logo

иҷтимоиёт

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН ДАР ВОДИИ ВАХЁ

Айёми хунукиҳо ва сармо ба ҳабдаҳ ҳудуди Ҷамоати деҳоти Сағирдашт, ки  дар водии баландкӯҳи Вахё воқеъ гардидаанд,  аз миёнаҳои моҳи октябр фаро мерасад. Ба ин хотир, ҳамасола аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Дарвоз, ҷамоати деҳот ва дигар идораю муассисаҳои дахлдор ба давраи зимистон дар ин минтақа ба мисли дигар водиҳои баландкӯҳи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон омодагии комил дида мешавад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси ҳукумат диққати вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳоро ба масъалаи муҳим - омодагӣ ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2017 - 2018 ҷалб намуданд.
Бино ба иттилои муовини аввали раиси ноҳияи Дарвоз Носирзода Умеди Саидҷон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия барои иҷрои дастуру супоришҳои Президенти кишвар тадбирҳои мушаххас андешида, идораю муассисаҳои фарҳангӣ, пеш аз ҳама муассисаҳои таълимӣ, тиббӣ, кӯдакистонҳо ва аҳолиро бо захираи маҳсулоти озуқа, ангиштсанг, ҳезум ва дигар асбобу анҷоми зарурӣ таъмин карда истодааст.
Бегиҷон Алиев, раиси Ҷамоати деҳоти Сағирдашт, иброз намуд, ки  фасли сармо дар водии Вахё хеле барвақт фаро мерасад ва то моҳи апрел давом мекунад. Баъзе вақт дар миёнаҳои моҳи октябр дар ин минтақаи баландкӯҳ барфи нахустин меборад. Барои ин бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва ноҳияи Дарвоз, инчунин, соҳибкорон ангиштсангро аз кони ангишти мавзеи Равнов, ки дар чилкилометраи деҳаи Сағирдашт дар  подомони қаторкӯҳҳои Дарвоз ҷойгир аст, ғайр аз ин, аз мавзеъҳои Назарайлоқ, Зиддӣ ва Фон Яғноб кашонда истодаанд. Солҳои пеш ангиштро бо мошинҳои Зил - 130, ки қудрати борбардориашон ҳамагӣ 5 тонна буд, мекашонданд. Ин мушкилии зиёд пеш меовард. Ҳоло аз нақлиёти ҳозиразамон истифода бурда мешавад, ки тавоноии борбардории  25 - 40 тонна мебошад.
То имрӯз аллакай барои таъмини эҳтиёҷоти сокинони Ҷамоати деҳоти Сағирдашт тариқи нақлиёти гаронвазн беш аз 350 тонна ангишт ворид гардид. Маъмурияти ҷамоат ният дорад, ки то оғози давраи зимистон зиёда аз 900 тонна ангишт захира намояд. Ҳезумро бошад, аз пуштаҳои подомони ағбаи Хобурубот, мавзеъҳои Фаркинг, Сафедорон, Гурбадара, Пуштароғ, Сафедсанг ва ҷангалҳои соҳили рӯди Хингоб захира  карда истодаанд.
Сироншоҳи ДИЛОВАР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.09.2017    №: 196    Мутолиа карданд: 380

19.02.2019


МАКТАБИ ДАВЛАТДОРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

Баррасии масъалаҳои рушди сайёҳӣ

Вохӯрии Низомиддин Зоҳидӣ бо Мазен Шамия

Дурнамои рушди муносибатҳо матраҳ гардид

ҶОМИ КУШОДАИ АВРУПО. Муҳаммадризо Қувватов медали биринҷӣ ба даст овард

Авҷи ниҳолшинонӣ

Саҳми соҳибкорон дар ободии деҳот

Ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Чин ва Россия густурдатар мегардад

Сарвар Дониш: «Музокироти сулҳ бидуни ҳукумат қурбе надорад»

«Туҳфаи шоҳона» - и Арабистони Саудӣ ба шаҳрвандони Покистон

Дар Қазоқистон маркази амнияти иттилоотӣ ифтитоҳ меёбад

Сокини навраси Шимкент ду нафарро аз сӯхтор наҷот дод

Ҷаҳон дар як сатр

18.02.2019


Боздиди Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ

ВКД Ҷиноятҳо 83,6 дарсад ошкор шуданд

Вазорати молия. Барои дастгирии буҷет маблағи бештар ҷалб хоҳад гашт

«BISHKEK OPEN – 2019». Дурахши каратэ-дочиёни навраси тоҷик

«МОҲИЯТ ВА ТАЪЙИНОТИ МАТБУОТИ МАҲАЛЛӢ»

РОҒУН. Ободонӣ вусъат меёбад

АНДОЗ. Нақша 100, 6 дарсад иҷро гардид

ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН. Гардиши савдо ду баробар афзуд

Тоҷикистон миёни кишварҳои ИДМ ба афзоиши баландтарини ММД муваффақ гашт

Дар Тошканд конфронси байналмилалӣ оид ба Осиёи Марказӣ баргузор мегардад

Қасри сафед: "Музокироти тиҷоратӣ дар Пекин ба пешравӣ мусоидат кард"

Трамп мехоҳад ҷангиёни «Давлати исломӣ» - ро ба Аврупо барои суд кардан баргардонад

Кумитаи амнияти иттилоотии Қазоқистон беш аз 90 сомонаи хавфнокро ошкор сохт

Ҷаҳон дар як сатр

15.02.2019


ШАМШЕРБОЗӢ. ИШТИРОКИ ВАРЗИШГАРОНИ МО ДАР ЧЕМПИОНАТИ КУШОДИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар Душанбе ташкили низоми муттаҳидаи мудофиаи зиддиҳавоӣ баррасӣ шуд

Дар чор сол муомилоти мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон 19 маротиба афзуд

Медведев: «Таҳримоти ИМА ба иқтисоди Россия таъсири чандон бузург расонда наметавонад»

Пентагон. ИМА аз Афғонистон ҳамроҳи иттифоқчиёнаш меравад

13.02.2019


2018. Сиёсати хориҷии Тоҷикистон пурбарор буд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед