logo

туризм

БАДАХШОН. ТЕЪДОДИ САЙЁҲОНИ ХОРИҶӢ МЕАФЗОЯД

Ташрифи зиёди сайёҳон аз Аврупо, Осиё, Амрико ва кишварҳои ИДМ ба Бадахшон далели он аст, ки ин минтақаи кишвари азизамон барои сайёҳони хориҷӣ ҷолиб мебошад.

Игор Фролов аз шаҳри Авдеевкаи Украина мегӯяд, ки  се ҳафта боз дар Тоҷикистон қарор дорад. Бо мақсади боздид аз Бадахшон, роҳпаймоӣ дар масири М 41, тамошои кӯҳҳои барфпӯш ва шиносоӣ бо тарзи зисти мардуми маҳаллӣ ба ин минтақа бо дучарха омадааст. Дар бораи зебоиҳои Тоҷикистон зиёд шунида буд, вале аз наздик дидани ин табиати аҷиб ҳаловати дигар мебахшад.
Мегги аз Малайзия иброз дошт, ки сафар ба Бадахшон барояш басо фараҳбахш аст. Сокинони ин ҷо ниҳоят меҳмондӯстанд. Либосҳои рангин ва хӯрокҳои лазизи миллӣ барояш бештар диққатҷалбкунандаанд.
Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон минтақаи аҷиби кӯҳӣ мебошад. Дар тамоми ҷаҳон танҳо ду минтақаи монанд: баландкӯҳҳои Тибет ва Болив мавҷуд аст. Вилоят бо сабзазорҳои алпӣ, водиҳои зебои дар баландиҳои 2000-3000 метр ҷойгирбуда, меъмории ғайримуқаррарии шаҳракҳои кӯҳӣ, пиряхҳои бузург ва қаторкӯҳҳои баланд дили ҳар бинандаро тасхир мекунад.
Боиси тазаккур аст, ки пиряхҳои ин минтақа қариб тамоми дарёҳои Осиёи Миёнаро сероб мегардонанд.
Сайёҳӣ дар Бадахшон дар ҳоли рушд қарор дорад. Ба ин ҷо асосан нафароне меоянд, ки сайёҳии экологиро меписанданд. Онҳо алоҳида ё ду - се нафар бо дучарха саёҳат мекунанд. Дар баробари ин, ҳамасола дар Тоҷикистон Экспедитсияи байналмилалии кӯҳнавардон баргузор мегардад, ки ҳангоми он кӯҳнавардон аз кишварҳои гуногуни ҷаҳон ба қуллаҳои баландтарини Помир мебароянд. Ба қуллаи Исмоили Сомонӣ беш аз бист масир тай шудааст. Масири классикии баромад ба қулла аз чамани Москвин оғоз мешавад. Замини махсуси ин минтақаи кишварамон барои  рушди сафарҳои сайёҳӣ, машғулият ба шухпаймоӣ, кӯҳнавардӣ, сайёҳии кӯҳӣ дар ҳамбастагӣ бо шикор ва аксбардорӣ, рафтинг, парапланеризм ва дигар навъҳои сайёҳии экстремалӣ мусоидат менамояд.
Ба гуфтаи Ризо Раҳматшоев, сардори раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши ВМКБ, пас аз таъсиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ шуъбаи оид ба рушди сайёҳӣ ташкил шуда, айни ҳол масъалаи ҷобаҷогузории кадрҳо ҷараён дорад. Ғайр аз ин, дар Бадахшон Ассотсиатсияи эко-фарҳангии сайёҳии Помир (ПЭКТА) фаъолият мебарад.
- Хосса ҳамин сол теъдоди зиёди сайёҳон аз Бадахшон дидан карданд, - афзуд Р. Раҳматшоев. - Дар самти рушди соҳаи сайёҳӣ корҳои зиёд анҷом дода шуданд. Тибқи супориши Сарвари давлат қад - қади шоҳроҳ қитъаҳои махсус муайян гардидаанд. Акнун дар шаҳру ноҳияҳои вилоят баҳри равнақу ривоҷи бахши туризм инфрасохтори зарурӣ бунёд меёбад.
Чуноне ки Р. Раҳматшоев иброз медорад, ҳоло дар вилоят 12 ширкати сайёҳӣ фаъолият дорад. Аз ҳисоби онҳо бо дастгирии Барномаи ҷонибдори инкишофи иҷтимоии манотиқи кӯҳистони Хазинаи Оғохон Ассотсиатсияи  эко – фарҳангии сайёҳии Помир ташкил ёфт. Хатсайрҳои сайёҳӣ таҳия гардида, сайёҳон тавассути он ба мавзеъҳои таърихӣ, фарҳангӣ ва фароғатӣ сафар менамоянд.
Сайёҳон дар Бадахшон метавонанд аз манзараҳои зебои қаторкӯҳҳои Ванҷ, Рӯшон, Шоҳдара, Зулумарт, Зоолой, қуллаҳои Исмоили Сомонӣ ва Карл Маркс , дарёҳои пуртуғён, чашмаҳои мусаффо, кӯлҳои Қаракӯл, Булункӯл, Сарез, Зоркӯл, деҳаҳои кӯҳӣ ва боқимондаҳои қалъаҳои қадима боздид намоянд.
Яке аз мавзеъҳои ҷолиб «Гармчашма» мебошад, ки  на танҳо дар Тоҷикистон балки берун аз он ҳам машҳур аст. Тибқи маълумот, чашма асрҳо боз мавҷуд аст, зеро танҳо дар тӯли ҳазорсолаҳо чунин таҳшини бузурги оҳаксанг ва шалолаҳои ба поинафкананда ташаккул ёфта метавонист. Ҳарорати об дар дохили ҳавзҳо аз +38 то +500С аст. Оби сулфиди ангидриди карбони «Гармчашма» барои табобати бемориҳои пӯст илман исбот шудааст. Он дар қисмати ҷанубу ғарбии вилоят, 45 км дуртар аз шаҳри Хоруғ, дар баландии 2325 метр аз сатҳи баҳр, ҷойгир мебошад. Сокинони маҳаллӣ оби чашмаро муқаддас мешуморанд, зеро хусусияти табобатии он аз замонҳои қадим маълуму машҳур аст.
Мавзеи дигари аҷибу ҳайратангези минтақа, ки ҳамасола барои дидани он сайёҳони зиёд аз гӯшаҳои гуногуни ҷаҳон ташриф меоранд, Боғи миллии Тоҷикистон мебошад. Дар он кӯҳҳои босалобату водиҳои сарсабз, дарёҳои боғалаёну кӯлҳои оби мусаффо, марғзорҳои кӯҳнавардиву бешаҳои кӯҳӣ ҷой гирифтаанд. Инчунин, Боғи миллӣ қаторкӯҳҳои Академияи илмҳо, Зоолой, Зулумарт, қисми шарқии қаторкӯҳҳои Ванҷ, Язгулому Дарвоз, қуллаҳои баландтарини Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, дараи дарёҳои Баланд – киику Сауксой, пиряхи Федченко, марғзори Москвин, кӯли Қаракӯл ва Сарезро дар бар мегирад. Боғи миллӣ яке аз минтақаҳои калонтарини ҳифзшавандаи табиӣ дар мамлакат ва Осиёи Марказӣ маҳсуб меёбад. Масоҳати он 2,6 миллион гектар буда, 18 дарсади масоҳати умумии Тоҷикистон ва 60 дарсади ҳудуди ВМКБ - ро фаро мегирад.
Ҷои шубҳа нест, ки дар ояндаи на чандон дур ин минтақаи зебову афсонавии кишварамон бо бунёд ёфтани инфрасохтори зарурии туристӣ дар рушду равнақи соҳаи сайёҳии мамлакат нақши муассир хоҳад бозид.

Шаҳноз ҚУРБОН,
«Ҷумҳурият»,
Душанбе – Бадахшон – Душанбе


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.09.2017    №: 199    Мутолиа карданд: 1759

19.02.2019


МАКТАБИ ДАВЛАТДОРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

Баррасии масъалаҳои рушди сайёҳӣ

Вохӯрии Низомиддин Зоҳидӣ бо Мазен Шамия

Дурнамои рушди муносибатҳо матраҳ гардид

ҶОМИ КУШОДАИ АВРУПО. Муҳаммадризо Қувватов медали биринҷӣ ба даст овард

Авҷи ниҳолшинонӣ

Саҳми соҳибкорон дар ободии деҳот

Ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Чин ва Россия густурдатар мегардад

Сарвар Дониш: «Музокироти сулҳ бидуни ҳукумат қурбе надорад»

«Туҳфаи шоҳона» - и Арабистони Саудӣ ба шаҳрвандони Покистон

Дар Қазоқистон маркази амнияти иттилоотӣ ифтитоҳ меёбад

Сокини навраси Шимкент ду нафарро аз сӯхтор наҷот дод

Ҷаҳон дар як сатр

18.02.2019


Боздиди Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ

ВКД Ҷиноятҳо 83,6 дарсад ошкор шуданд

Вазорати молия. Барои дастгирии буҷет маблағи бештар ҷалб хоҳад гашт

«BISHKEK OPEN – 2019». Дурахши каратэ-дочиёни навраси тоҷик

«МОҲИЯТ ВА ТАЪЙИНОТИ МАТБУОТИ МАҲАЛЛӢ»

РОҒУН. Ободонӣ вусъат меёбад

АНДОЗ. Нақша 100, 6 дарсад иҷро гардид

ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН. Гардиши савдо ду баробар афзуд

Тоҷикистон миёни кишварҳои ИДМ ба афзоиши баландтарини ММД муваффақ гашт

Дар Тошканд конфронси байналмилалӣ оид ба Осиёи Марказӣ баргузор мегардад

Қасри сафед: "Музокироти тиҷоратӣ дар Пекин ба пешравӣ мусоидат кард"

Трамп мехоҳад ҷангиёни «Давлати исломӣ» - ро ба Аврупо барои суд кардан баргардонад

Кумитаи амнияти иттилоотии Қазоқистон беш аз 90 сомонаи хавфнокро ошкор сохт

Ҷаҳон дар як сатр

15.02.2019


ШАМШЕРБОЗӢ. ИШТИРОКИ ВАРЗИШГАРОНИ МО ДАР ЧЕМПИОНАТИ КУШОДИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар Душанбе ташкили низоми муттаҳидаи мудофиаи зиддиҳавоӣ баррасӣ шуд

Дар чор сол муомилоти мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон 19 маротиба афзуд

Медведев: «Таҳримоти ИМА ба иқтисоди Россия таъсири чандон бузург расонда наметавонад»

Пентагон. ИМА аз Афғонистон ҳамроҳи иттифоқчиёнаш меравад

13.02.2019


2018. Сиёсати хориҷии Тоҷикистон пурбарор буд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед