logo

иҷтимоиёт

ФАЙЗОБОД. ИСТИҚБОЛИ СОКИНОН АЗ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ТАНЗИМ

Сокинони ҷамоатҳои деҳоти Меҳробод, Бӯстон ва Вашгирди ноҳияи Файзобод дар мулоқот бо аъзои гурӯҳи корӣ доир ба тарғибу ташвиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳамовозии якдилонаи худро аз тағйиру иловаҳои ба ин санади меъёрии ҳуқуқӣ воридгардида баён доштанд.

Лутфулло Саидмуродов, директори Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, тартиб ва муқаррароти гузарондани маросими азодорӣ ва таъзияро, ки 6 сентябр аз тарафи Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидааст, шарҳ дод. Мавсуф зикр кард, ки азодорӣ ва таъзия дар асоси талаботи шариати ислом, таъкидҳои Имом Абуҳанифа, меъёрҳои фиқҳӣ ва қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронда шуда, ба соҳибони майит набояд вазнинӣ ва хароҷоти зиёдеро ба бор орад. Аз ин сабаб, пас аз таҳлилу баррасиҳои мақомоти ваколатдор ва комиссияҳои дахлдор наздик ба 70 чорабинии гуногун вобаста ба маросими азодорӣ муайян шуда, ба ҷуз аз маросимҳои «се», «чил», «сол» ва он ҳам бе забҳи чорво ва додани таом, боқӣ ҳама ботил дониста шуд. Аз ҷумла, ташкили «оши сари тахта», «душанбегӣ», «ҷумъагӣ», «ҳафт», «бист», «шашмоҳагӣ» манъ карда шуданд.      
Сокинони ҷамоатҳои деҳоти ба номи Дӯстмурод Алиев, Ҷавонон ва Ҷамоати шаҳраки Файзобод, ки дар Филармонияи халқии ноҳия ҷамъ омада буданд, дар рафти мулоқот меъёрҳои нави Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» - ро дастгирӣ намуда, барои ҳимояи манфиатҳои мардум хидмат кардани онҳоро таъкид карданд.
Сабоҳат Мамадалиева, сармутахассиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар мавриди аз тарафи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ вайрон кардани рукнҳои фарҳанги миллӣ, аз ҷумла забони давлатӣ ва сарулибоси миллӣ ҳарф зада, таъкид дошт, ки ҷашну маросимҳои миллии тоҷикӣ падидаҳои фарҳангӣ буда, дар онҳо худнамоӣ, бегонапарастӣ, суруда шудани таронаҳои орӣ аз мазмуну муҳтаво ва либосҳои нимурёни хориҷӣ раво нест. Зеро фарзандони мо аз чунин сурат гирифтани маъракаҳо мазмун мебардоранд, ки сифату савияи санъат, забон ва маданияти шаҳрвандии мо дар ҳамин сатҳ қарор дорад.
15 сентябр аъзои гурӯҳи корӣ бо сокинони ҷамоатҳои деҳоти Қалъаи Дашт, Чашмасор ва Мискинобод дидору гуфтугӯ доштанд.  Раиси ноҳияи Файзобод Миралӣ Раҷабзода изҳор дошт, ки дар қонуни зикршуда ҷиҳати таҳкими фаъолияти комиссияҳои доимии маҳаллӣ ва ҷамъиятӣ, салоҳияти ин комиссияҳо меъёрҳои нав пешбинӣ шудаанд, ки яке аз онҳо таъсиси комиссияҳои ҷамъиятист. Минбаъд дар вазорату идораҳо, корхонаю ташкилот ва муассисаҳо, ки дар онҳо на кам аз 30 нафар кор мекунад, комиссияҳои ҷамъиятӣ таъсис дода мешаванд. Намояндагони ин комиссияҳо ҷиҳати пешгирии қонуншиканиҳо фаъолияти дигар сохторҳои марбутаро таҳким бахшида, дар сурати ошкор намудани камбудию норасоиҳо ба мақоми ваколатдор ва ё комиссияҳои доимии маҳаллӣ хабар медиҳанд.
Бузургмеҳри БАҲОДУР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.09.2017    №: 197    Мутолиа карданд: 290

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад

ЭКСПО дар Шанхай: шартномаҳо ба маблағи қариб $60 миллиард ба тасвиб расиданд

Сӯхтори ҷангал дар Калифорния боиси ҳалокати 25 нафар гашт

Ҷаҳон дар як сатр

ВАХШ. Суратҳисоби бонкӣ барои ятимон

ОЛИМПИАДАИ “GENIUSKIDS – 2018” 35 медали хонандагони тоҷик

САМБО. Хушқадам Хусравов – қаҳрамони ҷаҳон

09.11.2018


Ҳамоишҳои ҷавонон бахшида ба Рӯзи Президент

Баррасии масоили рушди ҳамкориҳо

Мулоқоти Юсуф Раҳмон бо Кристофер Рэй


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед