logo

фарҳанг

БАРДАМИДА ДИРАФШИ КИШВАРИ ДИЛ

Дар мавриди дарку дарёбу иншоди маншаъ ва ободиҳои пурсарвату неъмати маҳди наслӣ - Тоҷикистон аз рӯзи бино зод бар зод ин яқин ба гӯши ҷонамон овеза аст: «Хоки одамхез». Яъне маъвои одампарвар, фарзандпур, манзили сиҳатмандиву ҷоносоиву зиндагии сарҷамъона, одам ба одам зинда, одам барои одам сиришта шуда, одам дастиҳамгири одам.

Ин баёни дурусту расову зебо баровардаи муборак забони мост часпон ба сарзамини машриқии субҳу садову офтобирӯй, паҳнаҳои гандумсер, синаи кӯҳсори пур аз марвориду лаълу паргасаи селаи кабкону оҳувон. Чашмасорони бамазааш чун нузҳати пеши бари модар.
… Ин мушоҳада гӯш бар гӯш гуфтанист чун хотироти судманду баҷо, таҷассуми зиндагӣ дар забону дил.
Дар саҳни пешгоҳи мақбараи Мазори Шарифи Афғонистон ҷамъияти калоне давра баста, гӯшу ҳуш ба сароиши ҳикоятҳои баландандеши найи «Маснавии маънавӣ» пайванд мезаданд. Дастае булбулвор «Қуръони забони паҳлавӣ» - ро нашъати зиндагӣ мебахшиданд. Боз ин маҳал маъвое буда кабӯтаррез. Села - села ин мурғони мунаввар гӯиё бо навозиши найи орифи бузургвори Балх рӯи сару шонаву синаи аҳли маърака шину пар доштанд чун ба ҳолати самоаш дастафшону пойкӯбон.
Ба Худо хаёл кардам, ки мурғони ҳаво ҳам аз дарёи забони Мавлоно дурр мечинанд.
Гаҳе, ки мо, ду мусофири тоҷик, вориди ин мактаби баргузидаи адабу иршоду ҳикмати ҷаҳонорои Шарқ шудем, наззораҳои зиёде то дер гоҳ бо тааҷҷубу ҳисси нотаҳдонӣ ҳузурамонро суратгирӣ карданд. Маънӣ, мо гурезаҳои мулки шӯравиро бо маъниву сароиши маснавии орифона хушиву қаробате чӣ? Вале ин шугун мисле, ки навои фарёдрасе аз танбӯри Акашариф, овои ҷигарии Маъруфхоҷа Баҳодур ва ё ҳанҷараи борбадии Зафар Нозиму Одина Ҳошим бархоста, дар хунмон кора карда, дар қалбмон кашишу ҳарорату ҷунбиши ватанӣ бахшида буд ва ишқе чун Маҷнуни Лайлӣ ва ғайрате чун дарёбандони барқофарини Вахшрӯд.
Ба дурустӣ, ин гуна сароиши лаззатбахши забонро дар бинои умрам бори нахуст мешунидам ва худро анбошта маърифати басо олии ниёгони забонпардоз гирифтам. Ҳофизон хонишро буд карданду банда ҳамоғӯшашон шудам ва пай гирифтам, ки ин тӯтиёни хушзабон бо ин қадар балоғату фасоҳати сухановарии тоҷикӣ, ки Маснавӣ сароиданд, ӯзбектаборонанд.
Пурсидам аз эшон: «Бародарон, сад ҳазор раҳмати Ҳақ бад-ин доноиву ширинзабониву хониши ноби тоҷиконаатон. Лутф фармоед, бад-ин шеваи дилнишин овоза кардани Маснавиро чӣ гуна дарёфтед? Лаҳни овозатон ба садои ирфонии мо ин гуна часпони ноканданӣ?
 - Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ турк асту гуфтораш хушоянди мост, - посух дод якеи онон.
- Боз ҳам ҳазор ташаккур, - гуфтам ва чанде парса задам дар қаламрави хаёл.
Э, сад ҳазор сол бизӣ, забони Мавлоно, ки марз надорӣ. Дар фаросӯи боғи доноӣ ҳарфу садои лафзи ту забону кому афкору хотири қавму қабоили зиёди банни башарро чун меваи сара-сараи дарахти пешпази водии Вахш ширини комгор намуда. Дар ҷону ҷигари ҷаҳон ҷо карда!
Забони Шаҳбол ғосибони ватанашро ғофилгир кард, ки ӯ тан ба куштан доданро авло донист, ки ба душман таслим шуданро.
Забони Ҳофиз шеъри заминиёнро ба самъу зеҳни қудсиён расонд. Забони буррои Қаҳрамони Тоҷикистон устод Айнӣ ба давлати ҳазор сол гумшудаи тоҷикон таҳкурсӣ афрошт. Забони Пешвои дилмарди миллат, дӯстдоштаи тамоми мардуми Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон лафзи тоҷикиро  то ба сатҳи коровари давлатсоз, ба оби Замзами фурӯкаши алови ҷанг, ба шаҳди ширини сулҳбахшо, ба ояи озодиву осоиши миллат мақому мартаба дод ва ба курсии иззату исмату эътимоди ҷаҳонӣ бароварда кард, мисле, ки Наврӯзи гетифурӯзамонро.
Борҳо ва борҳо ҳушдор додани Сарвари хирадсолор Эмомалӣ Раҳмон бад-ин гӯйиш: «Агар миллатро аз байн бурдан хоҳанд, аввал забонашро нест мекунанд» гулбонги бедористу ҳушёрист, ки бояд ба набзи ҷон зангӯла бибандемаш. Бо ҷамъи ягона, бо нидои фатҳи Рустаму Сафар Амиршо, Ҳайдар Қосим... забони дунёзеби Модари азизро, ки дар сафи аввали саҳнаи таърих ҳозир буда ва то имрӯз бе худбузургбинӣ, бо некманишиву хаёлоти абрешимӣ, хоксору коромад худро во намуда, умри дарози обу офтобу ҳавову кӯҳ барбандем. Ва огоҳ бошем, чи бисёр мардуми ҷаҳонро ба курсии ғайрату бунёдкориву пойдорӣ шинонда ин забон.
Таърих хониш дорад: алифбои забони ориёӣ панҷ ҳазор сол моқабл бо 36 ҳуруфи ҳиҷо тапишу ҷӯшишу доду ситод ва соири ниёзмандиҳои башариро овоз медод. Импературии Куруши Кабир дувуним ҳазор сол пеш бо ин забон аз каронаҳои Самарқанд, то халиҷи Босфор, аз тори кӯҳҳои Қафқоз то гардишгоҳҳои рӯдхонаи Нил ва аз соҳати баҳри Сиёҳ то халиҷи Форс тамаддуни тоза ба дунё оварда, амр ба таҳарруку фаъолияти тараққиву ободонии мамолики зиёде барҷой гузошта. Бо аввалин Эъломияи ҳуқуқи башар чи бисёр мардуми оламро перомани дастархони меҳру алоқаи нек, лаззату хушиҳои бузургтари иттиҳоду ҳамдилии рӯзгорафрӯзи одамӣ шинонда, рӯи пойи ғайрату бунёдкориву амну ободонӣ хезонда. Сарони пастро бар фароз оварда.
Ва дар айни ҳол ба маротиб шумбинону бадхоҳону ношумордороне ҳар замон ба пархош меоянд сари ин забон.
Забони бе кинаву ғарази моро зуд меёбанду мепечонанд сари ангушт ва дур мезананд. Бад-ин ҳила онро ба маротиб дар торик зиндонҳои қурун ба мехи ҷафо бастаанд.  Аммо зӯри даркушову қалъашикану пулбанду дарёгузар аст ин забон бо партави арғувонии рӯшангару бо алангаи сӯзандааш. Садҳо мунозиату хиёнату лакнатро аз сари роҳаш дур зада, ки дар хотираи таърих метобанд.
Ҳар қавму қабоили ҳамлавар, ки ба Ватани мо мутааррӯз шуд ва пирӯз, аввалқадам дар андешаву омоли бе тахту ҷалол кардани забонамон пардохт.
Чунончи, бегонагон то бас гуфтан саъйи балеғ ба харҷ медоданд, ки  вожаҳо ва истилоҳоти ин забон дар забонашон нуфуз ҳосил накунад. Гӯянд Музаффар бини Наср (яке аз лашкаркашон) дар ҳоле ки писараш Лайс ҳамроҳаш аз зовияе мегузашт, пурсид: «Ин чорво чӣ ном дорад?». Лайс ба тоҷикӣ ҷавоб гардонд: «Ин буз аст, маъз ба забони арабӣ». Музаффар ғазабнок шуд ва фарёд кашид: «Қасам, ки туро ба дурдасттарин қарияе фиристам, ки дар даҳонат вожае аз ин забон напечад». Пас ӯро ба бодияе фиристод, ки дар он ҷо бештар аз даҳ сол ягон калимаи ин забон дар забонаш роҳ наёфт.
Бештарин вожаҳои дигар забонҳо, ки дар забони арабӣ мавқеъ гирифтаанд, мутааллиқ ба забони тоҷикист ва чандон, ки ин забон дар лафзи арабӣ таъсироте ба ҷо гузошта, ҳеҷ забони дигаре бад-ин паймона  наёриста дар он ҷорӣ гардад.
Инак, гувоҳе чанд ба гунаи вожаҳои паҳлавӣ дар шакли аслӣ ва нахустини худ шомили забони аъроб, ки камина аз таълифоти донишмандон барчидаам. Оин, охур, анбиқ, айвон, бозор, боздор, булӯр, бахт, банд, бандар, бемористон, хон, дарбон, дарбанд, дарвеш, дафтар, дафтардор, дукон, деҳқон, даҳлез, дидбон, девон, забарҷад, зумуррад, занҷир, сода, сардор, сарсом, саманд, санҷоб, сандон, шол, шоҳ, шоҳбандар, шоҳаншоҳ, шоҳин, фармон, қанд, қаҳрамон, кабоб, кайвон, марзбон, мӯмиё, ной, нард, насрин, ҳован, ҳазор, ҳумоюн, ёсимин ва… аз ҳамин қабил. Иловатан, боз вожаҳое ҳастанд, ки бо афзуда ё коста шудан ва ё табдили як ҳарф ба ҳарфи дигар муарраб гардидаанд.
Ҳамакнун, ба кулли нохушдорони забони тоҷикӣ дигар матраҳи баҳс ин, ки дар Қуръони карим вожаҳои забони мо вуҷуд доранд, ки наметавон аз нишоншон чашм фурӯ баст. Тоҷики ҳиротие аз ҷумлаи донишмандони бузург Абу Абулқосим бини Солим, ки дар улуми фиқҳ, луғат ва ҳадис дастрасии комил дошта, сари ростиву дурустии ин даъво ба ин назар расида: «Вожаҳои алим, алтур, фирдавс, алрабониюн ва… дар асл арабӣ набуда, балки дорои решаҳои аҷамиянд. Мурури замон аслияти арабиро касб кардаанд. Сипас, Қуръони карим нозил гардида, ки ин вожаҳо дар он омезиш ёфтаанд».
Дар мақоми қимати дурри ин лафз куҷост дигар баҳои болотаре аз ин?
… Рӯзи боронии лойхез дар замини Афғонистон аз тори сари хоҳаре муҳоҷири ҳамсафарам парғулааш афтоду чош хӯрд бору банди зиндагии ғарибонааш. Яке хам шуду аввал китоберо бардошт ва бо остин тоза карду ба бӯғча андохт.
- Хоҳари ҷон, чӣ китоб аст ин, ки дар ин рӯзгори саҳрогардӣ бо худ дорӣ? - суол кардам аз ӯ бо эҳтиром.
- «Дохунда»-и Айнӣ, маро зиқ шудан намемонад, ҳар гоҳи кушодан худро дар бағали водиҳову дараобҳои Ватан мебинам».
Тилло дар зери хокистар ҳам тиллост.
Дигар ёрои пурсиш наёфтам. Аз дил он лаҳза гузарондам ва ҳоло ҳам сано мегӯям: «Дар маърифатат ҷонам, ки бо ин дилу водид беватан намемонӣ ту. Ӯ худро аз Айние кандан наёраст, ки дар Анҷумани якуми нависандагони СССР ҳанӯз соли 1934 манзалату иззату озодиву осори ҷаҳонзеби ин забони тоҷикони хушгуфторро ба оламиён овоза кард: «Дар хориҷ аз кишвар ҳам акнун миллионҳо заҳматкашон ба забони тоҷикӣ гуфтугӯ мекунанд».
Ва устод афзуд, ки агар бо забони мо ғарбиён аз тариқи тарҷума кор гиранд, пас анқариб тамоми мардуми Шарқ осори нависандагони шӯравии тоҷикро чун ба забони модарии худ мутолиа хоҳанд кард.
Боз он хоҳар, ки дар хаймаи мусофириш  оҳ мекашиду «Дохунда»-ро чароғи роҳёб карда буд, шояд огоҳӣ дошт аз ин суханони Юлиус Фучик-нависандаи ҷаҳоншумули чех: «Айнӣ танҳо нависандаи шумо нест, нависандаи мо ҳам ҳаст. Дар талоши ҳақиқат осори Айнӣ моро ҳам дастгирӣ мекунад».
Арҷ гузорем забони модариро, ки овози Пешвои миллатро бароварда кард: «Ман ба шумо сулҳ меорам»-ҷанги бегонабори шаҳрвандиро кушт.
Овоз хонд аз ин номи муборак: «То ҳама гурезаҳои тоҷикро ба Ватан бознагардонам, ором намегирам» аз зовияҳову бодияҳои бегонагиву навмедии дуродури дунё ватангумкардаҳояшро барчид ва дубора ширешонид ба сутуни саломгаҳи бобоӣ.
Овоз хонд: «Агар лозим шавад, нақбҳоро ба нохун меканем» - озодамардони Ватан партави нури раҳкушоиро аз ҷигари кӯҳҳо интиқол доданд.
Дуруди Худо бар забони гиромигуҳари мо, ки дар баробари ҳама гуна заволу садама муқобала ва истодагӣ ва зафармандӣ бар ҷой гузошта. То бод бардамида бод, дар фарози мамлакати дил забони ноби оламгири мо! Дар ҷони ҷон онро дифоъ.
Мирзо НАБОТ, собиқадори  матбуот


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.09.2017    №: 196    Мутолиа карданд: 312

25.09.2018


Тавсеаи равобити байнипарлумонии Тоҷикистону Корея

Баргузории ҷамъомад оид ба пешгирии ҷинояткорӣ

Анҷоми марҳилаи якуми амалиёти «Кӯкнор-2018»

Гутерриш ба муборизаи фаъолтар алайҳи маводи мухаддир даъват сохт

Теъдоди қурбониёни садамаи киштӣ дар Танзания ба 225 нафар расид

Сеул барои дучандсозии теъдоди сайёҳон $640 миллион харҷ карданист

Фаронса қатораи дуошёнаи тезгард месозад

Ҷаҳон дар як сатр

Ҷом насиби кӣ мешавад?

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед