logo

фарҳанг

ШОҲИ САҲНА

Бардошт аз ҷашнвораи театрӣ ба ифтихори 60 - солагии фаъолияти эҷодии Ҳошим Гадо
Бо амри тақдир соле чанд дур аз Ватан дар кишвари дигар кор кардам ва баъди бозгашт ба Душанбеи маҳбуб басо навигарӣ дар кӯчаҳои пойтахт дар-ёфта, аз ин озодагию ободиҳо – фаввораю гулгашту хиёбонҳо, сохтмони биноҳои истиқоматӣ, ки қасрро мемонданд, шод гаштам. Ҳанӯз ба бинои Театри академии драмаи ба номи А. Лоҳутӣ нарасида, аз садои баланди карнаю дойра гумон кардам, ки табли ягон намоишномаи нав мезананд. Аммо дар болои даромадгоҳи театр портрети азими чеҳраи ошною азизи кулл - актёр ва коргардони маъруф, Ҳунарманди халқии ҶШС Тоҷикистон, Ҳунарманди халқии ИҶШС, барандаи ҷоизаҳои давлатии ИҶШС ва ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, дорандаи ордени “Ситораи Президенти Тоҷикистон” Ҳошим Гадоро дидам. Дар лавҳа хондам, ки дар театр намоиш бахшида ба 60 - солагии фаъолияти эҷодии ин нобиғаи саҳнаи тоҷик баргузор мешавад.
Ростӣ, ифтихор аз кишвар, аз Ҳошим Гадо, аз худ ва ҳама тоҷикистониҳо кардам, ки Ватанамон фарзандони фарзонаи худро нодида намегирад ва саҳми арзандаашонро дар рушду ободии диёр арҷ мегузорад, санаҳои фархундаи ҳаёти шахсиятҳои барӯманде амсоли Ҳошим Гадоро бо шаҳомат таҷлил месозад. 
Андаруни театр шефтагони ҳунари волои Ҳошим Гадо торафт меафзуданд. Диққати маро китобҳое ҷалб намуданд, ки ба маъраз гузошта буданд. 133 ҷилд китоби Ҳошим Гадо, ки солҳои истиқлолият иншо кардааст.
Соли 1999 Ҳошим Гадо нақши шоҳ Исмоили Сомониро офарид ва порае аз онро дар варзишгоҳ бибозид: бо қабои шоҳона ба бару тоҷ ба сар чолок савори аспи сафед шуд дар мушоиати аҳли рикоб ва ин ҳама шаҳомату салобат ҳазорон тамошобинро ба ваҷд оварду нидоҳои “Ҳошим Гадо... Исмоили Сомонӣ” ба фалак печиданд. Он рӯз банда ҳам дар варзишгоҳ будам ва ин манзараи дилошӯб дар хотирам якумрӣ нақш бастааст.
Пас аз “Исмоили Сомонӣ” Ҳошим Гадо чун коргардон спектакли “Рӯдакӣ” - ро рӯи саҳна овард, ки он боиси баҳсу гуфтугӯи зиёд гашт ва дар фестивали байналмилалӣ он ҷоизаи аввалро гирифт...
Занги даромад садо дод ва китобҳоро ба ҷояшон гузошта, сӯи толор рафтам. Дар они воҳид чунон аз тамошобин пур шуд, ки ҳатто дар балконҳо ҷойи сӯзанпартоӣ намонд. Намоишро гурӯҳи актёрҳо бо либоси фохир, ки ҳамроҳ бо саҳна чарх мезаданд, оғоз карданд. Миёни онҳо шоҳи саҳна Ҳошим Гадо барҷаста буд, ки дар тан фрак бо гарданбанди сафед дошту дар сар дастори сафеди хотамкорӣ. Дар чапи саҳна тахти шоҳӣ гузоштаву наздаш сарбози зиреҳпӯш омодаи ҳифзи шоҳи худ. Ҳошим Гадоро бо эҳтироми зиёд назди тахт оварданд ва ӯ бо салобати хосса ба он нишаст.
Садои мусиқии дилфиреби итолиёӣ баланд шуд ва дар толор овози марғӯладори сарояндаи машҳури опера Адҳам Холиқов, ки дар Милани Италия сабақи ҳунар гирифтааст, танинандоз гашт. Ин суруди пурхурӯш ва ҳамзамон мутантани итолиёӣ эҳдо ба соҳибҷашн буд. Пас аз анҷоми суруд Адҳам Холиқов бо арзи эҳтиром бо як зону назди ҳамкасби номии худ нишаст. Ҳошим Гадо даст ба истиқболи ӯ дароз кард ва ҳар ду баробар ба по шуданд. Басо гуворо буд дидани оғӯшгирии бародаронаи ду шахсияти бузурги санъати тоҷик.
Намоишнома хеле ҷолиб тарҳрезӣ шуда буд. Ҳошим Гадоро ҳама театрҳои ҷумҳурӣ, аз ҷумла театри лӯхтак, табрик карданд ва ҳар кадом саҳнае аз нақшҳои Ҳошим Гадоро аз намоишномаҳо мебозид. Ҳамзамон, бо намоишнома дар экрани саҳна порчаҳо аз филму спектаклҳо намоиш меёфтанд, ки дар онҳо нақши асосиро соҳибҷашн бозидааст. Ҳама театрҳо ниҳоят хуб бозиданд. Лекин ба ҳозирон бештар намоишномаи театри драмаи Қӯрғонтеппа писанд омад, ки порае аз спектакли “Муфаттиш” - ро манзури тамошобинон кард. Замоне дар он Ҳошим Гадо нақши Хлестаковро бозида буд.
Соҳибҷашни дар тахт нишаста магар ҳамон солҳоро ёд овард, ки ба намоиш ҳамроҳ шуд. Ба вай чун ба “муфаттиш” мансабдорони ба даст афтода аз кисаҳо дастаҳои пулро бароварда меқапонданд, “муфаттиш” Ҳ. Гадо бошад, бо як даст рӯяшро пӯшонда, бо дасти дигар саросема пулҳоро гирифта ба кисаҳояш мехаст. Ҳамзамон, мушоҳида мекард, ки оё ҳама пул додаанд ва бо ишора мегуфт, ки алҳол на ҳама додаанд ва ҳамоно боз пул мехост. Мансабдори охирин кисаҳои холияшро берун кард, ки дар он фақат рӯймолча монда буд ва онро гирифта арақи пешонияшро пок намуд. “Муфаттиш” онро ҳам чанг зада гирифту ба киса зад. Ин лаҳза басо хандаовар буд ва ба фикрам, худи Гогол ҳам аз чунин хатм ба ваҷд меомад.
Портфели машҳури Ҳошим Гадо низ намоиш дода шуд, ки акнун дар дарунаш чун собиқа на гантелҳо, балки китобҳо буданд, ки алъон Ҳунарманди халқии ИҶШС дар кӯчаҳо гаштугузор карда, ба мардум китоб – донишу маърифат мебарад, ки барои такомули ҳар яки мо заруранд.
Намоишнома анҷом ёфт ва Ҳошим Гадо аз тахт рост шуда ба сар кулоҳи масхарабоз пӯшид ва ба ҳунармандони саҳнаи чархзананда ҳамроҳ шуд. Миёни ҳамкасбон даст сӯйи Осмон бардошт ва муноҷоти ҳунарманд дару девори театрро ларзонд.
Сипас соҳибҷашн ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ба тамошобинон барои таваҷҷуҳашон ба эҷодиёташ, барои қадрсозии заҳматаш баҳри шукуфоии фарҳангу санъати кишвар, барои табрикоти ҷашнҳояш изҳори сипос намуд. Дар ниҳоят муовини вазири фарҳанги ҷумҳурӣ Ибодулло Машрабов Ҳошим  Гадоевро бо ин ду санаи фархунда таҳният гуфт.
Аҳли толор ҳунарманди маҳбубро гулборон карданд. Аз ин намоиши олиҷанобу хатми зебои он ман дар ҳукми ҳаяҷону нишот будам ва суханони Ҳунарманди халқии ИҶШС Кирилл Лавров ёдам омад, ки гуфта буд: “Мегӯянд, ки театр мемирад. Аммо ман мегӯям, ки то замоне дар он ҳунармандоне мисли Ҳошим Гадоев ҳастанд, театр нахоҳад мурд!”

Евгений МОРОЗ,  рӯзноманигор, мунаққиди театр
Аз русӣ тарҷумаи Шамсиддини НАСРИДДИН


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.09.2017    №: 195    Мутолиа карданд: 483

20.02.2020


РУШДИ УСТУВОРИ ШАҲРСОЗӢ. ДАР ДУШАНБЕ ДОИР БА ИН МАВЗӮЪ СЕМИНАРИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДОИР ГАРДИД

ҶАМЪБАСТИ ДАВРИ ШАҲРИИ ОЗМУНИ "ДАСТАРХОНОРОӢ"

ДУШАНБЕ. ОМОДАГИҲО БА ҶАШНИ НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

НОҲИЯИ ДЕВАШТИЧ. МУЛОҚОТИ ИНТИХОБКУНАНДАГОН БО ГУРӮҲИ КОРИИ КМИ ҲХДТ

РАШТ. ҲАМОИШИ СОБИҚАДОРОНИ ҶАНГУ МЕҲНАТ

ГӮШТӢ. МЕДАЛИ БИРИНҶИИ ПАҲЛАВОНИ ТОҶИК АЗ ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ

ДАР ӮЗБЕКИСТОН ҲАМА АГЕНТИИ ХУСУСИИ ШУҒЛРО МЕБАНДАНД

ҚАЗОҚИСТОН: 90 ПАРВАНДАИ ҶИНОЯТӢ БАЪДИ БЕТАРТИБИҲО ДАР ҶАНУБИ КИШВАР

ДАР УХАН БОЗ 12 БЕМОРХОНАИ МУВАҚҚАТӢ БАРОИ БЕМОРОНИ COVID-19 КУШОДАНД

ПЙЕР ВИМОН: «ТАҲРИМОТИ ЗИДДИРУСӢ БАР ЗАРАРИ ХУДИ АВРУПО ШУДАНД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ КОМИССИЯ ОИД БА ОМОДАГӢ БА МАВСИМИ «ҲАҶ-2020»

КОДЕКСИ ОБ ИСТИФОДА ВА ҲИФЗИ ЗАХИРАҲОИ ОБИРО БА ТАНЗИМ МЕДАРОРАД

МАСОИЛИ ГУСТАРИШИ РОБИТАҲОИ ФАРҲАНГӢ МАТРАҲ ШУДАНД

КОНФРОНС БАХШИДА БА РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАБОНИ МОДАРӢ

ЛИЖАРОНӢ. ҒОЛИБОН МУАЙЯН ШУДАНД

ДАР ӮЗБЕКИСТОН ДОДАНИ ЛИТСЕНЗИЯРО ТАҶДИДИ НАЗАР МЕКУНАНД

ҚАЗОҚИСТОН. 13 ФУРУДГОҲИ МАСИРИ ҲАВОИИ МАҲАЛЛӢ МЕСОЗАД

САРВАРИ ФЕЪЛИИ АФҒОНИСТОН АШРАФ ҒАНӢ БОЗ ПРЕЗИДЕНТ ИНТИХОБ ШУД

ТИҶОРАТ БАЙНИ ТОҶИКИСТОНУ ЧИН МОҲИ ЯНВАР ДУ БАРОБАР БОЛО РАФТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

18.02.2020


ВКД. 161 УЗВИ ТАШКИЛОТИ ТЕРРОРИСТӢ ДАСТГИР ШУД

ФАРХОР. ҲОЛАТИ ҒАЙРИМЕЛИОРАТИВИИ ЗАМИНҲО МАВЗӮИ ДОҒ БОҚӢ МЕМОНАД!

18 ДОЛОНИ ЗИДДИТАРМАВӢ СОХТА МЕШАВАД

БОНУВОНИ НОҲИЯИ МУРҒОБ – ҒОЛИБИ ДАВРИ ВИЛОЯТИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ДАСТАРХОНОРОӢ»

ГРЕНЛАНДИЯ ОБИ ПИРЯХҲОРО БА САВДО БАРОВАРДАНИСТ

ДАР БЕЛАРУС СОЛИ 2023 ИСТИФОДАИ ЗАРФҲОИ ПЛАСТИКИРО МАНЪ НАМУДАНИАНД

ПЕКИН ДАР 6 РӮЗ КОРХОНАИ НАВИ ИСТЕҲСОЛИ НИҚОБҲОИ ТИББӢ СОХТАНИСТ

ЧИН ВА АСЕАН ДАР МАСЪАЛАИ КОРОНАВИРУС ВОХӮРИИ МАХСУС ДОИР МЕКУНАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

17.02.2020


"РУШДИ ЧОРВОДОРӢ ВА ЧАРОГОҲҲО". ТАТБИҚИ ЗЕРЛОИҲАҲО

ШАҲРИНАВ. ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ МЕАФЗОЯД

ФАЪОЛИЯТИ 32 ГУРӮҲИ МУТАШАККИЛИ ҶИНОЯТӢ ҚАТЪ ГАРДИД

ҲАМКОРИҲО БО ШАРИКОНИ РУШД ТАҲКИМ МЕЁБАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед