logo

Хабарҳо

ҚАЛЛОБӢ кам, вале худсарона ишғол намудани замин зиёд шудааст

То моҳи августи соли равон дар вилояти Хатлон 4 ҳазору 482 ҷиноят сабт шудааст, ки аз ин 4 ҳазору 375 ҷиноят аз ҷониби кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва прокуратура ошкор гардидааст.
Аз Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ба мо хабар доданд, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта ҷиноятҳои вазнин 120 адад, авбошӣ 26 ва худсарона ишғол кардани замин 21 адад афзудааст. Лекин, хушбахтона, ҷиноятҳои қаллобӣ 86 адад, ғайриқонунӣ тайёр кардан, нигоҳ доштан ва интиқоли воситаҳои нашъаовар - 37, ҷиноятҳои вобаста ба фаъолияти экстремистӣ 10, терроризм – 3, тамаъҷӯӣ - 7, қасдан вайрон кардани амвол - 4, ғайриқонунӣ гузаштан аз сарҳад 1 адад кам шуда, се навъи дигари ҷиноятҳои вазнин  содир нашудааст.
Камшавии назарраси ҷинояткорӣ дар 11 шаҳру навоҳии вилоят, назири Абдураҳмони Ҷомӣ, Дӯстӣ, Фархор, Балҷувон ва Восеъ мушоҳида мегардад.

Саршумори паранда коҳиш ёфт
Саршумори паранда дар шаҳру  навоҳии вилояти Хатлон дар тӯли ҳашт моҳи соли 2017 камшавию зиёдшавии ғайри мутавозин дошт.
Соли гузашта дар ҳамин давра дар ноҳияи Ёвон дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ 175 ҳазору 129 сар паранда парвариш меёфт. Вале нишондиҳандаи мазкур дар соли ҷорӣ ба 116 ҳазору 384 сар паранда ё ба 66,5 дарсади моҳи ҳаштуми соли 2016 баробар гардидааст. Дар ноҳияи Муъминобод саршумори паранда аз 101 ҳазору 708 сари соли гузашта имсол ба 76 ҳазору 827 (75,5%) сар расонда шуд. Ноҷӯрӣ дар кори парандапарварони ин ду навоҳӣ боис гардидааст, ки саршумори паранда дар маҷмӯъ дар ҳудуди вилоят аз 1717954 сари соли 2016 имсол то 1679986 сар кам гардад. 
Боиси қаноатмандист, ки дар 23 шаҳру ноҳияи дигар, саршумори паранда афзудааст.
Дар вилоят ба андозаи 107 дарсад тухм истеҳсол шудааст. 
Зокир ҲАСАН, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 188

17.07.2018


Мулоқоти Қоҳир Расулзода ва Абдулло Орипов дар Фарғона

Ҷаласаи мушовараи мақомоти корҳои дохилӣ баргузор шуд

Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Тоҷикистон 3 мактаби нав месозад

Мунтахаби Тоҷикистон – ғолиби мусобиқаи Ҷоми шаҳрдории Остона

Ҷаҳон дар як сатр

Путин гуфтушунид бо Трампро бобарор номид

Трамп аз натиҷаҳои вохӯриаш бо Путин нақл кард

Ҳалокати мардуми осоиштаи афғон дар ҳоли афзоиш аст

Ҳангоми чемпионати ҷаҳон 25 миллион киберҳамла пешгирӣ шуд

16.07.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин бо Пратибҳа Меҳта

Машварати муовинони вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои СҲШ

Баррасии тақвияти ҳамкориҳо бо Бонки ҷаҳонӣ

РОҒУН. Бунёди иншооти нав ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ

ФАРОНСА – чемпиони ҷаҳон

Ҷаҳон дар як сатр

Трамп ҷонибдори роҳандозии муносибот байни ИМА ва Британия бо Русия ва Чин аст

Чин соли 2020 «қудрати донорӣ» мешавад

Нахустин дар ҷаҳон рентгени сеҷонибаи ранга сохта шуд

Дар Дачжоу писарчаи аз ошёнаи бистум афтода наҷот ёфт

13.07.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Ясмин Гуедар

Баррасии Барномаи дастгирии рушди неруи инсонӣ

Баргузории конфронси «Ҳунарҳои мардумӣ: эҳё, ҳолат, рушд ва дурнамо»

Пирӯзии теннисбози тоҷик дар ИМА

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар СҲШ зарурати тақвияти мубориза алайҳи терроризмро таъкид карданд

Трамп: «Путин рақиби ман аст, лек метавонад дӯст гардад»

Русия сазовори ҷоми макроиқтисодии ҷаҳон шуд

Бонки ҷаҳонӣ: «Бесаводии духтарҳо $30 триллион зарар меорад»

12.07.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Чари Атаев

Боздиди Прокурори генералӣ аз Бадахшон

Форуми ҷумҳуриявӣ дар Хоруғ ҷавононро ба ҳам меорад

Озмун бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

ДАНҒАРА. Ҷамъоварии ҳосили фаровони ғалла

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед