logo

иҷтимоиёт

ТАНЗИМ – КАФОЛАТИ РУШД

Баҳри шарҳу тавзеҳи тағйиру иловаҳои ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» воридгардида, вохӯриҳои гурӯҳи корӣ таҳти роҳбарии ректори Донишгоҳи кӯҳӣ - металлургии Тоҷикистон Мухтор Фозилзода  бо сокинони ҷамоатҳои деҳоти Ғазантарак, Росровут ва  Исмоили Сомонии ноҳияи Деваштич баргузор гардиданд.
Чуноне  ҳангоми мулоқотҳо раиси ноҳияи Деваштич Рустам Ҷӯразода зикр кард, қонуни мазкур, ки даҳ сол қабл бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабул гардид, тақозои замон ва ормони миллати куҳанбунёди тоҷик буд, зеро тайи солҳои мадид, зимни гузарондани маъракаҳои хурсандиву азодорӣ, мардум ба харҷҳои беҳуда даст мезаданд. Инак, пас аз гузашти даҳ соли қабули қонун, мо шоҳидем, ки он дар боло рафтани сатҳи некуаҳволии мардум нақши бориз гузошт.  Ва мақсад аз тағйироту иловаҳои воридгашта боз ҳам тақвият бахшидани ин раванд мебошад.
Зимни баромадҳои хеш роҳбари гурӯҳи корӣ Мухтор Фозилзода, муовини сардори шуъбаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон   Дӯстмурод Назаров, дотсенти кафедраи таърихи Донишгоҳи кӯҳӣ - металлургии Тоҷикистон Икром Абдуллоев ва раиси кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Деваштич Комрон Исмоилзода иброз доштанд, ки қабули ин қонун  дар таҷрибаи қонунгузории ҷаҳонӣ падидаи нодир буда, дар як қатор давлатҳо мавриди омӯзиш қарор гирифтааст. Хиради азалии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон буд, ки чунин қонуни башардӯстона аввалин бор дар Тоҷикистон таҳия гашта, мавриди амал қарор гирад. Бо шарофати қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» сатҳи зиндагии мардум беш аз пеш беҳтар гашта истодааст, зеро асоси онро сарфаву сариштакорӣ ташкил медиҳад. Ва дар ин ҷода тағйироту иловаҳои воридгардида барои боз ҳам баланд шудани сатҳи иҷтимоии мардум ва дар маҷмӯъ рушди иқтисодии кишвар мусоидат  хоҳанд кард.
Рухшона ҶӮРАЕВА,
корманди масъули
КИ ҲХДТ дар ноҳияи Деваштич


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.09.2017    №: 197    Мутолиа карданд: 320

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед