logo

иқтисод

ЗАМИН. КОМИССИЯҲОИ ҶАМЪИЯТӢ ДАР ТАҚСИМОТИ ОН БА КАМБУДИҲО РОҲ ДОДААНД

Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳисобгирии давлатии миқдори заминҳо, тадқиқоти калонҳаҷми хок, баҳои замин, тадқиқоти геоботаникии чарогоҳҳо, бақайдгирӣ ва барасмиятдарорӣ, азнавташкилдиҳӣ ва таҷдиди корхонаҳои кишоварзӣ, ташкили шаклҳои нави хоҷагидорӣ, типографӣ – геодезӣ ва харитасозиро хуб ба роҳ мондааст. Бо саъю талоши кормандони кумита дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ аз ҳисоби заминҳои партову чарогоҳ 3463 гектар, аз ҷумла 3407 гектар замини обӣ, ба гардиши кишоварзӣ дохил шудааст. Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ Раҷаббой Аҳмадзода дар ин бора чунин гуфт:
- То 1 июн дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 2558 гектар боғу токзори нав бунёд шуда, 6021 гектар, аз он 3647 гектар замини обӣ, ба гардиши кишоварзӣ ворид гаштааст. Барои беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳои обёришаванда аз сарчашмаҳои гуногуни маблағгузорӣ истифода мешавад. Аз таҳлилҳо маълум гардид, ки дар 5 соли охир 2170 гектар замини партов ба гардиши кишоварзӣ ворид гардида бошад ҳам, иҷрои корҳо дар ин самт дар баъзе шаҳру ноҳияҳо нокифоя аст. То 1 июли соли равон аз 29668 гектар замини барои қитъаҳои наздиҳавлигӣ ҷудогардида, 20340,36 гектар замин ба эҳтиёҷмандон тақсим шудааст, ки 69 дарсадро ташкил медиҳад.
Ошкор гардид, ки дар тақсими замин барои қитъаҳои наздиҳавлигӣ комиссияҳои ҷамъи-ятии баъзе шаҳру ноҳияҳо ба камбудиҳо роҳ додаанд. Дар натиҷаи санҷишҳои гузарондаи кормандони кумита қариб 7 ҳазор ҳолати вайронсозии қонунгузории замин ошкор шуд. Нисбат ба 6315 ҳолат дастур ва нисбат ба 5730 ҳолат протоколу қарорҳои ҷаримабандӣ қабул гашта, ба қонуншиканон 2 миллиону 212 ҳазор сомонӣ ҷарима баста шудааст.
Барои додани баҳои ҳуқуқӣ 412 санад ба прокуратура, 313 санад барои ба таври маҷбурӣ ситондани маблағи ҷарима ба суд ирсол гаштааст. Мавриди зикр аст, ки дар ин давра 178438 хоҷагии деҳқонӣ ташкил ёфта, ислоҳоти соҳа дар арафаи баанҷомрасӣ мебошад.
Корхонаҳои давлатии фаръии кумита  беш аз 260 ҳазор сертификати ҳуқуқи истифодаи замин додаанд, ки 3640 – тоашро хоҷагиҳои деҳқонӣ соҳиб шуданд.
Муассиса ва корхонаҳои кумита фаъолияти назаррас нишон дода, дар нимсола, аз ҷумла «Фазо» ба маблағи 656 ҳазор, «Тоҷикзаминсоз» 596 ҳазор, корхонаҳои воҳиди давлатии аэрогеодезии Душанбе, Суғд, Хатлон, Бадахшон ва «Фабрикаи харитасозӣ» 1 миллиону 508 ҳазор сомонӣ корҳоро иҷро кардаанд.
Мирзои ФИРӮЗ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.09.2017    №: 195    Мутолиа карданд: 485

16.07.2019


ХАДАМОТИ АЛОҚА. Корти ID симкорти муштариро ба расмият медарорад

ЭНЕРГЕТИКА. 2,5 миллиард сомонӣ қарзи дебитории "Барқи тоҷик" муаммои ҳалталаб боқӣ мемонад

15.07.2019


Сарвазири Корея ба Тоҷикистон меояд

Баррасии масъалаҳои ҳамгироии САҲА, СҲШ ва ИА дар минтақаи Осиёи Марказӣ

Нахустин шумораи маҷаллаи «Осиё ва Аврупо» аз чоп баромад

ДТТ. Изҳори нигаронӣ аз вазъи бо кор таъмин шудани хатмкардаҳо

ТИБ. 288 номгӯи доруи ғайристандартӣ ошкор шуд

11.07.2019


Шиносоии Қоҳир Расулзода бо сохтмон ва навсозии шоҳроҳи Душанбе – Бохтар

10.07.2019


Нодиртарин "Девон" - и Навоӣ дар Хуҷанд

Бунёди нахустин пойгоҳи ҷаҳонии шабакаи атмосферии Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ

Иттиҳоди Аврупо барои кишварҳои Осиёи Марказӣ 72 миллион евро ҷудо мекунад

Матвиенко: "Дар бозори Россия қариб тамоми об қалбакӣ будааст"

Ҷаҳон дар як сатр

08.07.2019


Баррасии ҷараёни иҷрои Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонон

"Душанбе - қалби Тоҷикистон"

Ҳамоиш оид ба таҳияи маҳсулоти сайёҳӣ

Россия нахусткайҳоннаварди арабро бо ғизои махсус таъмин месозад

Зиёни иқтисодии Гурҷистон аз коҳиши сайёҳони рус беш аз $700 миллион хоҳад шуд

Дар Қазоқистон то соли 2021 нияти ифтитоҳи 20 мактаби олӣ ва 180 коллеҷро доранд

СММ: "Қирғизистон нахустин кишварест, ки мушкили бешаҳрвандиро ҳал кард"

Зеленский пурра иҷро кардани созишномаи Минскро ваъда дод

Ҷаҳон дар як сатр

04.07.2019


Ҷаласаи Комиссияи муштараки ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Покистон

Масъалаи татбиқи ҳамгироии сиёсати давлатии ҷавонон баррасӣ гардид

ФУТБОЛ. Чемпионати АФОМ дар Тоҷикистон мегузарад

Омӯзгоронро барои кор дар Тоҷикистон ва Қирғизистон интихоб менамоянд

Сарвазири Италия пазироии самимии Путинро ваъда кард

Дар Минск паради низомӣ бахшида ба Рӯзи Истиқлолияти Беларус доир гашт

Путин шартҳои муколамаи Москва ва Киевро ном бурд

Суд ба маъмурияти Трамп истифодаи маблағи Вазорати мудофиаро барои деворсозӣ манъ намуд

Ҷаҳон дар як сатр

02.07.2019


Тақвияти ҳамкориҳо бо БАТР

Мулоқоти Исматулло Насредин бо Умар Аюб Хон

Озмунҳои «Маҳаллаи беҳтарин» ва «Кӯчаи беҳтарин» баргузор мешаванд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед