logo

фарҳанг

САЙРЕ ДАР ОСОРХОНАИ УСТОД ЛОҲУТӢ

Сайёҳони хориҷӣ беҳуда осорхонаҳои шахсиятҳои бузургро дар нақшаи ҷаҳонгардии худ яке аз ҷойҳои асосии диданбоб интихоб намекунанд. Вале аз чӣ сабаб бошад, ки имрӯзҳо мардуми мо дидан як тараф истад, ҳатто аз вуҷуд доштани осорхонаҳои одамони наҷиби машҳури дунё дарак надоранд. Файласуфи Юнони Қадим Теофраст мефармояд: «Агар дар шаҳр ё минтақае, ки шумо ба сар мебаред, чунин марказҳои бузургон арзи ҳастӣ дошта бошанд, пас шумо яке аз шахсони хушбахти ин замон ба ҳисоб меравед». Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ дар иртибот ба ин мавзӯи муҳим чунин тазаккур додаанд: «Ҳар кӣ гузаштаи хешро фаромӯш созад, инсони комил нест». Аз ин сабаб, тасмим гирифтем сайре дар осорхонаи илмиву адабии устод Абулқосим Лоҳутӣ дошта бошем.

Абулқосим Лоҳутӣ шоир, тарҷумон ва яке аз фаъолони сиёсии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, дорандаи орденҳои Ленин, «Нишони фахрӣ», «Байрақи сурхи меҳнат» ва дигар ҷоизаҳои давлатии замони хеш мебошад. Бисёр деҳаву мактабҳо, муассисаву хиёбонҳои шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ номи некашро ба худ доранд. Ҷоизаи махсуси Иттифоқи журналистони мамлакат номи ӯро дорост. Устод Лоҳутӣ соли 1945 матни Суруди миллии Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистонро эҷод кардааст, ки то даврони соҳибистиқлолӣ вирди забони ҳамагон буда, дар замонаш яке аз беҳтарин сурудҳои миллии ҷамоҳири шӯравӣ ба ҳисоб мерафт.
Осорхонаи устод дар шаҳри Душанбе, кӯчаи Истаравшан 4, ҷойгир буда, нахустин маротиба дари худро 4 - уми декабри соли 1987 ба муносибати 100 - солагии шоир боз намудааст. Шоир ду соли умри пурбаракати хешро аз соли 1941 то 1943 дар ин манзил гузарондааст.
Ҳангоми вориди осорхона гаштан, мудир Фарида Нозимова ва сармуҳосиб Маҳбуба Луқмонова ҳамчун роҳбалад дар бораи экспонатҳои осорхона бо завқ қисса карданд.
Нигораҳои хонаи аввал дар бораи айёми наврасӣ ва аҳли оилаи Абулқосими ҷавон ҳикоят мекунанд. Дар он ҷо, пеш аз ҳама, муҳити хонаводагии устодро то андозае дарк кардан мумкин. Ҳамчунин, дар дигар ҳуҷраи осорхона муҷассамаву расмҳои шоир ҳамроҳи бузургону дӯстонаш ба намоиш гузошта шудаанд. Ҳуҷраи дигар аз заҳмату эҷодиёти шоир дарак медиҳанд. Мизи кории устод низ он ҷо гузошта шудааст.
- Ҳамасола ба осорхонаи устод Лоҳутӣ омӯзгорони донишгоҳу муассисаҳои таълимӣ ҳамроҳи донишҷӯёну мактаббачагон омада, аз ин макон дидан мекунанд, -  гуфт Маҳбуба Луқмонова.
Осорхона дорои китобхонаи махсус аз эҷодиёти устод Лоҳутӣ буда, аз он то кадом андоза ба илму адаб завқу рағбати беандоза доштани шоирро пай бурдан мумкин аст.
Ҳар фарди ватандӯсти ҷомеаро мебояд аз осору рӯзгори бузургони гузаштаи хеш ёд оварда, сайри осорхонаҳои шахсиятҳои бузургро фаромӯш насозад. Бо боварии комил метавон гуфт, нафаре, ки аз чунин осорхонаву ёдгориҳои таърихӣ дидан мекунад, ҳатман дар қалбаш ғурури миллӣ ва ҳисси меҳанпарастиву эҳтиром ба халқу Ватан бедор мегардад.
Қурбон АҲМАДЗОД,  «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.09.2017    №: 196    Мутолиа карданд: 269

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед