №: 193-194    Мутолиа карданд: 369

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед