logo

фарҳанг

БО ЗАБОН ПАЙКАРИ МИЛЛАТРО МЕСОХТ

«ВОЙ БАР ҲОЛИ ОНЕ, КИ ЗАБОН НАДОРАД»


Дар ҳақиқат, устод Айнӣ он шахсияте буд, ки тавассути забони модарӣ пайкари захмину гумшудаи миллатро аз нав сохтан мехост. Дар айёме, ки ӯ ба сар бурдааст, ягона василаи миллатсозӣ ҳамин роҳ буд. Вай он нафаре буд, ки дар гирдоби тираи замон дар роҳи наҷоту истиқлоли миллат талош мекард. Ин фарзанди содиқи миллат донишманди тавоно буд ва амиқ дарк сохта буд, ки тоҷик дар оғози асри бист дар гирдоби ҷаҳолати фаносоз  қарор гирифтааст.

Махсусан забони миллати ӯ, ки қалби миллаташ ба ҳисоб мерафт, зах-мину бемор буд ва барои муолиҷаи он камари ҳиммат мебасту мардонаву боҷасорат ба майдонҳои набард ворид мегардид. Силоҳи ӯ қалам буду сухан  ва ин силоҳ нотавонбинони оғози асри гузаштаро забун низ месохт. Ӯ миллатро ба ислоҳоти маънавӣ даъват менамуд ва чунин меҳисобид, ки агар «дунё пур аз адолат шавад ҳам, фарди бехату савод ҳамоно беҳуқуқу манзур хоҳад монд». Ин даъват ишора ба он дошт, ки миллат бояд ба дифову эҳёи забону фарҳанги худ бархезаду аз ҳуқуқҳои худ ҳимоя намояд. Аз инқилоби таҳмилӣ ҳасудону нотавонбинон бо шеваҳои гуногун истифода бурда, мавҷудияти як халқро инкор мекарданд. Устод Айнӣ ҳаммилатонашро ба донишу худшиносӣ даъват мекард ва «дар атрофи гулхану манқал бо афсонагӯӣ умр гузаронидан» - ро мӯҷиби бадбахтии тоҷикон медонист. Ӯ хуб дарк менамуд, ки дар лаҳзаҳои тақдирсӯз забон чун рукни бузурги фарҳанг миллатро наҷот дода метавонад. Бодарду ҳасрат иброз медошт, ки  «вой бар ҳоли оне, ки дар дунё зистаасту забон надорад» ва амиқан медонист, ки «забон лозим аст, то як қавм дарди дили худро иброз кунад».

Забонро халқ месозад
Ягон доираи адабу илму зиё бо ҳама қудратҳо дар ягон давру замон забонеро насохтааст. Забонро халқ меофарад ва тақдирсӯзу тақдирсози он низ халқ мебошад. Фасоҳату балоғату ширинии забони модариро дар забони халқ пайдо кардан мумкин аст. Албатта, агар он забон махлут нагаштаву солим боқӣ монда бошад. Ба  ин манзур устод Айнӣ забони парокандаи тоҷикиро бештар на аз қомусу маъхазҳо, балки аз забони гуфтугӯии халқ пайдо кардан мехост. Забони зиндаи халқро аз кӯчаву бозор ҷустуҷӯ менамуд. Ҷое устод Айнӣ гуфтааст: «…ман барои омӯхтани забони зиндаи халқ дар миёни мардум будан мехоҳам». Ин баён мантиқи бузург дошт. Забони тоҷик дар кӯчаву бозор, дар гӯишҳо боқӣ монда буд. Айнӣ ҷонибдори «забони форсии сода» буд ва онро дар забони мардуми тоҷики кӯҳистон медид. Дар ин самт дар асри худ мухолифат ба гӯиши эрониву арабӣ дошт ва дар оғози таълиму тадриси забони тоҷикӣ мухолифи китобҳое чун «Баҳори дониш» буд, ки душворфаҳм буду шеваи тоҷикиро кам фаро мегирифт. Корбасти алфозу ибороти мураккаби туркиву арабиву эрониро намеписандид.  Ибораҳои «тоҷики бечора» ва «тоҷики кӯҳистонӣ» дар забони Айнӣ васеъ ҷорӣ буд ва ин фарогири як олами бузурги маъниву маромҳо ба ҳисоб мерафт.

Забон ба тоҷик замин медод
Дар соли ҳаштуми инқилоби Октябр устод Айнӣ аз барпо шудани Тотористону Бошқирдистону Қазоқистону  Туркистон барин мамолик ишора карда,  забону адабиёти қадимӣ доштани тоҷиконро асос намуда, аллакай   аз давлату мулку соҳибихтиёрии тоҷикон низ ошкору ниҳон таъкид менамуд. Сипари асосиро дар роҳи соҳибихтиёриву ҳифозат аз амалу ниятҳои тори мункирон мавҷудияти забон медонист.
Дар саҳифаҳои нашрияи «Овози тоҷик» Садриддин Айнӣ дар такя ба аҳди Сомониёну Бухоро мегуфт, ки дар Мовароуннаҳр роҳбару пештози маданият тоҷикон буданд. Барои исботи ақидаи худ забону адабиёту фарҳанги тоҷикиро дар ин самт чун ҳуҷҷат пешниҳод месохт. Таъкид мекард, ки  тоҷикон соҳиби ҳаққу ихтиёр шуданд, аммо баъди инқилоби Октябр ба забон ва адабиёти тоҷик чандон аҳамият надодаанд. Ин омилро ба тақсимоти ҳудудӣ вобаста мекунонд. Забонро Садриддин Айнӣ бемор медонист ва талқин мекард, ки дар ин самт матбуот дар шифои он рисолати бузургро ба анҷом расонда метавонад. Ӯ рӯзномаро «сарчашмаи луғати мардум» меҳисобид, ки ин вазифа то кунун барои матбуот истисно намебошад. Айнӣ матбуотро эҳтиром мегузошт ва дар зинда кардани забони тоҷикӣ онро василаи муқаддам медонист. Аммо чунин мепиндошт, ки бо неруи чанд нафар корманди матбуот наметавон дар ин роҳ муваффақ гашт. «Ёрӣ додани тамоми аҳли қалами тоҷикро» наҷоти забон мешуморид. Бо навиштани асарҳояш забонро зинда мекарду зинда нигоҳ медошт.
Устод Айнӣ бо ҳама хидматҳои худ забони тоҷикиро мақоми хос бахшида тавонистааст. Талошҳои ӯ буд, ки забон қомат рост намуд ва он забон ба мо мулку соҳибихтиёриву ном дод.

Бахтиёри ҚУТБИДДИН,
устоди ДМТ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.09.2017    №: 199    Мутолиа карданд: 411

19.06.2019


Дар Кӯлоб Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон баргузор шуд

Баррасии вазъ ва дурнамои ҳамкориҳо

Боздид аз Муассисаи давлатии «Боғи миллии Ваҳдат”

ПАНҶАКЕНТ. Омодагиҳо ба ҷашни фархунда

Писарбачаи тоҷик дар Хабаровск дӯсташро аз чоҳи оби ҷӯш наҷот дод

Тоҷикистону Беларус: «Муҳокимаи тақвияти ҳамкориҳои низомӣ»

Си Ҷинпин азми сафари Ҷумҳурии Халқии Демократии Корея дорад

Ҷаҳон дар як сатр

12.06.2019


ХУҶАНД. "Зирвеко" ба фаъолият мепардозад

Муаррифии асари Си Ҷинпин «Дар бораи идоракунии давлатӣ»

Баргузории конфронси сайёҳӣ дар Рашт

Масоили низоми бонкӣ матраҳ гардид

Дар Чин аз обхезии тобистона 6,75 миллион нафар зарар дид

Дар Ӯзбекистон рӯйхати идҳои касбиро Рӯзи китобдор афзуд

Дар Ҷопон ба солхӯрдаҳо шаҳодатномаи вижаи ронандагӣ медиҳанд

Сокини Британия дар лотерея Ј123 миллион бурд намуд

Ҷаҳон дар як сатр

11.06.2019


Песков: «Путин ба Тоҷикистон ва Қирғизистон сафар мекунад»

Иштироки роҳбарони 11 кишвар дар ҳамоиши Бишкек

Президенти Қазоқистон аз хусуси роҳҳои ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ ҳарф зад

Ҷаҳон дар як сатр

ФАРХОР. Бонувон ба ҳунаромӯзӣ ҳавасманд мешаванд

"Куллиёт" - и Миробид Саййидои Насафӣ

04.06.2019


Лукашенко: "Эмомалӣ Раҳмонро оммаи мардум интизор аст"

Бунёдкорони роботтехникаи Россия ва Чин дар Владивосток ҷамъ омаданд

Ҷаҳон дар як сатр

Машварати сиёсии вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Белгия

Муаррифии портали хизматрасониҳои электронӣ барои андозсупорандагон

Дар ноҳияи Рашт конфронси минтақавӣ баргузор мегардад

ФУТБОЛ. Ду бозии рафиқона бо мунтахаби Ӯзбекистон

03.06.2019


Дар Тоҷикистон баландтарин афзоиши теъдоди сайёҳон ба қайд гирифта шуд

Гармои тоқатфарсо дар Ҳиндустон

Тасдиқи барнома оид ба бозомӯзии касбии кормандони соҳаи маориф

Иди саиди Фитр 5 июн таҷлил мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед