logo

сиёсат

НОРАК. ҚОНУН ТАНҲО АЗ ЗИЁДАРАВӢ ҶИЛАВГИРӢ МЕКУНАД

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак барои иҷрои дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни вохӯрӣ бо фаъолони ҷумҳурӣ бахшида ба 10 – умин солгарди қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо сокинон вохӯриҳои судманд доир намуд.
Зимни мулоқот ба мардум моҳияти ворид кардани тағйиру иловаҳо ба қонун, аҳамияти ҷилавгирӣ аз тамоми зуҳуроти исрофкорӣ дар гузарондани ҷашну маросимҳо, ҳифзи арзишҳои миллӣ, ба тартиб даровардани расму оин ва пуштибонӣ аз фарҳанги ғании тоҷикон, хусусан дар эҳтироми либоси миллӣ ва парҳез аз расму русуми ба мо бегона, фаҳмонда шуд. Ҳамчунин, имомхатибони масҷидҳои ҷомеъ дар мавъизаҳои худ доир ба масъалаи шарҳу тафсири қонуни мазкур, аҳамияти сарфаю сариштакорӣ аз нигоҳи дини мубини ислом ва гиромидошти фарҳанги миллӣ бо намозгузорон суҳбат карда, онҳоро ба эҳтироми суннатҳои миллӣ даъват намуданд. Тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз ҷониби сокинони шаҳри Норак хуш пазируфта шуда, алҳол барои амалисозии он сокинон саъю кӯшиш менамоянд.
Дар ҳақиқат, қонуни мазкур дар давоми даҳ сол тавонист баргузории ҷашну маъракаҳо ва маросимҳои миллиро ба танзим дарорад ва арзишҳои фарҳанги миллиро муҳофизат кунад. Бовар дорем, ки ворид гардидани тағйиру иловаҳо ба қонун дар кӯтоҳтарин вақт натиҷаҳои баланд медиҳад. Масалан, то қабули қонун тамоми ҷашну маъракаҳо, аз ҷумла маъракаи «се», «ҳафт», «чил», бо исрофкорӣ ва хароҷоти барзиёд мегузаштанд, танҳо баъди ворид гардидани тағйиру иловаҳо ба қонун ин масъала ба як низоми муайян даромад. 
Ҷашнгирии идҳои барои ҳар як мусулмон муқаддас – Рамазон ва Қурбонро қонуни мазкур манъ намекунад. Баръакс, ба зиёдаравӣ дар таҷлили ин идҳо хотима мегузорад. Барои инъикоси дурустии ин масъала  дар рӯзномаи «Нури Норак» мақолаҳои «Танзими расму оинҳо файзу баракат меорад», «Мулоқоти судманду созанда» ва амсоли инҳо ба табъ расиданд. Фикр мекунам, ки дастрас намудани нусхаи қонун ба ҳар як хонавода аз манфиат холӣ нахоҳад буд. Инчунин, дар байни хонандагони синфҳои болоии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва олии кишвар ҷорӣ кардани омӯзиши қонун барои дар мафкураи ҷавонон ҷой гирифтани сарфаю сариштакорӣ ба манфиат мебошад. Тавассути шабакаҳои телевизионӣ сабт ва намоиш додани роликҳои таблиғотӣ низ ба татбиқи ҳамаҷонибаи қонун мусоидат хоҳад кард.
Ҳурматзода Фатҳулло Зариф, раиси шаҳри Норак


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.09.2017    №: 196    Мутолиа карданд: 502

22.02.2019


Ҷаласаи Комиссияи сетарафаи танзими муносибатҳои иҷтимоию меҳнатӣ

Забони тоҷикӣ таърихи зиёда аз чорҳазорсолаи хату алифбо дорад

ББТ барои фаъолияти оператори низоми пардохтии “Осон” иҷозатнома гирифт

МАВСИМИ НАВИ ЛИГАИ ОЛӢ МОҲИ АПРЕЛ ОҒОЗ МЕГАРДАД

Путин самтҳои асосии сиёсати хориҷии Россияро тавзеҳ дод

Хадамоти вижаи 7 кишвари ИДМ машқи "Арарат-Антитеррор" мегузаронанд

Чин дар кайҳон неругоҳи барқи офтобӣ месозад

21.02.2019


ХУҶАНД. Оғози сохтмони бинои нави «Тоҷикстандарт»

ФУТБОЛ. Тақвими бозиҳои тими мунтахаби олимпии кишвар муайян гардид

Табибон аз Тотористон бо ҳампешаҳои тоҷики худ мубодилаи таҷриба мекунанд

Роҳандозии лоиҳаҳои инноватсионӣ дар Қазоқистон

Дар Ҳиндустон 13 иштирокдори тӯй зери чархи мошини боркаш монд

Сӯхтор сабабгори марги ҳафт кӯдак дар Канада

Ҷаҳон дар як сатр

19.02.2019


МАКТАБИ ДАВЛАТДОРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

Баррасии масъалаҳои рушди сайёҳӣ

Вохӯрии Низомиддин Зоҳидӣ бо Мазен Шамия

Дурнамои рушди муносибатҳо матраҳ гардид

ҶОМИ КУШОДАИ АВРУПО. Муҳаммадризо Қувватов медали биринҷӣ ба даст овард

Авҷи ниҳолшинонӣ

Саҳми соҳибкорон дар ободии деҳот

Ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Чин ва Россия густурдатар мегардад

Сарвар Дониш: «Музокироти сулҳ бидуни ҳукумат қурбе надорад»

«Туҳфаи шоҳона» - и Арабистони Саудӣ ба шаҳрвандони Покистон

Дар Қазоқистон маркази амнияти иттилоотӣ ифтитоҳ меёбад

Сокини навраси Шимкент ду нафарро аз сӯхтор наҷот дод

Ҷаҳон дар як сатр

18.02.2019


Боздиди Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ

ВКД Ҷиноятҳо 83,6 дарсад ошкор шуданд

Вазорати молия. Барои дастгирии буҷет маблағи бештар ҷалб хоҳад гашт

«BISHKEK OPEN – 2019». Дурахши каратэ-дочиёни навраси тоҷик

«МОҲИЯТ ВА ТАЪЙИНОТИ МАТБУОТИ МАҲАЛЛӢ»

РОҒУН. Ободонӣ вусъат меёбад

АНДОЗ. Нақша 100, 6 дарсад иҷро гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед