logo

иҷтимоиёт

ТАНЗИМ АЗ МАРДУМ ВА БА МАНФИАТИ МАРДУМ

Тағйиру  иловаҳое, ки ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ворид шуданд, пеш аз ҳама, ба манфиати мардум, яъне таъмини баробарии иҷтимоӣ, коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ дар ҷомеа ва дар ин замина таъмини амнияти шаҳрвандон равона гардидаанд.
Сокинони вилояти Суғд тағйиру иловаҳои ба қонун воридгардидаро саривақтӣ ва манфиатовар арзёбӣ намуда, барои татбиқи бечунучарои онҳо саъю талош доранд. Нахустин иде, ки баъд аз ворид гардидани тағйиру иловаҳо ба қонуни танзим доир гашт, иди Қурбон буд ва аз рӯи мушоҳидаҳо метавон хулоса кард, ки мардум талаботи қонунро пурра риоя мекунанд.
- Дастархони маънавии хоксорона оростан ва роҳ надодан ба исрофкорӣ ва зиёдаравии мардумро дар рӯзи иди Қурбон дида, хурсанд шудем, - мегӯяд Нуъмонҷон Ғаниев, муовини раиси Ҷамоати деҳоти Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров. - Дар ягон ҷо қонуншиканӣ ба чашм  нарасид. Мардум якдигарро бо ид табрик мекарданду сари як пиёла чой ҳолу аҳвол мепурсиданд. Айни замон дар Ҷамоати деҳоти Хистеварз наздик ба 60 ҳазор нафар ба сар мебарад. Сокинони ҷамоати деҳот мазмун ва моҳияти тағйиру иловаҳоро ба хубӣ дарк кардаанд. Онҳо аз ҳисоби маблағҳои сарфакардаашон сатҳу сифати рӯзгори худу фарзандонашонро баланд бардошта истодаанд, ки қобили дастгирист.
- Бо қабули қонуни мазкур ҳодисаҳои бетартибӣ дар тӯйҳо, то ҳадди содир шудани ҷиноятҳои вазнини авбошӣ, вайрон гардидани қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳо ва садамаҳои нақлиётӣ ҳангоми ҳаракати мошинҳои арӯсу домод аз байн рафтанд, - иброз дошт Нуъмонҷон Ғаниев. - Бо мақсади боз ҳам баланд бардоштани сатҳи маърифати маъракаороии мардум, масъулияти соҳибони тарабхонаю тӯйхонаҳо, ки  дар ҷамоати мо  100 ададро ташкил медиҳад, моҳияти тағйиру иловаҳо фаҳмонда мешавад.
Баҳром - Алӣ Аҳмадзода, табиб, собиқадори меҳнат, аз он изҳори қаноатмандӣ намуд, ки ба қонуни амалкунандаи танзим тағйиру иловаҳо ворид гардиданд. Ҳадаф, пеш аз ҳама, беҳбуд бахшидан ба сатҳу сифати зиндагии ҳар як сокини Ватани азизамон аст. Мақсади Сарвари давлат низ аз он иборат аст, ки ҳар як шаҳрванди кишвар дар шароити боз ҳам беҳтар ва хонаву дари ободу зебо умр ба сар барад ва барои муҳайё намудани зиндагии шоиста талош намояд.
Шавкат Ёрматов, раиси Ҷамоати деҳоти Ашти ноҳияи Ашт, бар ин назар аст, ки риояи талаботи қонун ва татбиқи он бояд дар меҳвари фаъолияти масъулони соҳа ва ниҳодҳои дахлдор қарор гирад. Ҳеҷ кас ҳуқуқ надорад, ки муқаррароти қонунро вайрон кунад ва ё риоя нагардидани талаботи қонунро дида, чашм пӯшад. Мо бояд ба ҷойи худнамоишдиҳӣ ба амалҳои неки хайру сахо, иқдомҳои ободкориву созандагӣ даст занем ва Ватани азизамонро пешрафтаю шукуфон гардонем. 
Дар суҳбату вохӯриҳо бо мардум ба чунин натиҷа расидем, ки сокинони вилояти Суғд тағйиру иловаҳои ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» воридшударо ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, барои татбиқи бечунучарои онҳо талош хоҳанд кард.
Ҷовиди АШТӢ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.09.2017    №: 198    Мутолиа карданд: 400

19.02.2019


МАКТАБИ ДАВЛАТДОРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

Баррасии масъалаҳои рушди сайёҳӣ

Вохӯрии Низомиддин Зоҳидӣ бо Мазен Шамия

Дурнамои рушди муносибатҳо матраҳ гардид

ҶОМИ КУШОДАИ АВРУПО. Муҳаммадризо Қувватов медали биринҷӣ ба даст овард

Авҷи ниҳолшинонӣ

Саҳми соҳибкорон дар ободии деҳот

Ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Чин ва Россия густурдатар мегардад

Сарвар Дониш: «Музокироти сулҳ бидуни ҳукумат қурбе надорад»

«Туҳфаи шоҳона» - и Арабистони Саудӣ ба шаҳрвандони Покистон

Дар Қазоқистон маркази амнияти иттилоотӣ ифтитоҳ меёбад

Сокини навраси Шимкент ду нафарро аз сӯхтор наҷот дод

Ҷаҳон дар як сатр

18.02.2019


Боздиди Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ

ВКД Ҷиноятҳо 83,6 дарсад ошкор шуданд

Вазорати молия. Барои дастгирии буҷет маблағи бештар ҷалб хоҳад гашт

«BISHKEK OPEN – 2019». Дурахши каратэ-дочиёни навраси тоҷик

«МОҲИЯТ ВА ТАЪЙИНОТИ МАТБУОТИ МАҲАЛЛӢ»

РОҒУН. Ободонӣ вусъат меёбад

АНДОЗ. Нақша 100, 6 дарсад иҷро гардид

ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН. Гардиши савдо ду баробар афзуд

Тоҷикистон миёни кишварҳои ИДМ ба афзоиши баландтарини ММД муваффақ гашт

Дар Тошканд конфронси байналмилалӣ оид ба Осиёи Марказӣ баргузор мегардад

Қасри сафед: "Музокироти тиҷоратӣ дар Пекин ба пешравӣ мусоидат кард"

Трамп мехоҳад ҷангиёни «Давлати исломӣ» - ро ба Аврупо барои суд кардан баргардонад

Кумитаи амнияти иттилоотии Қазоқистон беш аз 90 сомонаи хавфнокро ошкор сохт

Ҷаҳон дар як сатр

15.02.2019


ШАМШЕРБОЗӢ. ИШТИРОКИ ВАРЗИШГАРОНИ МО ДАР ЧЕМПИОНАТИ КУШОДИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар Душанбе ташкили низоми муттаҳидаи мудофиаи зиддиҳавоӣ баррасӣ шуд

Дар чор сол муомилоти мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон 19 маротиба афзуд

Медведев: «Таҳримоти ИМА ба иқтисоди Россия таъсири чандон бузург расонда наметавонад»

Пентагон. ИМА аз Афғонистон ҳамроҳи иттифоқчиёнаш меравад

13.02.2019


2018. Сиёсати хориҷии Тоҷикистон пурбарор буд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед