logo

иқтисод

АШТ. АЗ ОСОИШИ МАРДУМ ТО РУШДИ САНОАТ

Самари  соҳибистиқлолии кишвар сулҳу субот ва иқдомҳои бунёдкорист. Кулли соҳоти хоҷагии халқи ноҳияи  Ашт дар  ин замина рушд ёфта истодаанд.

Одатан дар таҷрибаи ҷаҳонӣ  ченаки асосии пешрафти иқтисодии ҳар шаҳру ноҳия сатҳи осоиштагии мардум мутобиқ ба маҷмӯи маҳсулоти тавлидотӣ мебошад. Агар маҷмӯи маҳсулоти ноҳия соли 2010 баробари 330,8 миллион сомонӣ бошад, пас ин нишондод дар ҷамъбасти соли гузашта 660,9 миллион сомониро ташкил дод. Мувофиқи ҳисобу китоби пешакӣ,  соли равон маҷмӯи маҳсулоти минтақавии ноҳия ба 720,7 миллион сомонӣ хоҳад расид, ки баландтарин натиҷа дар даврони соҳибистиқлолии ҷумҳурӣ маҳсуб меёбад. Ҳаҷми  маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ ба ҳар сари аҳолӣ аз 2 ҳазору 425 сомонии соли 2010 соли 2016 ба 4 ҳазору 156 сомонӣ расида, суръати афзоиш 171,4 дарсадро ташкил медиҳад.
- Қиёси нишондиҳандаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии ноҳия  ба соли 2010 беваҷҳ нест. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки баъди ба даст омадани сулҳу салоҳ ва пойдории осудагиву амонӣ нишондиҳандаҳои иқтисодии кишвар дар ҳамин сол ба сатҳи баланд расида буд. Масалан, агар ҳаҷми маҳсулоти саноатии ноҳия дар соли 2010 ҳамагӣ 48,8 миллион сомонӣ бошад, пас ин рақам соли гузашта 3,2 маротиба афзуда, ба 158,3 миллион сомонӣ  баробар гаштааст, - иброз дошт Зариф Мирдадо, раиси ноҳияи Ашт.
Самти дигари рушди иқтисодӣ дар ноҳия равнақи соҳаи кишоварзӣ мебошад. Зеро  аз ҳисоби азхуд кардани даштҳои Ашти Калон шароит фароҳам меояд, ки  майдони боғот боз ҳам васеъ карда шавад. Феълан дар ноҳия, бино ба маълумоти расмии оморӣ, зиёда аз 16 ҳазор боғу токзор мавҷуд аст, ки 8,5 ҳазор гектараш  ҳамасола самари дилхоҳ мебахшад. Бе ваҷҳ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон дар ҷараёни сафари кории худ соли 2016 Аштро «диёри  меваҳои шаҳдбор» унвон накардаанд. Агар соли гузашта дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ боғпарварони ноҳия қариб 14 ҳазор тонна мева истеҳсол карда бошанд,  дар мавсими имсола  интизор меравад, миқдори умумии ҳосил аз 20 ҳазор тонна бештар гардад. Мутобиқи Барномаи рушди боғу токзор барои  солҳои 2015 - 2021  дар ноҳия майдони боғҳои нав то 200 гектар афзун хоҳад шуд. Яъне метавон гуфт, ки ноҳияи Ашт дар солҳои наздик ба калонтарин минтақаи боғдории вилояти Суғд мубаддал мегардад. Тавре Рафтор Муҳаммадиев, сардори идораи кишоварзии ноҳия, гуфт, марҳилаи дигари рушди кишоварзӣ коркарди саноатии маҳсулот мебошад. Соҳибкорони маҳалливу хориҷӣ тасмим доранд  коргоҳҳои хурду миёнаи коркарди мева, тавлиди шарбатҳои гуногун бунёд кунанд, ки ин ба рушди иқтисодиёти ноҳия ва таъсиси садҳо ҷойи нави корӣ заминаи устувор мегузорад.
Соли равон дар ноҳия 9 иншооти истеҳсолӣ, иҷтимоӣ, хизматрасониву маишӣ ба маблағи умумии 3 миллиону 918,3 ҳазор сомонӣ бунёд гардид. Ҳамчунин, корхонаи коркард ва бандубасти меваи хушки зардолу (ҶДММ «Аштфрут») ва коргоҳи пахтатозакунӣ (ҶСП «Марҳамат») ба фаъолият шурӯъ карда, 70 ҷойи нави корӣ таъсис ёфт.
Мардуми меҳнатдӯсти ноҳияи Ашт бо дарки баланди ватандӯстиву ватандорӣ, шукргузорӣ аз сулҳу субот баҳри боз ҳам дучанд гаштани неруи иқтисодӣ ва шукуфоии сарзамини аҷдодӣ  талош хоҳанд кард.
Ҷовиди АШТӢ,  «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.09.2017    №: 197    Мутолиа карданд: 407

15.02.2019


ШАМШЕРБОЗӢ. ИШТИРОКИ ВАРЗИШГАРОНИ МО ДАР ЧЕМПИОНАТИ КУШОДИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар Душанбе ташкили низоми муттаҳидаи мудофиаи зиддиҳавоӣ баррасӣ шуд

Дар чор сол муомилоти мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон 19 маротиба афзуд

Медведев: «Таҳримоти ИМА ба иқтисоди Россия таъсири чандон бузург расонда наметавонад»

Пентагон. ИМА аз Афғонистон ҳамроҳи иттифоқчиёнаш меравад

13.02.2019


2018. Сиёсати хориҷии Тоҷикистон пурбарор буд

КОРРУПСИЯ. 2047 ҷиноят ошкор гардид

САНОАТ. Беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулот содирот шуд

САРМОЯИ МУСТАҚИМ. Воридот дар ҳоли афзоиш аст

ОБ. Таъминоти аҳолӣ рӯ ба беҳбудӣ дорад

АВҶИ ОБОДКОРИҲО ДАР ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА

12.02.2019


АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО АЗ КАШФИЁТИ НАВ ТО САНОАТИ ДОРУСОЗӢ

КӮЛОБ. Содироти 825 тонна маҳсулоти кишоварзӣ

ДАНҒАРА. Саноатикунонӣ вусъат мегирад

ФУРУДГОҲҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Сатҳи хизматрасонӣ рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДК. Авлавият ба сатҳи касбият ва таълим

САДА. Тантанаи ҷашни миллӣ дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин

11.02.2019


ВАЗОРАТИ ФАРҲАНГ. 2018 - соли муваффақиятҳо буд

КУМИТАИ РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 1 миллион сайёҳ ба Тоҷикистон омад

МТС. Ҳамкориҳо бо Ӯзбекистон густариш меёбанд

ВМКБ. Гумрукчиён ба буҷет 16,9 миллион сомонӣ ворид карданд

ҲИСОР. Саҳми назарраси соҳибкорон дар ободонии шаҳр

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ба 1 миллиард сомонӣ расид

ВАРЗОБ. Таваҷҷуҳи сайёҳон ба нуқтаҳои истироҳатӣ афзудааст

08.02.2019


Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ. Музди миёнаи меҳнат - 1220 сомонӣ

КУМИТАИ ТЕЛЕВИЗИОН ВА РАДИО. Сифати кори шабакаҳо беҳтар мешавад

КҲФМГ. Офатҳои табиат 34 миллион самонӣ хисорот овард

Саноатикунонӣ дар Шаҳринав

Меъёри бозтамвил ба 14 дарсад поён фаромад

ШАҲРИ ВАҲДАТ. Иҷрои барзиёди андози иҷтимоӣ

ТАНЗИМ. Қонуншиканӣ коҳиш ёфтааст

СОҲИЛ. Корҳои мустаҳкамсозӣ вусъат меёбанд

ДДСТДТ. Авлавият ба рушди ҳунарҳои мардумӣ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед