logo

сиёсат

ТАНТАНАҲОИ ИДОНА ДАР ЖЕНЕВА ВА ҚОҲИРА

Дар шаҳри Женева бахшида ба 26 - умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони баландпояи Конфедератсияи Швейтсария, кантони Женева, Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмонҳои бонуфузи байналмилалии муқими Женева чорабинии идона баргузор гардид. Дар ин маҳфили хотирмон ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии вазири адлия Рустам Шоҳмурод ва ҳамватанони бурунмарзӣ ҳузур доштанд.

Ҷамшед Ҳомидов, сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария, перомуни муҳимтарин дастовардҳои кишвар дар даврони соҳибистиқлолӣ маълумот ироа дошта, зикр сохт, ки дар ин муддат мо ба шарофати заҳмати софдилонаи халқамон дар роҳи таъмини рушди сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии мамлакат ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидем. Ҳамаи он корҳои азими созандагиро, ки то имрӯз таҳти роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ намудем, ба номи муқаддаси истиқлолият анҷом додем. Зеро истиқлолият барои мо рамзи пойдории давлат, ҳастии миллат ва шарафу эътибори Тоҷикистони азиз мебошад.
Пас аз анҷоми маросими расмӣ ба ҳозирон филми мустанад дар бораи Тоҷикистони соҳибистиқлол, табиати нотакрор ва боигарии табиии он, инчунин, мусиқӣ, таом ва ҳунарҳои миллӣ пешниҳод гардид.
Аз Вазорати корҳои хориҷӣ иттилоъ доданд, ки бузургдошти Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар яке меҳмонхонаҳои соҳили рӯди Нил дар Қоҳира низ доир гардид. Дар маросими идона ноиби раиси парлумони Ҷумҳурии Мисри Араб Ас - Сайид аш - Шариф, муовини вазири корҳои хориҷии Миср Ёсир Мурод, сафирон ва дипломатҳои муқими Қоҳира, намояндагони вазорату идораҳо, аҳли илму фарҳанг ва расонаҳои хабарӣ ширкат доштанд.
Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мисри Араб Хусрав Нозирӣ бо зикри дастовардҳои муҳими кишвар дар 26 соли гузашта, таъкид намуд, ки Истиқлолияти давлатӣ дар ташаккул ёфтани давлатдории навини тоҷикон ва такомули он дар роҳи сулҳ ва пешрафту шукуфоии Ватани маҳбубамон аҳамияти фавқулода муҳим дорад.
Ба иттилои манбаъ, меҳмонони тантанаи идона бо суратҳои рассоми шинохтаи тоҷик Фаррух Неъматзода, инчунин, намунаҳои сӯзаниҳои тоҷикӣ ва дигар нақшу нигори миллӣ шинос шуда, таассуроти нек бардоштанд.
Додоҷон РӮЗИЕВ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.09.2017    №: 196    Мутолиа карданд: 349

19.11.2018


Кулишов: «Марзҳои ИДМ бо таҷҳизоти муосир таъмин карда мешаванд»

Дар Тоҷикистон омӯзгори забони англисӣ барои таблиғи «ДИ» 19 сол гирифт

Қазоқистон мубориза бо машруботро сахттар мекунад

Фоидаи туризм ба кадом шаҳри дунё бештар аст?

Ҷаҳон дар як сатр

"ИСТИҚЛОЛ" бори аввал барои Ҷоми чемпионҳои КФО мубориза хоҳад бурд

Омодагии тими миллӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон – 2022

УСМОН ТОШЕВ САРМУРАББИИ НАВИ ДАСТАИ МУНТАХАБ

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед