logo

фарҳанг

АЙНӢ ВА "КОРГОҲ"-И ЗАБОНИ МОДАРӢ

ГУЛНАЗАР,   Шоири халқии Тоҷикистон


Айнӣ, ки дар арафаи Инқилоби Бухоро синнаш аз чиҳил гузашта буд, ҳанӯз Тоҷикистон ва қаламрави онро тасаввур карда наметавонист. То мухторият ва ҷумҳурияти Тоҷикистон солҳо мегузаранд. Аммо вай бо тамоми мӯярагҳояш эҳсос мекунад, ки ин миллат ҳаққи будан ва бунёд кардан дорад. Зеро дорои фарҳанги қадим ва ғанист ва касе тавони онро надорад, ки ин воқеиятро инкор кунад.

Айнӣ дар наврасӣ ва ҷавонӣ бо равшанфикрони замонаш суҳбатҳо оростааст, дар маҳфилҳои адабию илмии хонадони Шарифҷон Махдум бо фозилони давр Раҳматуллоҳи Возеҳ, Шамсиддини Шоҳин, Мирзоазими Сомӣ ва дигарон шиносоӣ пайдо карда, ҳамроҳи дӯсташ Мунзим мактабҳои усули ҷадид ташкил намудааст. Хулоса, мактаби бузурги навсозиро гузаштааст, ки ин ҳама батафсил дар «Ёддоштҳо» - и безаволаш сабт гардидаанд. Аммо акнун гап дар сари як ё ду шаҳр ва аҳолии он намеравад, акнун бояд бо қаламраве сару кор дошт, ки дар он ҳаммиллатони ту зиндагӣ мекунанд. Онҳо аз ҳам дур афтодаанд, парешонанд, аз гузаштаву ояндаи худ ҳатто огоҳии мухтасар надоранд, дар гӯшаи инзиво бо зорию хорӣ ба сар мебаранд.
«Барои ба хубӣ фаҳмидани аҳволи иқтисодӣ ва иҷтимоии кӯҳистон дар Фалғар, Мастчоҳ, Қаротегин ва умуман дар кӯҳистони шарқии Бухоро тафтиши ҷиддӣ, ҳам ҳисоботи муфассал лозим аст», - менависад устод Айнӣ дар мақолаи «Тоҷикони кӯҳистон». Вай иқрор мекунад, ки кӯҳистонро ба хубӣ намедонад, аммо аз тариқи суҳбат бо мардикорони кӯҳистонӣ то андозае аз аҳволи онҳо огоҳ гардидааст. Устод менависад: «Аҳолии кӯҳистон нисбат ба сойири ҷоҳои Туркистон бисёртар соҳиби хату савод ҳастанд. Дар аҳди куҳна мадрасаҳои Бухоро ва Самарқандро бисёртар талабаи тоҷикони кӯҳистон ишғол кардаанд. Аҳолии кӯҳистон умуман соҳиби заковат ва зеҳни софе буда, ба хондан зиёда муҳаббат доранд. Шеъру адабро дӯст медоранд».
Баъдтар устод Айнӣ аз миёни онҳо қаҳрамонони асарҳои бадеии худро интихоб мекунад. Одинаву Ятим аз кӯҳистонанд, Ёдгору Гулнори романи «Дохунда», персонажҳои «Ғуломон» мардуми ба истилоҳ Бухорои Шарқӣ ҳастанд. Тасвирҳои ҷаззоб ва хотирнишини асарҳои устод, аз Дараи Ниҳон сар карда, то саҳроҳои колхозӣ, ҳама манзараҳои кӯҳистони Тоҷикистонро ба ёд меоранд.
Адиби ватанпарвар аз инҳисори ҳаёти шаҳри Бухоро берун меояд ва ба паҳнои кишвараш қадам мениҳад. Баъди 75 дарраи ҷазои амири Бухоро дар Самарқанд зиндагӣ мекунад ва бар тақдири ҳаммиллатони худ меандешад. Онҳо парешонанд миёни дараҳо, кӯҳҳо, тагобҳо, водиҳо… «Пароканда лашкар наояд ба кор». Чӣ бояд кард? Боист даст ба қалам зад!
Муаллиф ин андешаро дар мақолаи «Акнун навбати қалам аст» инкишоф медиҳад ва менависад: «Қалам иборат аз хондан, навиштан, мусоҳибаҳои адабӣ кардан, ба ҳар гуна адабиёт ривоҷ додан, рӯзномаҳои муваққатӣ ва рисолаҳои фавқулодаро таълиф ва нашр кардан аст». Танҳо бо ин роҳ метавон миллатро ҳушёру бедор кард, дар роҳи зиндагии бошарофат ва пурнаҷобат омил сохт.
Аммо ин кори осон нест. Дар мақолаи «Танвири афкор» фиғони талхи устод Айнӣ ба осмони ҳафтум дакка мезанад: «Дар зарфи дусола инқилоб бадбахтона, мо, форсиён, ҳанӯз дар кӯчаи бехабарӣ тамошогарӣ мекунем, ҳанӯз матбуот ва рӯзномаро асбоби пулгирии ҷариданависон мепиндорем».
Ин овози ҳақиқат аз мақолаи «Сайфу қалам» боз ҳам талхтару андуҳангезтар ба гӯш мерасад: «… хусусан, рӯзномаи форсӣ, гӯё хонанда надорад. Чунончи, аз як сол зиёд аст, барои форсизабонони Туркистон маҷмӯаи «Шуълаи инқилоб» нашр мешавад. Аз шаҳри Самарқанд иддае хонанда дорад, ки эшон низ ба воситаи саъю кӯшиши саркорони ҳукумат ва фирқа ба майдон омадаанд. Аз сойири аҳолии форсизабонон, ки дар Ӯротеппа, Хуҷанд, Конибодом, Исфара ва ғайра ҳастанд, асари таваҷҷуҳе надидаем». Ва хулоса мекунад: «Ин камоли беэътиноии ҳамзабонони моро нишон медиҳад».
Дар ин гилаву озори устод Айнӣ як дунё ғамхорӣ ва дилсӯзӣ нисбат ба миллати хеш ниҳон аст. Адиби миллатдӯст мехоҳад зудтару бештар ҳамқавмони худро дар сафи миллатҳои пешрафтаи замон бубинад. Коҳилӣ, фориғболӣ, бепарвоии онҳоро мазаммат мекунад ва мегӯяд: «Фикри соиб ва хати ҳаракати дуруст пайдо намешавад эшонро, магар ба воситаи илму дониш. Илму дониш ҳосил намешавад, магар ба мактабу мадорис». Ва боз тавассути мақолаи «Дар роҳи барҳам додани бесаводӣ» ба ҳамватанонаш муроҷиат мекунад: «Ин як қазияи аз офтоб равшан аст, ки то кас соҳиби хатту савод ва дорои дониш набошад, агар дунё аз адолат пур шавад, боз ҳам беҳуқуқ ва маъзур хоҳем монд».
Устод Айнӣ, ки дар мақолаҳояш пештар аз «форсизабонони Туркистон» мегуфт, дар гузориши «Қавми тоҷик ва рӯзнома» мушаххастар навиштааст: «Фақиртарин ватандори Туркистон қавми тоҷик аст. Мазлумтарин қавми тоҷик бечорагон, коргарон ва деҳқонон аст». Дар ҳамин мақола омадааст: «Дар пас мондани тоҷикон аз дигар қавмҳои Туркистон, албатта, сабаб бисёр аст. Сабаби калон камсаъйии тоҷикон аст». Дар мақолаҳои устод Айнӣ, ки онҳо инкишофи батадриҷи Тоҷикистонро чун дар ойина инъикос мекунанд, чунин афсӯс ва гилаҳоро борҳо дучор меоем, ки ҳама барҳақанд.
Баъдтар чунин нидоҳои ҳасратомез аз забони қаҳрамонони «Дохунда», «Ғуломон» ва билхосса, аз забони персонажҳои воқеии «Ёддоштҳо» - и чаҳорҷилда пурсӯзу гудоз баланд мешаванд. Аммо  устод Айнӣ дар асарҳои бадеии хеш қаҳрамононашро батадриҷ аз оҳу афсӯс ба сӯйи мубориза, бунёдкорӣ ва навсозӣ мебарад, ки намунаи беҳтарини он фаъолияти Ёдгору Гулнор ва Муҳаббату Эргаш мебошад.
Дар очеркҳои мустанади «Канали Тӯқсанкорез», «Канали Марғедар», «Ду ҳашар», «Обёрӣ», достони «Ҷанги одаму об» ва ғайраҳо муаллиф дигар аз «камсаъйии тоҷик» шикоят намекунад, ифтихор дорад, ки ҳаммиллатонаш диёри бостонии худро бо заҳмати бунёдгарона ҷавонӣ мебахшанд.
Ҳамеша дар ғами ояндаи Ватан будан аз бузургтарин сифатҳои адиби миллатдӯст аст. Вай дар солҳои баъд ба унвони котиби Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон рафиқ Имомов нома навишта шиква мекунад, ки роҳбарон ба тарбияи мутахассисони ҷавон эътибор намедиҳанд. Онҳоеро, ки дар шаҳрҳои бузурги Русия касбу ҳунар омӯхтаанд, ҳамсоягони мо бо ваъдаи маоши хуб ва таъмини хонаи зист кашида мебаранд. Ҳол он ки Тоҷикистон ба чунин фарзандони мутахассисаш эҳтиёҷи бениҳоят дорад.
Дар мақолаи «Масъалаи кадррасонӣ масъалаи таъхирнопазир аст»  адиб аз пешрафтҳои Тоҷикистон сухан меронад. Аммо афсӯс мехӯрад, ки Ватани мо «бо ҳамаи кӯшиши партия ва ҳукумат, бо ҳамаи ин ки саҳми калоне аз бюҷети давлатӣ дар роҳи кадррасонӣ таъсис ва сарф шуда омада истодааст, аз ҷиҳати ба воя расидани кадрҳо нисбат ба бисёр республикаҳои бародарӣ дар қафост».
Бе ҳеҷ тардид бояд тазаккур дод, ки танҳо дили фарзандони миллатдӯст ва ватанпарвари воқеӣ ба ин андоза хун мешаваду нола мекунад. Дар рӯзҳое, ки душманони миллати тоҷик мушт ба сина мезаданд ва мавҷудияти ин миллати бофарҳангро инкор мекарданд, устод Айнӣ мардона ба майдон мебарояд, аз масоили мубрами зиндагии тоҷикон сухан ба миён меандозад, ҳаммиллатони худро даъват мекунад, ки ба эъмори Ватан камари ҳиммат бубанданд.
Айнии миллатдӯст аз рӯзҳои аввали фаъ-олияти баъдиинқилобӣ барои забони ягонаи адабӣ мубориза мебарад. Вай дӯстони ҳамқалами худро даъват мекунад, ки бо забоне асар эҷод кунанд, ки барои ҳамаи тоҷикон фаҳмо бошад. Забони ягонаи адабӣ замоне ба миён меояд, ки мактабҳо дар саросари кишвар аз рӯйи як низом ва китобҳои дарсии ягона фаъолият кунанд. Ҳар маҳал, ҳар ноҳия метавонад гӯиши худро ҳифз кунад ва ин сарвати бебаҳои мамлакат аст. Аммо забони адабӣ бояд ягона бошад.
Дар мақолаи «Дар бораи китобҳои мактабии тоҷикон» омадааст: «Дар шаҳри Самарқанд як забони тоҷикӣ маълум аст, ки он ба забонҳои ғайр махлут буда, ба таъбири «бӯқаламун» сазовор аст… Бинобар ин, моро лозим аст, ки дар китобҳои мактабии тоҷикон забони кӯҳистони тоҷикро қабул кунем». Бояд гуфт, ки дар тӯли баҳсҳои доманадори содакунии забони адабии тоҷик мавқеи устод Айнӣ ҳамин буд, ки дар боло омад. Вай беҳтарин вожаҳои мардуми ноҳияҳои гуногунро ҷамъ мекунад, мисли занбӯри асал накҳатҳои гулҳои худрӯи кӯҳистони Тоҷикистонро фароҳам меоварад, дар асарҳои худ ба кор мебарад, ба шогирдон намунаи ибрат мегардад, барои ояндагон роҳи дурусти инкишофи забони адабиро нишон медиҳад.
Воқеан, дар замоне, ки забон ҳанӯз аз тарзи таҳрири муғлақи мадрасавӣ, ибораву луғатҳои печида ва нолозими арабӣ озод нагардида буд, даъвати тоза кардани забон, сода ва оммафаҳм гуфтан, аз забони зиндаи мардум истифода кардан ҷасорати надидаву нашунида аст.
Аз ибтидо бо забони ягонаи адабии қавмҳои дар дараву водиҳо парешони тоҷик эътибори ҷиддӣ додани Айнӣ бесабаб набуд. Қафомонии иқтисодиву иҷтимоӣ, набудани роҳу нақлиёт, ҳукмронии гӯиш ва диалектҳои мухталия ба ваҳдат ва ягонагии миллӣ халал меоварданд. Забони адабӣ бояд ба сокинони ҳама шаҳру ноҳияҳо фаҳмо бошад, то онҳо бо ин забон дарди дили худро гӯянд, аз авзои мамлакат бохабар бошанд. Гуфтаҳои устод Айнӣ моҳияти фавқулодаи худро ҳанӯз ҳам аз даст надодаанд.

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.09.2017    №: 195    Мутолиа карданд: 310

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед