logo

фарҳанг

КОРМАНДИ "ҶУМҲУРИЯТ" АКАДЕМИКИ АКАДЕМИЯИ САНЪАТИ ТЕАТРӢ ГАРДИД

Аъзои Академияи санъати театрии Ҷумҳурии Қирғизистон номзади илмҳои таърих, театршиноси тоҷик Муҳаммадулло Табаровро якдилона академики академияи мазкур интихоб намуданд.
Тасмими Академияи санъати театрӣ барои мо як андоза ғайриинтизор бошад ҳам, миёни ходимони театрии минтақа ҳамчун қадршиносии хидматҳои олими тоҷик дар рушди илми театршиносӣ ва нақди он пазируфта шуд. Ду сол пеш мутобиқи натиҷаҳои пурсиши миёни ходимони театрии Қирғизистон гузарондашуда М. Табаров дар қатори се нафар мунаққиди шинохтаи минтақа   қарор гирифт.

Муҳаммадулло Табаров шогирди доктори илмҳои санъатшиносӣ, профессор Низом Нурҷонов (равонашон шод бод!) буда, ба таҳқиқи масъалаҳои таъриху назарияи санъати театрӣ, махсусан театри суннатӣ ва драматургияи милливу татбиқи саҳнавии он машғул мебошад. Асарҳои «Шахсият, таърих, саҳна», «Воқеаҳо ва намоишҳо», «Театр ва истиқлол» ба масъалаҳои рушди ҳунари театрӣ дар замони мо ва таъсири воқеаҳои ин давра ба рушду нумӯи он бахшида шудаанд. Маҷмӯи очеркҳои муаллиф таҳти унвони «Фазои ҳамгироӣ» ба масъалаҳои таъсири мутақобилаи фолклор, драматургия ва театр бахшида шудаанд. Монографияи «Театри Мавлоно ва ҷиҳатҳои театрии зикру самоъ» аз ҷониби муҳаққиқони соҳа баҳои баланд гирифта, қисматҳои алоҳидаи он дар нашрияҳои соҳавии Чехия, Украина, Арманистон ва Қазоқистон нашр гардидаанд. Ҳамчунин, очерку мақолаҳои ҷудогонаи ӯ дар Амрико, Русия, Чин, Ҳиндустон, Эрон, Покистон, Озарбойҷон, Латвия, Қирғизистон ва дигар кишварҳо чоп шудаанд.
Таҳқиқи раванди ташаккули маҳорати ҳунарии дастаҳои театрии кишвар дар эҷодиёти ин муҳаққиқ мавқеи муҳим дорад. Мавсуф доир ба Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон ба номи М. Воҳидов ва Театри таҷрибавии тамошобини ҷавони ба номи М. Қосимов «Аҳорун» асарҳои ҷудогона эҷод намудааст.
Дар нақди театрӣ яке аз портретистҳои чирадаст ба шумор меравад. Миёни нигоштаҳояш маводи дар бораи ҳаёт ва эҷодиёти Аслӣ Бурҳонов, Туҳфа Фозилова, Ҳошим Гадоев, Фаррух Қосимов, Ҳабибулло Абдураззоқов, Убайдулло Раҷабов мақоми хос доранд. Портретҳои беҳтаринаш таҳти унвони  «Дидори дӯст» ба нашр расидаанд. М. Табаров дар таҳқиқи равандҳои муосири драматургияи миллӣ низ саҳм дошта, доир ба он маводи зиёд нашр намудааст. Муҳимтарин офаридааш дар ин самт асари «Нақши нур» ба ҳисоб меравад, ки дар мисоли эҷодиёти Нур Табаров тамоми паҳлуҳои соҳа ба риштаи таҳқиқ кашида шудаанд. 
Академики Академияи санъати театрӣ интихоб гардидани Муҳаммадулло Табаров ифтихори аҳли эҷоди рӯзнома низ мебошад. Аҳли эҷоди рӯзнома бо табрик ва таҳнияташ барои ӯ боз ҳам дастовардҳои зиёду бузургро хоҳон аст.
Абдулқодири РАҲИМ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.09.2017    №: 198    Мутолиа карданд: 309

18.03.2019


ГРАНД СЛЕМИ ЕКАТЕРИНБУРГ. Беҳрӯз мақоми сеюмро гирифт

Tesla дар Қазоқистон нуқтаҳои нерудиҳӣ месозад

Аз фурӯравии биноҳо дар Чин 10 нафар ҷон бохт

Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё дар фикри бунёди биржаи меҳнат шуд

Сиёсатмадори олмонӣ лағви таҳримоти зиддирусиро зарур мешуморад

Ҷаҳон дар як сатр

13.03.2019


Парвиз Давлатзода бо Чэн Гуопин вохӯрд

Имконияти таҳсил дар ДДУК тавсеа меёбад

Маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлолият ва Озодӣ» интихоб гардид

06.03.2019


Назорати фаъолияти ширкатҳои букмекирӣ пурзӯр мешавад

Бунёди маҷмааи корхонаҳои нассоҷӣ дар назар аст

Форуми якуми иттилоотонии ҷомеаи шаҳрвандӣ баргузор мегардад

ҶОМИ "ФФТ" "Истиқлол" бори панҷум онро соҳиб шуд

Варзишгарони тоҷик 5 медал ба даст оварданд

Ҷаҳон дар як сатр

Нилуфар Рофиева дар озмуни нозанинҳои Россия ғолиб омад

Лондон муносибаташро бо Москва ба эътидол овардан мехоҳад

Покистон ба гуфтушунид бо Ҳиндустон шурӯъ мекунад

Андешаи Лукашенко оид ба яхи обнашудаи муносибот бо Иттиҳоди Аврупо

Соли 2019 ду ҷоизаи Нобел дар соҳаи адабиёт супурда мешавад

05.03.2019


СУҒД. Авлавият ба кишти картошка

04.03.2019


Хуҷанд ба даҳгонаи шаҳрҳои беҳтарини сайёҳӣ ворид гардид

Сертификати армуғони сайёҳӣ таъсис ёфт

ҶОМИ "ФФТ". "Истиқлол" ва "Кӯктош" дар финал

Осиёи Марказӣ. Камтарин теъдоди маҳбусон дар Тоҷикистон аст

Москва ва Вашингтон нархи раводидро арзон карданд

Қазоқистон ба воридоти меваю сабзавоти Қирғизистон роҳ мекушояд

Лавров: «Вазъият дар Сурия ба эътидол омад»

Ҳалокати 29 нафар аз обхезӣ дар ҷануби Афғонистон

Ҷаҳон дар як сатр

01.03.2019


ФУТБОЛ. «Хуҷанд» бо «Аҳал» мубориза мебарад

Бори нахуст дар таърих якбора ду зан ба кайҳони кушод мебароянд

Пекин дар фикри эъмори Девори бузурги чинӣ шуд

Испания солимтарин кишвари дунё эътироф гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед