logo

фарҳанг

ШОМИ ШАНБЕ

ЗАКОВАТИ ЗАН

Марде канори чоҳ зани зебоеро дида пурсид:
- Зиракии занон дар чист?
Зан доду фарёд бардошт ва мардумро фаро хонд. Марди ваҳшатзада пурсид:
- Чаро чунин мекунӣ? Ман, ки қасди азият кардани туро надоштам, дидам хонуми зебо ва муҳтараме ҳастӣ, хостам аз ту суоле кунам.
Дар ин ҳангом қабл аз он ки мардум бирасанд, зан сатили обе аз чоҳ берун овард ва бар сари худ рехт.
Мард бо тааҷҷуб пурсид:
- Чаро чунин кардӣ?
Зан ба мардуме, ки барои кумак расида буданд, хитоб кард:
- Эй мардум, ман дар чоҳ афтида будам ва ин мард маро наҷот дод.
Мардум аз он мард ташаккур карданд ва ба роҳи худ шуданд. Зан ин ҳангом ба мард гуфт:
- Ин аст зиракии занон. Агар азияташон кунӣ, туро ба коми марг мекашанд ва агар эҳтиромашон кунӣ, хушбахтат мекунанд.
Таҳияи Қурбон АҲМАДЗОД

 

ХУНЗА –
ХАЛҚИ АЗ ҲАМА СОЛИМТАРИНИ ДУНЁ
Ҳама мехоҳанд, ки умри дароз бубинанд ва аслан бемор нашаванд. Мо худро муътақид месозем, ки дар  рафти зиндагӣ коре бикунем то ба 80 - 90 сол умр ба сар барем. Аммо дар дунё як халқи дарозумре ҳаст, ки бемориро ёд надорад ва ҳадди ақал яку ним баробар аз мо умри бештар мебинад. Ин қавми хунза ё ба таври дигар, қабилаи буришҳост ва дар водии рӯдхонаи якном дар марзи Покистону Ҳиндустон зиндагӣ мекунад. Одамони дарозумр дар минтақаҳои кӯҳсорони баланд мезиҳанд. Маҳали зиндагии хунзаҳо низ кӯҳсорони баланд аст. Ҳисоби миёнаи умри сокинони ин ҷо 120 сол мебошад. Ҳатто шахсоне ҳам ҳастанд, ки то 160 сол умр доранд ва бечуну чаро хунза – халқи маъруфи дарозумр низ ба ҳисоб меравад.
Хунза ягона халқест, ки ҳеҷ гоҳ бемор нашудааст. Ҳамеша саломат, ҷавон ва хушҳол менамояд. Далели аҷиб ин аст, ки халқҳои бо онҳо дар ҳамсоягӣ мезиста, аз ин неъмат бархӯрдор нестанд.
Ба ақидаи хунзагиҳо сабаби дарозумриашон тарзи ҳаёти солим, дуруст хӯрок хӯрдан, обутоби  ҷисмонӣ ва ба мушкилот сар нафаровардан мебошад.
Сардии 15 дараҷаи ҳаво барои онҳо чизе нест ва ин мардум дар ҳамин дараҷаи ҳаво дар обанбори кушода оббозӣ мекунанд.
Хунзагиҳо халқи серҳаракатанд, дар роҳаткат нишастан кори онҳо нест. Новобаста ба синну солашон ҳаракат  мекунанд, ба бозиҳои миллӣ машғул мешаванд ва ба ҳамин хотир, вазни зиёдатӣ надоранд.
Боз як далели аҷиб ин аст, ки занони хунза то 65 – солагӣ  қобилияти зодани тифлро доранд.
Тарзи хӯрокхӯрии ин қабила махсус аст. Онҳо гӯшт ва нӯшокиҳои  спиртиро умуман истеъмол намекунанд. Хӯроки асосиашон меваю сабзавот, инчунин, гандум ва панир мебошад.
Ин қавмро - қавми хомхӯр меноманд, хӯрокро ҳеҷ гоҳ намепазанд. Як мавсими гуруснагӣ доранд, ки баҳор аст. Муддати чор моҳ ба ҷуз шарбати мева чизеро истеъмол намекунанд. Танҳо шарбати аз зардолуи хушк тайёркардаро менӯшанд.
Таҳияи  Барноз  РАҲМОНШОЕВА


СТАЛИН ВА «ҒАМХОРӢ» - И ПРОФЕССОР
Баъд аз ҷанг Сталин маълумот мегирад, ки як профессори шинохта дар назди Москва барои худ бустонсарои боҳашамат сохтааст. Ӯро наздаш даъват карда, мепурсад:
- Рост аст, ки шумо бо маблағи калон барои худ бустонсаро сохтаед?
- Бале, рафиқ Сталин.
- Ин тавр бошад, аз номи хонаи бачагон, ки шумо бо пули шахсӣ бунёд кардаву ба давлат туҳфа намудаед, сидқан изҳори сипос менамоям. Дар ҷавоб ба "ғамхориҳо"-ятон минбаъд дар Новосибирск дарс хоҳед дод.

Тарҷумаи Меҳрона ЗУВАЙДОВА


ТЕЛЕПОРТАТСИЯ ВА ҶОМАИ НОАЁН
Телепортатсия ва ҷомаи ноаёнро аслан дар филмҳои фантастикӣ мебинем. Аммо олимони бузурги физика  чунин меҳисобанд, ки  ин ҳама  дар соли 2100 ба воқеият ва амали муқаррарӣ табдил  меёбад. Физикҳои коллеҷи империяии Лондон ва Донишгоҳи Глазго андеша доранд, ки дар ин кор аз технологияи филмҳои «Роҳи каҳкашон», «Бозгашт ба оянда» ва «Гари Поттер» истифода мегардад. Телепортатсияи инсон бо атом хеле мураккаб, аммо имконпазир аст. Дар ин кор дастовардҳои технологӣ,  кимиё ва биологияи молекулӣ ба мо кумак хоҳанд кард,- мегӯянд олимони соҳа.
Ба гуфтаи онҳо андак пештар аз ин ҷомаи ноаён пайдо мешавад.
- Мо аз воқеияти ин гуфтаҳо чандон дур нестем. Фарзияҳои технологияи  барвақтӣ аллакай  сохта шудаанд, - мегӯяд Крис Филипс, профессори  коллеҷи Лондон.
Таҳияи Фарзона ФАЙЗАЛӢ


Назария – яъне ҳама чиз маълум, вале ҳеҷ чиз амал намекунад. Амалия – вақте ҳама чиз кор мекунад, вале ҳеҷ кас намедонад, ки барои чӣ? Моем, ки назарияро бо амалия якҷо мекунем: ҳеҷ чиз кор намекунад ва  касе намедонад, ки барои чӣ?
ЭЙНШТЕН

 

АЗ ОРЗУ ТО ҲАҚИҚАТИ ПАРВОЗ
Инсоният аз қадим орзуи парвоз мекард, ки он дар афсонаву ривоятҳои қадимаи халқҳои ҷаҳон инъикос ёфтааст.
Ҳанӯз тақрибан соли 400 то милод файласуф, математик, астроном ва арбоби давлатӣ Архити Тарентӣ аввалин апарати паришро сохт, ки ба парандае монанд буд. Он «кабӯтар» (Peristera) номида шуд ва то 200 метр парвоз мекард.
«Чароғи паррон» (чароғ бо болопӯши коғазӣ) ё кураи ҳавоии бо ҳавои гарм пуркардашуда ҳанӯз дар асри 3 то милод дар Хитойи Қадим истифода мешуд. Соли 559 дар шоҳигарии Вэйи Шимолӣ (Хитой) аввалин одам дар бодпарак парвоз кард.
Соли 852 дар хилофати Кордова (Испанияи Ҷанубӣ), дар замони ҳукмронии амир Абдураҳмони II (аз Умавиҳо) олим ва ихтироъкори араб Аббос ибни Фарнас матоъҳоро ба чорчӯба кашида, асбобе чун чатр сохт ва аз манораи Масҷиди Бузург ба поён парид. Ин сохти аввалин парашют маҳсуб мешавад. Пас аз 25 сол Ибни Фарнаси 65 - сола ин ихтирои худро такмил дода, аввалин далтеплани идорашаванда сохт, ки бо он даҳ дақиқа парвоз кард. Ин парвози Ибни Фарнас рӯҳонии англис Эймлери Малмсбериро илҳом бахшид ва ӯ соли 1010 асбоби париши ба далтеплан шабеҳро сохт, ки то 200 м парвоз мекард. Пас аз панҷсад соли ин ҳодиса рассом, ҳайкалтарош, меъмор ва олими италиявии замони Эҳё - Леонардо да Винчи аввал нақшаи далтеплан ва соли 1496 худи онро сохт.
Таҳияи М. ХОЛОВ

 

ЧУ МО ШАВӢ, БИДОНӢ
Аз адибе ба ҳангоми вохӯрӣ як ихлосмандаш суол мекунад, ки ошиқӣ чист. Ӯ мегӯяд: - Ба ин суоли шумо ҳанӯз дар асри 12 Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ посухи зебо гуфтааст:
Пурсид яке, ки ошиқӣ чист,
Гуфтам, ки чу мо шавӣ, бидонӣ.
А. РАҲИМ

 

ШИНОСОИЕ, КИ ҲАЁТИ МӮЙСАФЕДИ БЕКАСРО КУЛЛАН ТАҒЙИР ДОД
Раймундо Арруда Собрино, мӯйсафеди 77-солаи бехонаву дари (бомж) бразилиягӣ, ҳарчанд дар кӯчаву паскӯчаҳо ба хорӣ ба сар мебурд, беш аз 35 сол қалам ба даст дар варақпораҳо шеъру ҳикоя эҷод мекард. Ӯ умед дошт, ки рӯзе фаро мерасаду нигоштаҳояшро касе мехонад.
Пас аз гузашти муддатҳои тӯлонӣ - соли 2011, вақте пирамард бо Шалла ном зане шинос мешавад, зиндагии ӯ ба куллӣ тағйир меёбад. Шалла, ки дуру дароз рафтори марди бехонаро назора мекард, аз тааҷҷуб бо ӯ шинос мешавад. Вале, ҳангоме ки ин бонуи зебо яке аз шеърҳои ошнои пирашро мутолиа менамояд, ба ваҷд омада, онро дарҳол таввасути сомонаи Facebook дар саҳифаи алоҳида ба оламиён паҳн мекунад.
Бахт ба рӯи мӯйсафед хандид: дар як муддати кӯтоҳ офаридаҳояш сазовори таҳсину мақбули дилҳо гаштанд. Муҳимтар аз ин, дар зиндагии ӯ боз воқеаи дигари фараҳбахше рух дод. Бародаре, ки солиёни зиёд аз ӯ дарак набуд, тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ Раймундоро пайдо кард ва ҳоло онҳо дар хонаи боҳашаммате зери як бом, дар ҳалқаи пайвандону наздикон, умр ба сар мебаранд.  
Тарҷумаи
Меҳрона ЗУВАЙДОВА

 


Як панд
На ҳама чиз харида ва фурӯхта мешавад. Масалан, харидани хушбахтӣ ва фурӯхтани ғам ғайриимкон аст.

 


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ ДАР ЮНОНИ ҚАДИМ
(Идома аз «Шоми шанбе»-и гузашта)
Ширкат дар бозиҳо
Дар бозиҳо се меъёри ширкат мавҷуд буд: ширкаткунандаҳо бояд аз ҷинси мард, юнонӣ ва одами озод бошанд. Занон, ғуломон ва шаҳрвандони хориҷӣ ба бозиҳо роҳ дода намешуданд.
Ба зӯрозмоиҳо танҳо варзишгарони ғайрикасбӣ ҳаққи иштирокро доштанд. Аксари  варзишгарони ширкаткунанда дар зӯрозмоиҳо аз хонаводаҳои сарватманд буданд ва дар баробари эшон бархе варзишгарон аз оилаҳои миёнаҳол низ роҳ меёфтанд. Бо гузашти замон ҳолат тағйир кард ва бештари варзишгарон касбӣ гардиданд. Пас аз тасарруфи Юнон аз тарафи Рум дар соли 146 то эраи мо ба румиҳо имкон дода шуд, ки ба варзишгарони юнонӣ ҳамроҳ шаванд. Баъдтар аз ҳисоби варзишгарони хориҷие, ки шаҳрвандии Румро пазируфтанд, доираи ширкаткунандагон тавсеа ёфт.

Бозиҳо барои занҳо
Сарфи назар аз он, ки занҳо ба Бозиҳои олимпӣ роҳ дода намешуданд, бо варзиш машғул мегардиданд. Дар Олимпия барои духтарон бозиҳое, ки номи Герай ба шарафи олиҳа Гери, завҷаи Зевсро дошт, баргузор мегардид. Мусобиқаҳо дар чор сол як маротиб доир мешуданд ва духтарон дар намуди давидан зӯр меозмуданд.

Фиреб ва ҷарима
Бархе аз варзишгарон на ҳамеша савгандашонро риоя мекарданд ва бо истифода аз қоидаҳои манъшуда мекӯшиданд дар мусобиқот пирӯз гарданд. Ба ин намуди фиреб муҷозот муқаррар шуда буд ва варзишгарони ҳаромбоз ҳатман ҷарима месупурданд. Маблағи аз ҷарима бадастмеомада барои бунёди муҷассамаи Зевс, ки бо номи «Зани» маъруф буд, сарф мегардид. Ин муҷассамаҳо дар канори гузаргоҳе, ки ба самти варзишгоҳ мебурд, насб мешуданд. Дар пояи ҳар кадоме аз онҳо номи варзишгари фиребдиҳанда инъикос мегардид. То ба ҷойи баргузории мусобиқаҳо варзишгаронро лозим меомад аз паҳлуи муҷассамаҳо бигзаранд. Дидани ин манзараҳо онҳоро ҳушдор медод, ки аз амали номатлуб ва ҳаромбозӣ даст кашанд.
Таҳияи Раҷабалӣ
ИСМАТУЛЛОЕВ

 


МАЧУ - ПИКЧУ –
ҚАДИМТАРИН ШАҲРИ АМРИКОИ ҶАНУБӢ
Мачу - Пикчу, ки маънояш аз забони мардуми бумӣ «қуллаи куҳна» мебошад, яке аз шаҳрҳои қадимтарини Перу буда, дар соҳили баҳри Урубамби, дар баландии 2450 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир аст. Соли 2007 он ҳамчун муъҷизаи нави олам эътироф мегардад. Онро «шаҳр дар осмон» ва «шаҳр дар байни абрҳо» низ ном мебаранд. Шаҳрро соли 1911 Хайрам Бингем, профессори Донишгоҳи Йели Иёлоти Муттаҳидаи Амрико кашф кардааст.
Ба андешаи бостоншиносон онро соли 1440 сарвари қабилаи инкҳо ҳамчун қароргоҳи империяаш бунёд менамояд. Шаҳр аз 200 бино иборат буда, аз сангҳои шаффоф сохта шудааст. Дар қисматҳои ғарбӣ ва ҷанубу шарқии шаҳр ибодатгоҳ ва маҷмӯи қасрҳо ҷой гирифтаанд. Чунон ки муаррихон иброз медоранд, роҳҳои Мачу - Пикчу намунаи баланди санъати меъмории инкҳо ба шумор мераванд, зеро онҳо аҳамияти стратегӣ доштанд.
Мачу - Пикчу соли 2012 ба мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО шомил шуд.  Баъд аз ин шаҳр дар маркази таваҷҷуҳи оламиён қарор гирифт. Тибқи маълумотҳо ҳар рӯз ба ҳисоби миёна 2500 сайёҳ ба ин ҷо меояд. 
Таҳияи Меҳрангез ҚОДИРОВА

 


"СТЕЛЛЕР" ЧӢ БОШАД?
Понздаҳ сол қабл ба маҷаллаи «Вокруг света» аз Шарқи Дур хабарҳои ҳайратангез пайи ҳам мерасиданд. Гӯиё одамон дар минтақаҳои гуногуни соҳилҳои Камчатка, ҷазираҳои Командор ва дигар ноҳияҳои соҳилӣ говҳои баҳрӣ, бале, ҳамон говҳои бо номи "Стеллер" машҳурро, ки дар миёнаи дуюми асри XVIII қир шуда буданд, дида бошанд. Вале зоологҳо В. Е. Соколов, В. Г. Гептнер, С. К. Клумов ва дигарон ба мавҷудияти "Стеллер" шубҳа намуданд, ҳатто муаллифони мақолаҳоро оид ба говҳои баҳрӣ зери тозиёнаи танқид гирифтанд.
Ва боз номае омад… Метеоролог В. Ю. Коев иброз доштааст, ки дар хусуси ҳайвоноти баҳрию баррии Камчатка далелҳои зиёде дорад ва бо итминон гуфта метавонад, ки дар димоғаи Шона "Стеллер" – гови баҳриро дидааст. Вай оҳиста шино карда, обсабзҳоро фашар – фушур хоида фурӯ мебурд. Ба кит, тюлен, наҳанг, шеру гурбаҳои баҳрӣ ва морж монанд набуда, тани бузурги сеюнимтоннагиаш ба панҷ метр мерасид. Думи дарозаш диққати маро ба худ кашид, зеро дигар махлуқони обӣ чунин дум надоштанд. Сараш низ ба каллаи гов шабоҳат дошт.
Имрӯз олимон мегӯянд, ки чӣ лозим дар бобати ҳайвони қиршудаи аз байн рафта  аз нав руҷӯъ кардан. Чаро? Зеро ин воқеаи нанговар аст барои онҳо. Рӯзи сешанбе, 4 июни соли 1741 киштии  «Пётри  Муқаддас» аз бандари Петропавловски нимҷазираи Камчатка бо мақсади ташхиси соҳилҳои дуртарини шимоли уқёнуси Ором бодбонҳояшро барафрохт. Ба он Витус Беринг фармондеҳ буд. Аз ҷумла, мехостанд бидонанд, ки Сибир бо қитъаи Амрико роҳи хушкӣ дорад ё на. Фармондеҳ ва қисми зиёди маллоҳон дигар ба ватан барнагаштанд. Ҳамроҳи онҳо Георг Вилгелм Степлер, табиб ва ягона табиатшиноси немис, низ шино мекард. Қисми аввали саёҳат бо муваффақият анҷом ёфт. Онҳо соҳилҳои ғарбии Аляскаро таҳқиқ намуданд, аммо дар бозгашт фоҷиа рӯй дод.
Қариб аксариятро бемории синга (исқорбут) аз по афтонд. Маҷбур шуданд, ки дар як ҷазираи тамоман ношинос қарор гиранд. Ин ҷазира ҳоло Беринг ном дорад. Дар чунин шароит Степлер бо гови баҳрӣ, ки то ин вақт барояш номаълум буд,  рӯ ба рӯ зад.
 «Агар аз ман мепурсиданд, ки чанд сар буд дар ҷазираи Беринг, фавран мегуфтам: онҳо беҳисоб буданд, шумурданашон аз имкон берун …» - нависта буд дар ёддоштҳояш Степлер.
Гови баҳрии шимолӣ бо намудҳои ламантину дюгон ҳамҷинс бошад ҳам, чун онҳо пӯсти шаффофи нарм надошт, балки  пӯсти баданаш дағалу пурчин ва серожанг буд, аз ин рӯ, «Rythina stelleni», яъне «Стеллери пурожанг» ном гирифт. Асосан дар ҷазираҳои Командор мезист, аз гӯшти ҳамин гов маллоҳону олимони дастаи Беринг барои худ ғизо омода мекарданд ва аз марги гуруснагӣ наҷот ёфтанд. «Мо онҳоро ба воситаи чангакҳои калони оҳании лангармонанд медоштем, гӯшти хеле болаззат доштанд», - баъдтар ба хотир овардааст Степлер. 
Маллоҳон ба Камчатка бо 800 дона пӯсти гов баргаштанд, ки бисёр моли пурқимат ба ҳисоб мерафт. Ва ҷазираҳои Командор ба шикоргоҳ табдил ёфт. Дар як сол се шикорчӣ 11 ҳазор пӯсти рӯбоҳ ва ҳазор адад пӯсти қундузи патдор омода сохтанд ва аз дасти онҳо дар соли 1786 ягон сар гови баҳрӣ зинда намонд. Вале соли 1879 профессори швед А. Норденшелд маълумот гирд оварда, иттилоъ додааст, ки чанд сар аз говҳои баҳрии стеллер ба ҳар ҳол маҳфуз мондаанд. Аммо ба ин маълумот бисёриҳо бовар накарданд ва дар қир шудани говҳои баҳрӣ олимонро, ки дар борааш маълумот додаанд, гунаҳкор меҳисобанд. Кӣ медонад, шояд говҳои баҳрӣ – стеллерҳо аз нав эҳё шуда бошанд? Кош чунин мебуд.

Қурбон МАДАЛИЕВ,
тарҷума аз русӣ

 

14 МАВЗЕЕ, КИ БА НОМИ ҶАҲОНГАРДОНИ БУЗУРГ ГУЗОШТА ШУДААСТ
7. Гулӯгоҳи Беринг
Гулӯгоҳ, ки тавассути он сарҳади обии Федератсияи Русия ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико гузашта, қитъаҳои АвруОсиё ва Амрикои Шимолиро аз ҳам ҷудо менамояд, номи Витус Берингро дорад.
Витус Беринг, ки афсари флоти баҳрии Русияи подшоҳӣ буд, дар асри ХVIII ҳангоми саёҳат ба Камчатка якчанд ҷазираи Алеутро кашф кард.
Ӯ аввалин муҳаққиқи аврупоӣ мебошад, ки соли 1728 гулӯгоҳи мазкурро тай намуд ва, ба ин хотир, он номи дарёнаварди машҳурро гирифт.
Тарҷумаи Ш. ШОКИР


АНДАРЗҲО
Ҷавонию миёнасолиямонро бояд ба Ватан бубахшему пириямонро ба худ.
Плиний

Тамаъкорӣ беҳтарин эҳсосоту амалҳои одамӣ, ба монанди муҳаббат ба Ватану оила, хайрхоҳию тозакориро маҳв месозад.
Саллюстий

Ҳамеша умедвор будану ҳеҷ гоҳ ноумед нашудан – ин аст хусусияти инсони дорои дили бузург.
Флор
Таҳияи Қ. МАҶИДЗОДА

 

ЧӢ ХЕЛ «РОДИНА» «ПОБЕДА» ШУД?
Вақте нақшаи сохтмони автомобили «Победа» акнун тарҳрезӣ мешуд, дар назар буд номи он «Родина» гузошта шавад.
Сталин аз ин хабар ёфта, бо қатъият мепурсад:
- Хайр, «Родина» («Ватан»)-ро бо кадом нарх хоҳед фурӯхт?!
Баъди ин фавран номи автомобил ба «Победа» табдил дода шуд.
Таҳияи Лола РИЗОЕВА


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.09.2017    №: 195    Мутолиа карданд: 375

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед