logo

фарҳанг

ЗАБОНИ ТОҶИКӢ ОСОРХОНАҲО ДАР ОМӮЗИШИ ОН ЧӢ РИСОЛАТ ДОРАНД?

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар китоби худ «Тоҷикон дар оинаи таърих» таъкид доштаанд: «Таърих оинаест, ки мо дар он мавқеи гузаштагонамонро дар масири таърих бо ҳама ҳашамат ва хорию зориаш дида, ба ҳусну қубҳи фаъолияту корбарии ӯ сарфаҳм рафта, ба ин восита қадаме ба сӯи хештаншиносӣ, худогоҳӣ ниҳода, бо дидаи ибрат дурнамои кишвару мардуми худро муайян карда метавонем».
Ин гуфтаҳо  кормандони осорхонаҳоро бори дигар водор месозад, ки барои нигоҳ доштани мероси ниёгон ва тарғибу ташвиқи он ҷиддан машғул шуда, саъю кӯшиши хосса дошта бошанд. Чунки маҳз осорхонаҳо аст, ки он ҷо ёдгориҳои таъриху тамаддун ба имрӯзиёну ояндагон чун нишони миллат ва ҳастии он маҳфуз дошта мешаванд. Дар осорхона диди зебоипарастии инсон аз фарҳанги волову маънавиёт сайқал меёбад. Агар шахс китобро хонда, оид ба таърихи халқ тасаввур пайдо намуда, сипас дарк созад, дар осорхонаҳо он таърихро мебинад. Аз ин лиҳоз, осорхона минбари муқтадир аст, барои тарғибу ташвиқи ғояҳои наҷибона ва ояндасози Сарвари хирадманди кишвар, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон. Осорхона ҳамчун дигар расонаҳои хабарӣ ва иттилоотӣ хизматрасони ҷомеа буда, тарғибгари қадамҳои устувори Истиқлолияти давлатӣ, ғояҳои сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ маҳсуб мешавад. Дар ҳақиқат, осорхона макони илму адаб, фарҳанги воло, гаҳвораи таъриху тамаддун ва омӯзиши забон аст. Он дар пеши ҷаҳониён миллатро бо ҳамин нишонаҳояш муаррифӣ мекунад. Аён аст, ки яке аз нишонаҳои миллат забон аст ва он ҳастии миллат маҳсуб мешавад. Бинобар ин, осорхонаҳо дар омӯзиш ва рушди забон мақоми хосса доранд ва бо ду самт ин рисолати худро ба сомон мерасонанд. Аввал, тавассути сарлавҳа, зерлавҳа, матнҳои эзоҳӣ, порчаҳои шеърӣ, гуфторҳо бар васфи қаҳрамонон ва давраҳои таърихӣ, ки бинанда маълумот пайдо менамояд; дуюм, бо роҳи сайри илмӣ аз нақли роҳбаладон.
Аз ин лиҳоз, осорхонаҳо дар тафовут аз дигар муассисаҳо минбари тавоно ва фарогири ҷомеа, хусусан, мактабиёну донишҷӯён буда, афкори ҷомеаро ташаккул дода метавонанд. Ин ҷо саҳми роҳбалад ниҳоят бузург аст. Нақли роҳбалад бояд нишонрас, оммафаҳм бошад ва фасоҳату балоғати забонро ба сомеон расонда тавонад. Масъулияти азимест бар дӯши роҳбаладон нисбати омӯзиши забон. Як сухани ноҷо ё лафзи берабти ӯ метавонад ғубори хотири шунаванда гардад. Роҳбалад мумтозона метавонад, ки тири мақсудашро ба ҳадаф расонад. Аз ин рӯ, худ бояд забони модариро хуб донад, то ки суханаш ба мағзи ҷони шунаванда ҷо гардад. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон барҳақ гуфтаанд:  «Бо тавассути забон ҳувияти миллӣ ҳифз мегардад, он воситаи муқтадири сарҷамъ кардани миллат, таъмини якпорчагии сарзамини кишвар дар ҳама давру замон мебошад». Роҳбаладон бо ифтихор аз нубӯғи ҳунармандону адибону олимон ва мероси фарҳангии гузаштагон нақл мекунанд, хоссатан,  ҳангоми нақлҳо оид ба сардафтари адабиёти навини тоҷик  Қаҳрамони Тоҷикистон устод Садриддин Айнӣ, ҳамчун меъмори фарҳанги тоҷик дар садаи инқилобҳои азими сиёсӣ ва замони  пурошӯб.
Инчунин, роҳбалад таъкид месозад, ки тоҷик тахту тоҷашро аз даст дод, аммо забонашро аз даст надод, онро дар мағз – мағзи вуҷуд ё худ дилу ҷонаш ҷой кард ва ба наслҳои оянда мерос гузошт. Медонист, ки агар забонаш солиму пойдор бимонад, ҳатман рӯзе аз нав соҳиби тахту тоҷ хоҳад шуд. Имрӯз, дар ҳақиқат, ба шарофати Сарвари давлат, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ин ҳама орзуҳову ниятҳои нек амалӣ гаштанд.
Хулоса,  бинандагон аз осорхонаҳо дар баробари омӯхтани таъриху арзишҳои фарҳангӣ забонро низ ба хубӣ меомӯзанд. Тавоноии забони тоҷикӣ дар вожасозӣ ва дар нутқи роҳбаладон ҳангоми гузаронидани сайри илмӣ сахт ба мушоҳида мерасад. Сомеон аз шунидани лаҳни дилнишин, истифодаи муродифоти зебо ва нутқи буррои гӯянда бори дигар аз ғановату фасоҳати забони тоҷикӣ ба ҳайрат меоянд ва барои худ бардоште карда, дар зеҳни худ ҳифз менамоянд.
Кибриёхон АТОЕВА,
устоди Донишкадаи кӯҳӣ - металлургии Тоҷикистон, номзади илмҳои филология


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.09.2017    №: 197    Мутолиа карданд: 483

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед