logo

фарҳанг

НАВОИ ГУФТОР ДАР ЗАБОНИ ТОҶИКӢ

Забони тоҷикии (форсии) классикӣ яке аз зеботарин ва оростатарин забонҳои дунёст ва дар сояи талоши шоироне чун Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Ҳофиз, Саъдӣ, Ҷалолиддини Румӣ ва шахсияти нобиғаи замони навин, устод Садриддин Айнӣ сурати имрӯзӣ ба худ гирифтааст. Онҳо шахсиятҳои нобиғае буданд, ки осорашон ба сони муъҷиза забонро ҷилову  ҷилва бахшида, то рӯзгори мо нигаҳ доштаанд. Имрӯз ошкор аст, ки устод Айнӣ новобаста ба сиёсати забонсозии замони шӯравӣ, яъне баландии забони адабиро бо гӯиши халқ (омиёна) поён фаровардан, барои аз олудагӣ раҳонидани он, талошҳои хизрона кардааст.
Ҷуз аз суханрониҳо ва мақолаҳои бешумораш дар ин росто устод Айнӣ дар роҳи нигаҳдошти покиву равонии забони тоҷикӣ нисбат ба шогирдон ва онҳое, ки ба офариниши сухан сарукор доштанд, ниҳоят сахтгиру серталаб буд. Дар ин маврид ёддоштҳои нависандаи  бузурги тоҷик Ҷалол Икромӣ равшангару гӯёст, ки дар рӯзномаи «Тоҷикистони советӣ» (ҳоло “Ҷумҳурият”), 17 июни соли 1990 зери унвони «Сабақҳои устод»  ба чоп расида буд. Дар  мақола таҳрирҳои устод Айнӣ бозоварда шудаанд, ки ҳатто дар баёни нутқи айнан нақлшудаи қаҳрамони ҳикоя, ба худдорӣ кардани Ҷалол Икромии навқалам аз корбурди шеваи гуфтори музофотӣ ишораҳо дорад. Чунончи: пурсиши «Касал – мӣ?» -  ро бо ҷумлаи «Магар бемор аст?», гӯиши музофотии «Рашоед ба хона» - ро бо гуфтори тоҷикии адабӣ - «Равон шавед ба хона» ва монанди он вожаҳову таркиботи дигари носараву нодурустро таҳрир кардааст. Ҷолиб он аст, ки устод зимни қайди худ дар поварақи навиштори Ҷалол Икромӣ калимаи «ёрдам» -  ро, ки имрӯз низ бо иштибоҳ чунин ба кор мебаранд, барсохтаи тоҷикзабонони нодон донистааст:  «Калимаи «ёрдам» ҳам аз он ҷумлаи калимаҳост, ки касони ғайрифорсу тоҷикзабонони нодон сохта баровардаанд ва аз забони онҳо ба тоҷикон гузаштааст...».
Забони тоҷикии асил ба худ як мусиқие дорад ва ҷой додани дурусту моҳиронаи овозҳо, нағмаи ҳарфҳоро ба миён меоварад. Албатта, риоя кардани навои сухан дар забони тоҷикӣ маънии бо қофия сухан гуфтанро надорад ва ба ҳамнишин сохтани вожаҳо далолат мекунад.
Яке аз бартариҳои забони тоҷикӣ дар нисбат бо забонҳои дигар ин аст, ки забони мо гуфтори хашену дағалро намепазирад ва гӯяндагонаш бо як осонӣ, бидуни аз ҳалқ, нӯги забон, ё  аз роҳи фишурдани гулу, ё фишор овардан ба ком ва ё дар даҳон таркиши хурде эҷод кардан, овоҳоро берун мебароваранд. Чуноне ки дар дастаи забонҳои  сомӣ,  аз  ҳалқ   овоҳои «ъ» (  -айн), «  - ҳе»....., дар забони англисӣ овоҳои бо фишори нӯги забон «the» (  - зе) ва гирд кардани лабон «w» (w - уве), дар забонҳои гурӯҳи славянӣ овоҳои «ы» (и), «ц» (тс) ва монанди он бо душвориҳои муайяни талаффузӣ берун бароварда мешаванд.
Забони тоҷикиро кас гумон мекунад, ки гӯё дар осмонҳо офарида, ба гӯяндагонаш фиристода бошанд. Дар ин забони аҳуроӣ ҳар овое ҷойи худро дошта, дар корбасти вожаҳо ва ҷой кардани маънӣ нақши вижа доранд. Ҳамон гуна, ки овои «о» бештар дар вожаҳое ба кор бурда шудаанд, ки баёнгари эҳсосоти баланд, ба сони ниёиши Худованд, савганд хӯрдан, шефтагӣ, парешониву дуову сӯгворӣ ва ё ситоишу офарин хондану арҷгузорӣ кардан мебошанд. Чунончи: Додор, Офаридгор, Кирдигор, бодо, мамонод:
Ки: «Шоҳо, далеро, гаво,
сарваро!
Сарафроз шерову кундоваро!»
(Аз дуои Фарангис ба Сиёвуш, «Шоҳнома», ҷ. III, с. 217).
Ва ё овоҳои «ж», «з», «г», «ғ», «р», «ш»  дар вожаҳое бошиддат ифода мегарданд, ки ҷангу пархош, норозӣ будан ва ноосудагии гӯяндаро ифода карда, созандаи калимаҳои бозгӯкунандаи матонат ва иродаи тавонои гӯянда низ мебошанд.  Ба сони «дижам», «ҷанг», «занг», «ғирев», «ғавғо», «нажанд»......  Ҳамон гуна, ки дар ин байт Ҳаким Фирдавсӣ ғазаби ҷаҳонпаҳлавонро бо вожаҳое барчидааст, ки овои бошиддати «р» баёнгари он аст:
Бар ин теғи ҳиндӣ бибуррам
сарат,
Бигиряд ба ту ҷавшану
миғфарат.
(«Шоҳнома», ҷ. I, с. 100)
Ончуноне дида мешавад, офаринишгарони сухан тавонистаанд ҳарфҳову вожаҳоро чунон канори ҳам шинонда ҳамнишин кунанд, ки ҳамоҳангии вожаҳо баёнгари мазмуни он гаштааст, яъне лафзу маънӣ бо ҳам созгор омадаанд. Аммо ҳангоме ки талаффузи вожаҳои тоҷикиро мешунавем, гаҳе пай мебарем, ки ба шеваи дурусти баён аҳамияти боиста дода намешавад. Хондану гуфтани бархе вожаҳо ғайритабиӣ ва нодуруст ба гӯш мерасанд. Талаффузи асили тоҷикиро, масалан, аз роҳи ифодаи овоҳои «л» - и русӣ, ё «ҳ» ва «ъ» (айн) - и арабӣ олуда месозанд. (Ба сони ифодаи русимонанди «каЛон» ва арабигунаи «маЪориф»...).  Гузашта аз ин, калимаҳое, ки дар хати форсӣ бо ҳарфи     (айн)  оғоз меёбанд, бархеҳо мепиндоранд, ки бо илова кардани ҳарфи ъ (аломати сакта), он ифодаро пурра хоҳанд сохт. Ба монанди ъориф, ъолим...).  Аммо бояд донист, ки забони тоҷикӣ ба ҳеҷ гуна талаффузҳои русӣ ва тозӣ ниёзе надорад.
Забони давлатӣ аз тарафи Пешвои тоҷикони ҷаҳон муҳтарам Эмом-алӣ Раҳмон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нигаҳбонӣ мешавад, вале дар баробари ин ғамхориҳо моро мебояд табъу завқи забондониамонро боз ҳам боло бибарем. Боястӣ барои ифодаи ҳар ово, ҳар навои сухани адабии тоҷикӣ кӯшид.
Зафар МИРЗОЁН, мушовири ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.09.2017    №: 198    Мутолиа карданд: 323

20.11.2018


СУҒД. Оғози сохтмони раёсати маориф

ЛЕВАКАНТ. Конфронси илмӣ - назариявӣ ба ифтихори Иҷлосияи XVI

"Парасту" дар Тоҷикобод

Сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ барои машварат дар Тошканд ҷамъ меоянд

Финляндия ҷонибдори ҳузури Россия дар Шӯрои Аврупо

Вазорати маорифи Афғонистон 30 ҳазор занро ба кор мегирад

Баррасии рушди инклюзивии иқтисоди қитъа дар Гвинея Папуаи Нав

Ҷаҳон дар як сатр

АНВАР ЮНУСОВ СОҲИБИ КАМАРБАНДИ WBF

"СОРО КОМПАНИЯ" ҒОЛИБИ ЛИГАИ КАСБИИ ФУТЗАЛИ ТОҶИКИСТОН

19.11.2018


ДЕВАШТИЧ. Авҷи созандагиҳо дар Ҷамоати деҳоти Яхтан

Артиши Сурия охирин истеҳкоми «ДИ» дар ҷануби кишварро зери назорат гирифт

Дар ҳама минтақаҳои Ӯзбекистон «мактаби президентӣ» месозанд

Роҳандозии барномаи махсуси давлатии ипотекӣ барои дӯзандагони Қирғизистон

Киштии зериобии «Сан Хуан» - ро дар уқёнуси Атлантика ёфтанд

Ҷаҳон дар як сатр

Кулишов: «Марзҳои ИДМ бо таҷҳизоти муосир таъмин карда мешаванд»

Дар Тоҷикистон омӯзгори забони англисӣ барои таблиғи «ДИ» 19 сол гирифт

Қазоқистон мубориза бо машруботро сахттар мекунад

Фоидаи туризм ба кадом шаҳри дунё бештар аст?

Ҷаҳон дар як сатр

"ИСТИҚЛОЛ" бори аввал барои Ҷоми чемпионҳои КФО мубориза хоҳад бурд

Омодагии тими миллӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон – 2022

УСМОН ТОШЕВ САРМУРАББИИ НАВИ ДАСТАИ МУНТАХАБ

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед