logo

ҳуқуқ

ТАНЗИМ. СУДИ НОҲИЯИ ТОҶИКОБОД ТАДБИРҲОИ МУАССИР МЕАНДЕШАД

Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки ҳадафи асосии он гирифтани пеши роҳи хароҷоти зиёдатӣ ва коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ мебошад, ахиран як қатор тағйиру иловаҳо ворид гардиданд, ки асосан барои ҳимояи манфиатҳои аҳолӣ равона шудаанд. Аз ҷумла дар рӯзҳои идҳои Рамазон ва Қурбон оростани дастархони маънавии хоксорона ва роҳ надодан ба исрофкорӣ ва зиёдаравӣ, яке аз онҳост.
Имрӯзҳо гурӯҳҳои таблиғотӣ дар ҳайати намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳо, мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот, ташкилоту муассисаҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳру навоҳии мамлакат вохӯрию мулоқотҳои судманд анҷом дода, ба мардум мазмуну муҳтавои тағйиру иловаҳои ба қонун воридгардидаро  фаҳмонда истодаанд.  Ин амр, бешубҳа, барои баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии аҳолӣ ва дар доираи қонун амал кардани шаҳрвандони кишвар такони ҷиддӣ мебахшад.
Воқеан, баъди мавриди амал қарор гирифтани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзиму анъана ва ҷашну маросимҳо  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»  дар ноҳияи Тоҷикобод ҳолатҳои вайрон кардани муқаррароти ин санади меъёрии ҳуқуқӣ ба қайд гирифта нашудааст. Ин дар ҳолест, ки суди ноҳия танҳо дар моҳи август ду парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмуриро бо моддаи 481 - и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар мурофиаҳои сайёри судӣ мавриди баррасӣ қарор дода буд. Яъне, соҳибони маъракаҳо ҳангоми баргузории тӯйи домодию арӯсӣ  талаботи сархати 3 моддаи 14 - и қонуни мазкурро (зиёда аз се соат баргузор намудани  маърака) риоя накардаанд. Суди ноҳия нисбат ба ҳар як ҳуқуқвайронкунанда  ҷазои ҷарима  ба андозаи 5000 сомонӣ таъйин кард.  
Моддаҳои 5 ва 6-и  қонун  муайян кардааст, ки дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот комиссияҳои доимии маҳаллӣ таъсис дода шуда, яке аз самтҳои асосии фаъолияти онҳо назорати танзими анъана ва ҷашну маросимҳо,  расондани ёрии амалӣ ба раисони маҳаллаҳо, шахсони воқеӣ ва ғайра мебошад. Инчунин, моддаи 9 - и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ» муқаррар намудааст, ки раиси маҳалла муваззаф аст дар ташкил ва гузарондани ҷашну маъракаҳо, чорабиниҳои фароғатию фарҳангӣ саҳм гирад, риояи қонуни танзимро таъмин намояд. Аммо масъулони комиссияҳои танзим ва раисони маҳаллаҳо на ҳама вақт ваколату вазифаҳои худро мувофиқи талаботи қонун иҷро менамоянд. Бо назардошти муҳимияти масъала, дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»  ҷиҳати таҳкими фаъолияти  комиссияҳои доимии маҳаллӣ ва ҷамъиятӣ, салоҳияти ин комиссияҳо меъёрҳо пешбинӣ шудаанд.
Суди ноҳияи Тоҷикобод, дар доираи салоҳияти худ, барои пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо ва ба ин васила риояи муқаррароти қонуни танзим, ҳамзамон таблиғу ташвиқи тағйиру иловаҳои ба ин санади миллӣ воридгардида, тадбирҳои саривақтӣ ва муассир андешидааст.
Сайвалӣ МИРШАРИФЗОДА, раиси суди ноҳияи Тоҷикобод


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.09.2017    №: 196    Мутолиа карданд: 265

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед