logo

ҳуқуқ

«КӮКНОР - 2017». МАРҲАЛАИ ЯКУМИ АМАЛИЁТ ЧӢ НАТИҶА ДОД?

Дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи ҷамъбастии натиҷаҳои марҳалаи якуми амалиёти ҷумҳуриявии «Кӯкнор - 2017» бо иштироки намояндагони сохторҳои дахлдори ҷумҳурӣ баргузор гардид. Дар ин амалиёт, ки марҳалаи якуми он аз 20 май то 31 август идома ёфт, намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, инчунин, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ иштирок намуданд.

Аз Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, ки дар рафти баргузории марҳалаи якуми амалиёт аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар 410 ҳолати вобаста ба гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар ошкор шуда, аз муомилоти ғайриқонунӣ 2 тоннаву 542 килограмму 582 грамм маводи мухаддир ва 4 746 дона ҳаби синтетикӣ дарёфт ва мусодира гардид. Инчунин, дар ин давра 1 миллиону 346 ҳазору 649 бех ниҳоли нашъадори худрӯй дарёфт ва бо роҳи сӯзондан нобуд карда шуд.
Ба иттилои манбаъ, бо мақсади пешгирии суиистеъмоли маводи нашъаовар нақшаи чорабиниҳои муштарак таҳия ва тасдиқ гашта, дар асоси он байни қишрҳои гуногуни ҷомеа, ҷиҳати боз ҳам баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии аҳолӣ оид ба пешгирии нашъамандӣ ва эмин нигоҳ доштани аҳолӣ аз ин хатарҳо, корҳои таблиғотию ташвиқотӣ ба роҳ монда шудааст.  Дар ҷаласаи ҷамъбастӣ аз ҷониби ситодҳои шаҳрӣ ва ноҳиявӣ оид ба ҷараёни иҷрои марҳалаи якуми амалиёт маълумотнома пешкаш гардид. Пешниҳодҳои намояндагони як қатор вазорату идораҳо дар мавриди беҳтар гардондани фаъолияти ситодҳои шаҳриву ноҳиявӣ ба инобат гирифта шуданд.
Сафаргул АЛИМОВА, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.09.2017    №: 196    Мутолиа карданд: 253

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе

Ба иштирокчиёни ҶБВ кумаки моддӣ расонда мешавад

Нахустини Форум байналмилалии санъати мақом баргузор хоҳад гашт

ЛЕВАКАНТ. Тантанаҳои истиқлолият

ФАЙЗОБОД. Ҳиммати як соҳибкор

ИШТИРОКИ ТИМИ МИЛЛӢ ДАР МУСОБИҚАИ BANGABANDHU GOLD CUP"

«ДИ» тахрибкоронашро ба Русия, Аврупо ва Осиё мефиристад

ХФА: "Даромади «Давлати исломӣ» 10 маротиба коҳиш ёфт"

Чин барои рушди ҶАҶ $60 миллиард ёрии молиявӣ мерасонад

Таҳримоти ғарбӣ метавонанд садди барқарорсозии Сурия гарданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед