logo

иқтисод

ХАРИТАҲОИ “ФАЗО”

То охири солҳои 60 - уми қарни гузашта дар Тоҷикистон соҳаи харитасозӣ вуҷуд надошт гӯем, хато нахоҳад шуд. Зеро дар ҳадди ҳамагӣ як дарсади эҳтиёҷ омода сохтани маводи харитавӣ ба дарде намехӯрд. Бешубҳа, ин вазъияти ногувор, ки пешравии бисёр соҳаҳои хоҷагии халқ, хосса кишоварзиро душвор месохт, нигаронии ҷиддии роҳбарияти ҷумҳуриро ба амал овард.

12 сентябри соли 1967 Шӯрои вазирони ҶШС Тоҷикистон бо дархости вижа ба Шӯрои вазирони СССР муроҷиат кард, ки дар он зарурати дар Тоҷикистон таъсис додани бахши мустақили ВИСХАГИ бо далелҳои муътамад асоснок шуда буд. Ҷавобан бо фармони раёсати аэрофотогеодезии Вазорати кишоварзии СССР 15 сентябри соли 1967 дар Душанбе  Экспедитсияи комплексии аэрофотогеодезии Осиёи Миёна таъсис ёфт. Ҳамин тавр, 50 сол қабл сохторе арзи ҳастӣ кард, ки имрӯз ворисаш Институти лоиҳакашию тадқиқотии “Фазо” аст ва он тӯли ин даҳсолаҳо номбардори сазовори экспедитсия шуда тавонист.
Бо ташкили корхонаи мустақили харитасозӣ дар ҷумҳурӣ таъминот бо маводи зарурӣ куллан беҳтар гардид.
Мутаассифона, дар солҳои 90 - ум бинобар сарзании ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кулли коргарони филиал, ки русзабон буданд, тарки кишвар карданд ва соли 1997 ҳамагӣ 17 мутахассис монд. 25 июни соли 1993 дар заминаи он корхонаи муштараки Тоҷикистону Русия “Фазо” ташкил карда шуд. Соли 1996 Кумитаи давлатии ислоҳоти замин ва захираҳои замини Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт, ки “Фазо”-ро зери қаноти худ гирифт ва аз ҳамон сол эҳёи дуборааш шурӯъ гашт. 18 январи соли 2001 он ба Институти лоиҳакашию тадқиқотии «Фазо» табдил дода шуд.
Дар давраи Истиқлолияти давлатӣ, ки бо роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳи таҳкими иқтисоди миллӣ ва ободии диёр пеш гирифта шуд, “Фазо” низ дар ин маҷрои умумии созандагӣ пеш мерафт. Барои инс-титут Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон манбаи асосии кадрҳо гашт ва ба ин васила эҳтиёҷи даъвати мутахассисони баландихтисос аз беруни ҷумҳурӣ пурра аз байн рафт.  Айни замон 60 - 70 дарсади кормандони инженер - техникии институт дастпарварони маҳз ҳамин донишгоҳ буда, теъдоди кормандон ба 115 нафар расид.
Маблағгузории соҳаи харитасозӣ барои корҳои заминсозӣ, баҳисобгирии заминҳо, муайян намудани марзҳои маъмурии шаҳру ноҳияҳо, шаҳраку деҳот, маҳалҳои аҳолинишин, масоҳати хоҷагиҳо ва ғайра аз соли 1998 шурӯъ шуд. Агар соли 2000 маблағгузории институт 80 ҳазор сомониро ташкил дода бошад, соли гузашта он ба 2,5 миллион сомонӣ расид. Яъне зиёда аз 30 маротиба боло рафт. Мавриди тазаккур аст, ки аз соли 2003 мо на танҳо нақшаю харитакашии дастиро қатъ карда, ба тариқи электронӣ, яъне компютерӣ гузаштем, балки истеҳсоли харитаҳои рақамиро ба роҳ мондем, ки дар таърихи харитасозии кишвар бесобиқа мебошад.
Ҳамчунин, месазад ду мисол аз эътирофи байналмилалии комёбиҳои институт овард. Соли 2010 дар конфронси байналмилалии Маскав бо ширкати намояндаҳои қариб 30 давлати дунё дар озмуни миёни кишварҳои пасошӯравӣ баргузоргашта ИЛТ “Фазо” бо лоиҳаи “Технологияи харитасозии рақамӣ дар Тоҷикистон бо истифода аз маълумоти кайҳонӣ” дар байни институтҳои марбута сазовори ҷои аввал шуд. Соли 2015 дар симпозиуми байналмилалии Париж намояндагони 116 давлат зимни овоздиҳии пӯшида Ҷоизаи тиллоии озмуни “Барои пешоҳангӣ ва сифати олӣ” - ро ба институти мо арзанда донистанд. Ин комёбиҳо, пеш аз ҳама, далели онанд, ки институт дар арсаи ҷаҳонӣ аз беҳтарин ниҳодҳои харитасозии техникӣ эътироф гашта, обрӯю эътибори илми харитасозии ватаниро торафт баландтар мебардорад.
Дар ин замина дар назар аст, ки то охири соли равон ИЛТ “Фазо” бо дастгирии Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ба марҳилаи нави рушди техникӣ - истифодаи дронҳо (бесарнишинҳо) мегузарад.
Шаҳбоз ШАҲБОЗОВ,
директори Институти лоиҳакашию тадқиқотии «Фазо»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.09.2017    №: 197    Мутолиа карданд: 419

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе

Ба иштирокчиёни ҶБВ кумаки моддӣ расонда мешавад

Нахустини Форум байналмилалии санъати мақом баргузор хоҳад гашт

ЛЕВАКАНТ. Тантанаҳои истиқлолият

ФАЙЗОБОД. Ҳиммати як соҳибкор

ИШТИРОКИ ТИМИ МИЛЛӢ ДАР МУСОБИҚАИ BANGABANDHU GOLD CUP"

«ДИ» тахрибкоронашро ба Русия, Аврупо ва Осиё мефиристад

ХФА: "Даромади «Давлати исломӣ» 10 маротиба коҳиш ёфт"

Чин барои рушди ҶАҶ $60 миллиард ёрии молиявӣ мерасонад

Таҳримоти ғарбӣ метавонанд садди барқарорсозии Сурия гарданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед