logo

иқтисод

НАҚШАИ КИШТИ КАРТОШКА ИҶРО НАШУД, ЧАРО?

Соли равон дар бозорҳои кишвар норасоии картошка ва болоравии бесобиқаи нархи он мушоҳида гардид. Ҳолати мазкур аз мадди назари Ҳукумати кишвар дур намонд. Барои дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2017 – 2018 ба вуҷуд наомадани ин мушкил  ва сари вақт  таъмин намудани аҳолӣ бо картошкаи ватанӣ  дар мамлакат тадбирҳои нав андешида шуда истодааст.
Бо вуҷуди талошҳои пайгиронаи Ҳукумат  ва мавҷуд будани имкониятҳо нақшаи кишти картошка дар мавсими баҳории  имсола низ, тибқи омори расмӣ, дар баъзе шаҳру ноҳияҳои  тобеи ҷумҳурӣ  иҷро нагардид, аз ҷумла иҷрои нақша дар шаҳру навоҳии Ҳисор 65,4, Шаҳринав 78,7,  Рӯдакӣ 54,3 ва Файзобод 78,8 дарсадро ташкил медиҳад.  
Аксари кишоварзони минтақаҳои номбурда қимат будани арзиши тухмии картошкаро дар кишти баҳории имсола сабаби асосии кам гардидани майдони кишти он арзёбӣ намуданд. Вале олимону мутахассисони соҳа баробари норасоӣ ва гаронии  нархи тухмӣ зиёд кишт шудани ғалла, юнучқа ва алафҳои дигари бисёрсолаи хӯроки чорворо дар заминҳои ҳамвори шаҳру навоҳии номбурда омили коҳиш ёфтани майдони кишти картошка медонанд. 
Ба гуфтаи Сайдалӣ Шамсов, сардори раёсати кишоварзии ноҳияи Файзобод, дар кишти баҳории соли равон  камчин шудани  тухмии картошка дар ноҳия сабаби пурра иҷро нашудани нақшаи кишти он гардид. 
- Азбаски баҳори имсол  маҳсулоти картошка дар фурӯшгоҳҳо кам гардид, нархи он якбора гарон шуд ва кишоварзони ноҳия тухмии арзонтар дастрас карда натавонистанд. Бо нархи баланд харидани тухмӣ харҷи кишту парвариши картошкаро зиёд менамояд. Дар ин ҳолат фоидаи софи деҳқон  кам мегардад. Майдони алафҳои хӯроки чорво дар ноҳия хеле кам аст. Дар  заминҳои корами обӣ имсол зиёда аз 500 гектар  юнучқа ва алафҳои бисёрсола кишт карда  шуд. Кишти картошка бошад, 520  гектарро ташкил медиҳад. Парвариши юнучқа ва алафҳои дигар баробари таъмини хӯроки чорво барои киштгардони заминҳои картошка зарур аст. Аз ҷониби дигар, дар баъзе мавзеъҳои картошкапарвари ноҳия норасоии об вуҷуд дорад, ки ин вазъ  ба кишти картошка  таъсири манфӣ расонд. Аз ин рӯ, нақшаи кишти картошка дар ноҳия пурра иҷро нагардид, - гуфт ӯ.
Мутаассифона, ин баҳор деҳқонони шаҳри Ҳисор - яке аз минтақаҳои доманафарохи кишоварзӣ ҳамагӣ дар 170 гектар картошка коштанд, ки нисбат ба имкониятҳо хеле кам буда, 65,4 дарсади нақшаро ташкил медиҳад.
Тавре аз маълумоти соҳаи кишоварзӣ бармеояд, заминҳои зиёди корам дар  шаҳри номбурда барои парвариши юнучқа, ғалладона ва алафҳои бисёрсолаи хӯроки чорво истифода мешаванд. Замини юнучқа  2666 гектарро ташкил медиҳад. Ин дар ҳолест, ки кишоварзони шаҳр метавонанд яке аз таъминкунандагони асосии бозорҳои пойтахт бо сабзавот бошанд.       
Абдуҷаббор Мусофиров, сардори раёсати кишоварзии шаҳри Ҳисор, изҳор дошт, ки  кишти юнучқа ва алафҳои бисёрсолаи хӯроки чорво дар шаҳр  мувофиқи талаботи хоҷагиҳои чорвопарвар ба роҳ монда шудааст.
- Нархи гарони тухмӣ  дар кишти баҳории имсола  омили асосии иҷро нагардидани нақшаи кишти картошка мебошад. Бисёри деҳқонони  шаҳр аз сабаби гароншавии нархи тухмӣ баҳори соли равон аз кишти картошка даст кашиданд. Аз ин рӯ, дар ин давра майдони картошказор дар шаҳр нисбат ба нақша кам шуд, - изҳор дошт ӯ.
Дар водиҳои Ҳисору Вахш барои кишту парвариши картошкаи барвақтӣ имкониятҳо зиёданд. Хоҷагиҳои картошкапарвар дар ин минтақаҳо метавонанд, ки аз ҳисоби заминҳои обии барои ғалладона ҷудошуда майдони кишти тирамоҳию баҳории картошкаи барвақтиро ба 15000 гектар расонанд. Истифодаи навъҳои пешпазаки картошка дар минтақаҳои номбурда ва риояи агротехникаи парвариш имконият медиҳад, ки барвақттар картошкаи нав ба бозорҳои истеъмолии кишвар  ворид шуда,  барои кишти такрорӣ ҳам  тухмӣ фаровон гардад.
Қурбоналӣ Партовов, сарходими  институти ботаника, физиология ва генетикаи рустании Академияи илмҳои ҷумҳурӣ, изҳор дошт, ки бисёре аз кишоварзони диёр дар заминҳои обӣ гандум, юнучқа ва алафҳои бисёрсола  мекоранд, ки сабаби коҳиш ёфтани майдони кишти картошка гардидааст.
-  Деҳқонони водии Ҳисор бояд бештар навъҳои пешпази картошка – «Жуковский», «Кардинал» ва «Пикассо» шинонанд. Ҳамчунин, барои васеъ намудани майдони кишти картошка дар водии Ҳисор имконияти зиёд мавҷуд аст. Аммо кишоварзони водӣ, аз ҷумла шаҳри Ҳисор, заминҳои ҳамворро барои  парвариши юнучқа ва алафҳои бисёрсола истифода намуда, бо ин роҳ ҳаҷми заминҳои барои картошкакорӣ мувофиқро коҳиш дода истодаанд. Пеши ин ҳолати ногуворро бояд гирифт. Агар роҳбарони шаҳру ноҳияҳо ва вазорату идораҳои масъули соҳа кишти зироатҳоро дуруст танзим намуда, ҷиҳати дар заминҳои ҳамвор бештар кишт намудани сабзавот, хусусан картошка, чораҷӯйӣ намоянд, ба афзоиши ҳаҷми ин маҳсулоти кишоварзӣ, ки мардум онро «нони дуюм» меноманд, мусоидат менамояд. Барои истифодаи самараноки заминҳои талу теппа ва доманакӯҳҳо  дар самти  парвариши алафҳои бисёрсолаи хӯроки чорво,  бояд ҳолати обёрии ин майдонҳо беҳтар карда шавад. Махсусан, барои истифодаи самаранок ва пешгирии шусташавии замин усули босамару санҷидашуда - обёрии қатрагиро ба роҳ мондан зарур аст, - гуфт Қ. Партовов.
Ҳоло тавассути фароҳам омадани техникаю технологияҳои кишоварзӣ, усулҳои нави обёрӣ ва навъҳои серҳосил кишти ғалладона, юнучқа ва алафҳои дигари хӯроки чорворо дар талу теппа ва доманакӯҳҳо ба роҳ мондан имконпазир аст. Заминҳои ҳамвори обиро  бояд барои парвариши сабзавот, аз ҷумла картошка, ки оби бисёр талаб мекунад,  истифода намоем.
Ташрифулло САЪДУЛЛОЕВ,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.09.2017    №: 197    Мутолиа карданд: 385

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед