logo

ҳуқуқ

“ОДНОКЛАССНИКИ” ЯК СОКИНИ НОҲИЯИ ҶАЙҲУНРО БА ЗИНДОН БУРД

Суди вилояти Хатлон як сокини 38 - солаи ноҳияи Ҷайҳунро бо ҷурми “даъвати оммавӣ барои бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истифодаи воситаҳои ахбори омма ё шабакаи интернет” пушти панҷара равон кард.

Чуноне аз ҳукми суд бармеояд, Акобиров Муҳсин Абдулазизович 28 майи соли 2012 дар сомонаи иҷтимоии “Одноклассники” зери унвони “Устоди уламои Тоҷикистон – домулло Муҳаммадӣ” гурӯҳе таъсис дода, дар он матолиби иғвобарангез нашр мекардааст.
Мувофиқи  хулосаи мутахассисони Муассисаи давлатии маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, маводи ин гурӯҳ даъватҳои оммавӣ ҷиҳати бо роҳи зӯроварӣ ғасб кардани ҳокимияти давлатӣ, дигар кардани сохти конститутсионӣ ва вайрон кардани тамомияти арзии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бар гирифтаанд.
Далели шайъӣ - 13 саҳифа маводи дар гурӯҳ паҳнкардашуда ба парвандаи Муҳсин Акобиров зам гардидааст. 
Мувофиқи моддаи 307, қисми 2, банди “г” - и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба М. Акобиров барои ин кирдорҳояш ба муҳлати 8 сол ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ бо нигоҳ доштан дар колонияи ислоҳии дорои низоми сахт таъйин гардид.

Зокир ҲАСАН, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.09.2017    №: 199    Мутолиа карданд: 317

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед