logo

иқтисод

МАҲСУЛОТИ "MADE IN TAJIKISTAN": ДУ МЕДАЛИ ТИЛЛО ВА ДУ НУҚРА

Дар Намоишгоҳи байналмилалии маҳсулоти ғизоӣ «World Food Moscow - 2017», ки дар маҷмааи марказии намоишгоҳии шаҳри Маскав – пойтахти Федератсияи Русия баргузор гардид, маҳсулоти соҳибкорони тоҷик ба ду медали тилло ва ду медали нуқра сазовор шуд.

Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибон муштарак бо ҷамъбасти  натиҷаҳои намоишгоҳ  дар толори конфронсии маҷмаа баргузор шуд. Молу маҳсулоти ҳафт ширкати тоҷикистонӣ, ки дар намоишгоҳ иштирок варзиданд, дар байни қариб 900 ширкати мамолики ҷаҳон аз ҷониби комиссия ва ҳакамон баҳои хуб гирифт. Маҳсулоти Тоҷикистон, бавижа аз ҷиҳати сифат – тозагии экологӣ, банду баст ва ороиши дизайнӣ, қадрдонӣ шуд. Обҳои маъдании «Ҳавотоғ» ва «Шаффоф» сазовори медалҳои тилло, «Лимонад» ва оби «Шаффоф» сазовори медалҳои нуқра гардиданд.
Тайи баргузории намоишгоҳ ширкатҳои Тоҷикистон тавонистанд барои фурӯши чакана ва яклухти маҳсулоти табиии «Made in Tajikistan», инчунин, роҳандозии муштараки  истеҳсоли маҳсулот бо ҳамтоён аз Русия ва кишварҳои дигари хориҷӣ қарордодҳои судманди корӣ ба имзо расонанд.
Молҳои дигари истеҳсоли Тоҷикистон низ барои сифати хуби табиӣ ва бандубасти ороиш аз ҷониби тамошобинон баҳои арзандаро сазовор гардида, сазовори диплому ифтихорномаҳо шуданд. Роҳбарияти маҷмааи «Экспосентр» - и Маскав ба ширкатҳои кишвар барои иштирок дар Намоишгоҳи байналмилалии «ЭКСПО – 2018», ки моҳи феврали соли оянда баргузор мешавад, даъватнома супурд. Тавре аз Палатаи савдою саноат ба «Ҷумҳурият» иттилоъ доданд, иштироки ширкатҳои Тоҷикистон дар ин чорабинии муҳими иқтисодию тиҷоратӣ бо дастгирии Ҳукумати кишвар ва Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид (лоиҳаи «Мусоидат ба рушди савдо дар Осиёи Марказӣ») ҷараён гирифт.
С. АЗИЗӢ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.09.2017    №: 199    Мутолиа карданд: 363

21.11.2018


Аз таркиш дар Кобул беш аз 50 нафар ҳалок шуд

Ӯзбекистон нахустин намоишгоҳ-ярмаркаи байналмилалии содиротӣ мегузаронад

Могерини: «Иттиҳоди Аврупо «артиши аврупоӣ» ташкил карданӣ нест»

Табобати гепатити С дар Беларус аз арзонтарин дар Аврупост

Ҷаҳон дар як сатр

ДУШАНБЕ. Таҷлили нахустин ҷашни занони соҳибкор

ДЕВАШТИЧ. Тантанаи Рӯзи Президент

Иштироки мунтахаби футболи бонувон дар CAFA

20.11.2018


СУҒД. Оғози сохтмони раёсати маориф

ЛЕВАКАНТ. Конфронси илмӣ - назариявӣ ба ифтихори Иҷлосияи XVI

"Парасту" дар Тоҷикобод

Сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ барои машварат дар Тошканд ҷамъ меоянд

Финляндия ҷонибдори ҳузури Россия дар Шӯрои Аврупо

Вазорати маорифи Афғонистон 30 ҳазор занро ба кор мегирад

Баррасии рушди инклюзивии иқтисоди қитъа дар Гвинея Папуаи Нав

Ҷаҳон дар як сатр

АНВАР ЮНУСОВ СОҲИБИ КАМАРБАНДИ WBF

"СОРО КОМПАНИЯ" ҒОЛИБИ ЛИГАИ КАСБИИ ФУТЗАЛИ ТОҶИКИСТОН

19.11.2018


ДЕВАШТИЧ. Авҷи созандагиҳо дар Ҷамоати деҳоти Яхтан

Артиши Сурия охирин истеҳкоми «ДИ» дар ҷануби кишварро зери назорат гирифт

Дар ҳама минтақаҳои Ӯзбекистон «мактаби президентӣ» месозанд

Роҳандозии барномаи махсуси давлатии ипотекӣ барои дӯзандагони Қирғизистон

Киштии зериобии «Сан Хуан» - ро дар уқёнуси Атлантика ёфтанд

Ҷаҳон дар як сатр

Кулишов: «Марзҳои ИДМ бо таҷҳизоти муосир таъмин карда мешаванд»

Дар Тоҷикистон омӯзгори забони англисӣ барои таблиғи «ДИ» 19 сол гирифт

Қазоқистон мубориза бо машруботро сахттар мекунад

Фоидаи туризм ба кадом шаҳри дунё бештар аст?

Ҷаҳон дар як сатр

"ИСТИҚЛОЛ" бори аввал барои Ҷоми чемпионҳои КФО мубориза хоҳад бурд

Омодагии тими миллӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон – 2022

УСМОН ТОШЕВ САРМУРАББИИ НАВИ ДАСТАИ МУНТАХАБ

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед