logo

паёмҳо

Паёми табрикии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди саиди Фитр, 18 сентябри соли 2009

Ҳамватанони гиромӣ!
Ҳар сол дар охири моҳи шарифи Рамазон иди саиди Фитр ҳамчун яке аз  аркони панҷгонаи дини ислом аз ҷониби мусулмонони ҷаҳон, аз ҷумла мардуми тоҷик, бо хушҳоливу самимияти хоса таҷлил мегардад. Чунки фазилати асосии ин моҳи муборак нозил шудани аввалин оятҳои Қуръони маҷид мебошад, ки пайравони дини мубини исломро ба роҳи росту мустақим, адои тоату ибодат, анҷом додани корҳои хайру сахо ва раҳмату шафқат ҳидоят менамояд.
Тибқи таълимоти исломӣ рӯза доштан риёзати ҷону тан буда, ба ин васила инсонҳо ҷисму рӯҳи худро аз хаёлу андешаи ботил ва кирдору рафтори ношоиста эмин нигоҳ медоранд. Ба ибораи дигар, риёзату ибодат усулан одоби писандидаву неки исломӣ буда, моҳияти асосии дини ислом низ талқини покиву озодагӣ, порсоиву парҳезкорӣ ва омӯхтани илму дониш аст.
Имрӯз аз баракати истиқлолияти давлатӣ мардуми кишварамон дар баробари дигар ҳуқуқу озодиҳо аз озодии эътиқоди динӣ низ пурра баҳравар буда, дар Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо идҳои мубораки Рамазон ва Қурбон дар радифи ҷашнҳои бузурги милливу давлатиамон – Рӯзи истиқлоли давлатӣ, Ваҳдати миллӣ, Рӯзи Конститутсияи мамлакат ва Наврӯз таҷлил карда мешаванд.
Ҳоло ҳамаи ташкилоту муассисаҳо ва ҷамоатҳои динӣ дар доираи қонун озодона амал карда, ниёзҳои пайравони худро бе ягон мамониат қонеъ мегардонанд.
Ҳамчунин бояд гуфт, ки илму ҳикмат, фалсафаву адабиёт, сиёсату ҳуқуқ ва дигар арзишҳои волои миллии мо дар тӯли асрҳо бо арзишҳои исломӣ омезиш ёфта, яке дигареро сайқал додааст ва ғанӣ гардонидааст.
Аз ин рӯ, мусулмонони кишвари мо пайравони ақидаву эътиқоди динии мӯътадил буда, ислом барои онҳо нишонаи имондорӣ, воситаи ғанӣ гардонидани ҷаҳони маънавӣ, тарбияи ахлоқи ҳамида ва қонеъ гардонидани ниёзҳои рӯҳонӣ мебошад. Гузашта аз ин, ниёгони хирадманди мо бо донишу андеша ва осори ҷовидонаи худ ба тамаддуни исломӣ хизматҳои шоиста карда, дар пешрафту густариши дини мубини ислом, ташвиқу тарғиби он ва ваҳдату иттиҳоди мусулмонон саҳми арзанда гузоштаанд. Мисоли равшани ин гуфтаҳо рӯзгор ва осори фарзанди фарзонаи миллати тоҷик - Абӯҳанифа Нӯъмон ибни Собит, яъне Имоми Аъзам, мебошад.
Мазҳаби Имоми Аъзам дар таърихи тамаддун ва фарҳанги исломӣ, дар ҳифзу инкишофи фарҳанги миллӣ ва ҳаёти маънавии халқҳои мусулмон, аз ҷумла мо – тоҷикон, нақши муассир гузоштааст. Махсусан имрӯз, ки шинохти мероси исломии мо дар заминаи бузургдошти Имоми Аъзам сурат мегирад, афкору андешаи ин бузургмарди таърих ба раванди худогоҳиву худшиносии миллиямон вусъати тоза мебахшад.
Аз Имоми Аъзам оғоз ёфтани бозомӯзии мероси исломӣ дар ҷомеаи мо бесабаб нест. Хидматҳои шоистаи ӯ дар рушди дини ислом ва ташаккули шариати исломӣ воқеан мояи ифтихори натанҳо тоҷикон, балки аксари мусулмонони ҷаҳон аст.
Имом Абӯҳанифа дар асоси Қуръони азимушшаън, суннати Расули акрам ва қавли саҳобагон дар таълимоти худ ҷавҳар ва моҳияти башардӯстона ва инсонпарваронаи дини мубини исломро дар беҳтарин шакл инъикос намудааст.
Имоми Аъзам мазҳаберо асос гузоштааст, ки дар ҳар давру замон ба хосторҳои эътиқодӣ ва моддиву ахлоқии мусулмонон мувофиқ буда, комилан ҷавобгӯи ниёзҳои мӯътақидонаш мебошад.
Аз ин лиҳоз, мо соли равонро Соли бузургдошти Имоми Аъзам - пешвои ин мазҳаби таҳаммулпазир эълон кардаем, ки асоси онро эътидол, созгорӣ бо ҳаёти ҷомеа, урфу одат ва зиндагии мардум ташкил медиҳад.
Чунонки дар таърихи ислом сабт гардидааст, иди мубораки Фитр дар соли аввали ҳиҷрати Расули акрам ҳазрати Муҳаммад аз Маккаи мукаррама ба Мадинаи мунаввара ҳукми шаръӣ гирифта, дар тӯли зиёда аз ҳазору чорсад сол ҳамчун яке аз фаризаҳои асосии бинои мусулмонӣ шинохта шудааст.
Аз ҷумлаи одобу анъанаҳои неке, ки барои истиқболи иди саиди Фитр ба мо аз пайғамбарамон мерос мондааст, хайру садақа кардан ба эҳтиёҷмандон мебошад.
Вобаста ба ин, мехоҳам ба як масъала таваҷҷӯҳ фармоед, ки дар намози иди Фитр таъхир кардан мумкин аст ва уламои дин ин таъхирро ҳамчун фурсати ғанимат барои анҷом додани корҳои хайру савоб, аз қабили эҳсону накӯкорӣ, хайру саховат, раҳму шафқат, дасти ёрӣ дароз кардан ба эҳтиёҷмандон, ба ҷо овардани поси хотири гузаштагон ва садақаи фитр, тафсир кардаанд.
Ҳикмати асосӣ дар ин маврид, аз як тараф, ноил шудани саховатпешагон ба савоби бештар ва аз сӯи дигар, фароҳам овардани имконияти бештар барои баҳравар гардидани ниёзмандон аз хайру саховати онҳо мебошад.
Бинобар ин, бо истифода аз фурсати муносиб бори дигар ба шахсони саховатманду ҳимматбаланд муроҷиат карда, онҳоро даъват менамоям, ки дар ин рӯзи саид ва дар рӯзҳои дигар низ дасти ҳиммати худро ба ятимону бепарасторон ва эҳтиёҷмандону дармондагон дароз карда, бо чунин иқдоми ҷавонмардона соҳиби савоби зиёде шаванд.
Ҳамчунин мардуми шарифи Тоҷикистон ҳамчун ворисони фарҳангу тамаддуни қадима ва расму оинҳои бостонӣ хуб медонанд, ки баракати зиндагӣ аз сариштакорӣ афзун мегардад. Аз ин лиҳоз, риояи ҳатмии Қонун дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо бояд ба одати ҳар як сокини мамлакат табдил ёбад.
Маблағҳои аз маъракаву чорабиниҳои серхароҷоту нодаркор сарфашударо, пеш аз ҳама, барои таълиму тарбияи фарзандон, ки ояндаи мо мебошанд, сарф кардан, инчунин дар сурати имкон гирифтани дасти дармондаву мӯҳтоҷе айни савоб аст.
Мову шумо аз сарчашмаҳои таърихӣ медонем, ки гузаштагони хирадмандамон, аз ҷумла пири мазҳабамон – Имоми Аъзам, ҳам, худашон бо чунин амалҳои хайру савоб намунаи дигарон будаанд ва ҳам барои ояндагон анҷом додани ин аъмоли наҷибро васият кардаанд. 
Дар охир бо изҳори итминон ба ояндаи неки кишвари соҳибистиқлоламон тамоми мардуми мусулмони Тоҷикистонро бо фарорасии иди саиди Фитр аз самими қалб табрик гуфта, ба ҳар хонадони кишвар бахту иқболи нек, хушҳоливу хушбахтӣ, ҳамдиливу якдигарфаҳмӣ ва рӯзгори осудаву пурсаодат орзу менамоям.

Идатон муборак бошад, ҳамватанони азиз!


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 975

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар

РӮШОН. Ифтитоҳи маркази дуошёнаи савдо

Муҳаммад Салоҳ – беҳтарин футболбози Африқо

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Самарқанд мизбони нахустмулоқоти «Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ»

Баргардондани 47 шаҳрванди Қазоқистон аз Сурия

Остона ба гузарондани Ҳамоиши ҷаҳонии туризми шаҳрӣ омодагӣ мегирад

Дар Беларус бори нахуст ҳукми қатл содир шуд

09.01.2019


Таҷлили 110 - солагии аллома Бобоҷон Ғафуров

GLOBE SOCCER AWARDS. Беҳтаринҳоро муайян кард

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар Пекин музокироти тиҷоратии ИМА ва Чин мегузарад

Эрдуғон пирӯзӣ бар террористони «Давлати исломӣ» - ро эълом дошт

Разведкаи Сурия дар ҳафт сол 80 саркардаи исломиро нест кард

Сарвари ҶХД Корея ба Чин бо ташрифи серӯза омад

Танзими нархи дорудар Қазоқистон

04.01.2019


Парвози чартерӣ дар масири Душанбе - Шарм-уш-шайх

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Ҳалокати зани тоҷик ва се фарзандаш дар Магнитогорск

Ваколати нави намояндаи Тоҷикистон дар СҲШ

Аз Сурия баромадани артиши амрикоӣ оғоз ёфт

Зонди чинии "Чанъэ-4" дар Моҳ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед