logo

ҳуқуқ

АМАЛИЁТИ МУШТАРАК. ВОЛИДОНИ БЕМАСЪУЛИЯТ 896625 СОМОНӢ ҶАРИМА ШУДАНД

Кормандони воҳидҳои кор бо ноболиғон ва ҷавонони кишвар дар самти пешгирии ҷинояткорӣ аз ҷониби насли наврас корҳои таблиғотию ташвиқотиро вусъати тоза бахшида бошанд ҳам, ин мавзӯъ ҳамоно нигаронкунанда боқӣ мемонад.
Бино ба иттилои Файзиддин Назаров, сардори шуъбаи ноболиғони Вазорати корҳои дохилӣ, дар ҳашт моҳи соли равон аз тарафи ноболиғон 339 ҷиноят содир гардидааст, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта  71 ҷиноят кам мебошад. Дар ҳамин давра 220 амалиёти муштарак таҳти унвонҳои шартии «Нав-рас», «Оворагард» ва «Талбанда» гузаронда шуд. Дар натиҷа 9169 ноболиғ барои ҳуқуқвайронкуниҳои гуногун муайян ва ба шуъбаҳои ВКД дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дастрас карда шудаанд. Оид ба талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» бо моддаи 90 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон 10378 протоколи маъмурӣ нисбат ба падару модарон ва масъулон ба судҳои шаҳру ноҳияҳо ирсол гардидааст. 6776 нафар, ки уҳдадориҳои худро дар таълиму тарбияи фарзанд иҷро накардаанд, ба маблағи 896625 сомонӣ ҷарима гардида, 2161 маводи дигар мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.
Гуфта шуд, ки зимни гузарондани чораҳои оперативӣ - ҷустуҷӯӣ кормандони Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон ва ҷавонони вазорат дар вилояти Хатлон як гурӯҳ ноболиғро дастгир намуданд, ки байни ҳам муноқиша доштанд. Дар вақти латукӯб шаҳрванд Шамсиддин Атоев бо корди дар дасташ буда, ноболиғ Дилшод Бозоровро як маротиба задааст. Дар натиҷа ноболиғ ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхонаи марказӣ бистарӣ гаштааст. Ин гурӯҳи авбошон ба гумони қасдан расондани зарари вазнин ба саломатӣ барои даст задан ба ҷинояти авбошӣ дастгир шуда, парвандаҳояшон ба суд ирсол гардид. 
Тибқи нақша - чорабиниҳои тарҳрезишуда, аз 5 майи соли равон, оид ба  гузарондани амалиёти шабонарӯзӣ ҷиҳати таъмини иҷрои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку», «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» ва «Дар бораи маориф» якҷо бо Вазорати маориф ва илми кишвар баҳри пешгирии ҷинояткорӣ ва ҳуқуқвайронкунӣ, муноқишаҳо, шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва равияҳои динӣ, тарбияи онҳо дар рӯҳияи ватандӯстӣ, гузарондани вохӯриву суҳбатҳо бо хонандагон, падару модарон ва омӯзгорон пешбинӣ гардидааст. Дар шаҳри Душанбе, аз ҷумла дар вақти шабона ба марказҳои дилхушӣ-дискоклубҳо, интернет - кафеҳо, марказҳои компютерӣ, толорҳои букмекерӣ ва тарабхонаҳо рафтани ноболиғон чорабиниҳои доимоамалкунанда  гузаронда, дар натиҷа 3791 нафар дар ШВКД-ҳои  ноҳияҳои шаҳр мавриди пурсиш қарор гирифтанд. Аз инҳо 2523 нафарро ноболиғон ва 1268 нафарро ҷавонон  ташкил медиҳанд. Аз ин шумора 3422 нафар барои бозиҳои ғайриахлоқии компютерӣ ва 104 нафар дар марказҳои букмекерӣ ба дигар корҳои ношоиста даст задан дастгир гардидаанд.
Файзиддин Назаров иброз дошт, ки дар натиҷаи ин амалиёт нисбат ба 2049  падару модаре, ки уҳдадориҳои худро дар таълиму тарбияи фарзанд иҷро накардаанд, бо моддаи 90 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколҳои маъмурӣ тартиб дода, ба  суд ирсол  гардидаанд. Зикр кард, ки мубориза бар зидди ҷинояткории ноболиғон дар меҳвари фаъолияти воҳидҳои кор бо ноболиғон ва ҷавонони кишвар қарор дошта, дар ин самт пешбурди корҳои таблиғотию ташвиқотӣ вусъати тоза гирифтаанд.
Сафаргул АЛИМОВА,
“Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.09.2017    №: 197    Мутолиа карданд: 310

15.02.2019


ШАМШЕРБОЗӢ. ИШТИРОКИ ВАРЗИШГАРОНИ МО ДАР ЧЕМПИОНАТИ КУШОДИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар Душанбе ташкили низоми муттаҳидаи мудофиаи зиддиҳавоӣ баррасӣ шуд

Дар чор сол муомилоти мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон 19 маротиба афзуд

Медведев: «Таҳримоти ИМА ба иқтисоди Россия таъсири чандон бузург расонда наметавонад»

Пентагон. ИМА аз Афғонистон ҳамроҳи иттифоқчиёнаш меравад

13.02.2019


2018. Сиёсати хориҷии Тоҷикистон пурбарор буд

КОРРУПСИЯ. 2047 ҷиноят ошкор гардид

САНОАТ. Беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулот содирот шуд

САРМОЯИ МУСТАҚИМ. Воридот дар ҳоли афзоиш аст

ОБ. Таъминоти аҳолӣ рӯ ба беҳбудӣ дорад

АВҶИ ОБОДКОРИҲО ДАР ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА

12.02.2019


АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО АЗ КАШФИЁТИ НАВ ТО САНОАТИ ДОРУСОЗӢ

КӮЛОБ. Содироти 825 тонна маҳсулоти кишоварзӣ

ДАНҒАРА. Саноатикунонӣ вусъат мегирад

ФУРУДГОҲҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Сатҳи хизматрасонӣ рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДК. Авлавият ба сатҳи касбият ва таълим

САДА. Тантанаи ҷашни миллӣ дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин

11.02.2019


ВАЗОРАТИ ФАРҲАНГ. 2018 - соли муваффақиятҳо буд

КУМИТАИ РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 1 миллион сайёҳ ба Тоҷикистон омад

МТС. Ҳамкориҳо бо Ӯзбекистон густариш меёбанд

ВМКБ. Гумрукчиён ба буҷет 16,9 миллион сомонӣ ворид карданд

ҲИСОР. Саҳми назарраси соҳибкорон дар ободонии шаҳр

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ба 1 миллиард сомонӣ расид

ВАРЗОБ. Таваҷҷуҳи сайёҳон ба нуқтаҳои истироҳатӣ афзудааст

08.02.2019


Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ. Музди миёнаи меҳнат - 1220 сомонӣ

КУМИТАИ ТЕЛЕВИЗИОН ВА РАДИО. Сифати кори шабакаҳо беҳтар мешавад

КҲФМГ. Офатҳои табиат 34 миллион самонӣ хисорот овард

Саноатикунонӣ дар Шаҳринав

Меъёри бозтамвил ба 14 дарсад поён фаромад

ШАҲРИ ВАҲДАТ. Иҷрои барзиёди андози иҷтимоӣ

ТАНЗИМ. Қонуншиканӣ коҳиш ёфтааст

СОҲИЛ. Корҳои мустаҳкамсозӣ вусъат меёбанд

ДДСТДТ. Авлавият ба рушди ҳунарҳои мардумӣ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед