logo

иқтисод

ИҚТИСОДИ МИЛЛӢ ВА ҶОЙГОҲИ ХОҶАГИИ ҶАНГАЛ ДАР РУШДИ ОН

Ҳоҷагии ҷангал қисми муҳими иқтидори захираи табиии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, истифодаи самаранок ва оқилонаи он барои пешрафти иқтисоди миллӣ, иҷтимоиёт ва экология аҳамияти калидӣ дорад. Гузариш ба системаи худидоракунии иқтисодӣ ба рушди соҳаи хоҷагии ҷангал низ вобаста аст.
Дар сохтори Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати ҷумҳурӣ 41 муассисаи хоҷагии ҷангал ва 5 корхонаю идора – корхонаи воҳиди давлатии ниҳолпарварӣ, Бозрасии давлатии ҷангал ва шикор, муассисаи давлатии ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда, муассисаи давлатии «Пажӯҳишгоҳи илмию тадқиқотии хоҷагии  ҷангал» ва муассисаи давлатии парваришгоҳи табиии “Баҳри Норак” шомиланд. Аксари хоҷагиҳои ҷангал дар деҳот ва минтақаҳои дурдасти кӯҳистон ҷойгир буда, дар баробари пешгирӣ аз биёбоншавӣ, ҳифзи гуногунии биологӣ, ҳифзи муҳити зист аз таъсири глобалии тағйирёбии иқлим барои беҳтар гардидани сатҳи зиндагии аҳолии деҳот нақши пешбаранда мегузоранд. Ҳар сол ба ҳисоби миёна дар мавсими ҷамъоварии рустаниҳои хӯрданибоб ва гиёҳҳои шифобахш, ҳамчунин, дигар меваҳои худрӯй ва барқарорсозии ҷангал тариқи шартнома наздик ба 2000 нафар бо ҷойи кор таъмин карда мешавад. 
Исматзода Азизулло, директори Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати ҷумҳурӣ, иброз намуд, ки ҷангали Тоҷикистон мисли дигар сарватҳои табиии мамлакат миллӣ буда, ҳамчун моликияти давлатӣ тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба танзим дароварда мешавад ва ба манфиати тамоми мардум истифода мегардад. 
- Вақти он расидааст, ки захираҳои генетикии ҷангал барои таъмини амнияти озуқаворӣ, паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва рушди устувори муҳити зист оқилона ва пурсамар истифода бурда шаванд, - гуфт директори агентӣ.
Ҳоло дар ихтиёри агентӣ 1336,6 ҳазор гектар заминҳои фонди давлатии ҷангал мавҷуданд. Масоҳати заминҳои ҷангалпӯш ба 421,2 ҳазор гектар баробар аст, ки ин ҳамагӣ 3 дарсади  масоҳати ҷумҳуриро ташкил медиҳад. Бинобар ин, дар назди кормандони соҳаи ҷангал вазифаи муҳими бунёд ва барқарорсозии ҷангалҳои нав, ҳамчунин, нигоҳубин ва ҳифзи онҳо гузошта шудааст. Ҳаҷми корҳои бунёдии ҷангал дар як сол 1,9 - 2,0 ҳазор гектар мебошад, ки дар заминаи он ҳифзи замин аз таназулёбӣ ва мусоидат ба беҳбудии муҳити зист ва тағйрёбии иқлим ба роҳ монда мешавад. Дар қатори ин, ҳар сол аз рӯйи нақша маҳсулоти худрӯйи табиии ҷангал, ба монанди писта, чормағз, бодом, олуча, зелол, себ ва хуч ҷамъоварӣ шуда, бештари онҳо ҳамчун меваи хушк ба бозори кишвар бароварда мешавад. Ин имконият медиҳад, ки аҳолии деҳот тавассути ҷамъоварии маҳсулот сатҳи зиндагии худро беҳтар созад.   Коркарди чӯб низ ҳамчун масолеҳи сохтмонӣ дар фаъолияти хоҷагидории деҳотиён сераҳамият аст. Ғайр аз ин, аз ҳисоби захираи табиии ҷангал ҷамъоварӣ ва коркарди гиёҳҳои шифобахш ва аз он тайёр кардани дору барои таъмини аҳолӣ бо доруи сифатан беҳтар ва ба ин восита ғанӣ гардондани Буҷети давлат манфиатовар мебошад. Имкониятҳои рушд ва гузариш ба системаи худидоракунию худтаъминсозӣ аз ҳисоби хоҷагиҳои ҷангал хеле зиёданд.
Дар соҳаи ҷангал мушкилиҳо кам нестанд. Масалан, як қисми заминҳои фонди давлатии ҷангал дар солҳои гуногун бе мувофиқаи мақомоти соҳаи ҷангал ба хоҷагиҳои деҳқонӣ табдил дода шудаанд, ки бештари захираҳои табиӣ ва маҳсулоти ҷангал дар ин заминҳо аз тарафи ҳоҷагиҳо ҷамъоварӣ шуда, ба фоидаи шахсӣ истифода бурда мешаванд, вале ҳифзу муҳофизати ҷангалзор беназорат ва аз мадди назар дур монда, бисёри мавзеъҳо харобу нобуд гардида, ба чарогоҳ табдил ёфтаанд. Фаъолияти ин хоҷагиҳои деҳқонӣ бошад, аз ҷониби ягон мақомоти дахлдор дар маҳал назорат карда намешавад. Илова бар ин, бо сабаби набастани шартномаи тарафайн байни хоҷагиҳои деҳқонӣ ва хоҷагиҳои ҷангал оид ба ҷамъоварӣ ва супурдани маҳсулоти ҷангал, иҷрои нақшаҳои истеҳсоли маҳсулоти ҷангал, бахусус писта, чормағз ва меваи хушк, солҳои охир таъмин карда намешаванд.
Вобаста ба ҳалли масъалаи мазкур чораҳои қатъӣ андешида мешаванд.
О. ВАФОБЕК, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.09.2017    №: 199    Мутолиа карданд: 304

25.09.2018


Тавсеаи равобити байнипарлумонии Тоҷикистону Корея

Баргузории ҷамъомад оид ба пешгирии ҷинояткорӣ

Анҷоми марҳилаи якуми амалиёти «Кӯкнор-2018»

Гутерриш ба муборизаи фаъолтар алайҳи маводи мухаддир даъват сохт

Теъдоди қурбониёни садамаи киштӣ дар Танзания ба 225 нафар расид

Сеул барои дучандсозии теъдоди сайёҳон $640 миллион харҷ карданист

Фаронса қатораи дуошёнаи тезгард месозад

Ҷаҳон дар як сатр

Ҷом насиби кӣ мешавад?

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед