logo

ҳуқуқ

КОРРУПСИЯ. МУБОРИЗАИ ДАСТАҶАМЪӢ НОГУЗИР АСТ

Коррупсия зуҳуроти номатлубест, ки эътимоди мардумро ба давлат коста гардонда, обрӯву эътибори онро коҳиш медиҳад, барои рушди иқтисодиёти пинҳонӣ ва истифодаи ғайримақсадноки маблағҳои давлативу ҷамъиятӣ шароит фароҳам меорад ва дар маҷмӯъ, боиси поймолшавии ҳуқуқи инсон ва заиф шудани пояҳои ахлоқии ҷомеа мегардад.

Бо мақсади коҳиш додани ин раванд кормандони шуъбаи пешгирии коррупсияи Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе дар вазорату идораҳо ва дигар ниҳодҳои давлатию хусусӣ мунтазам вохӯрию мулоқотҳо доир намуда, бо овардани мисолҳои мушаххас  оқибатҳои нанговари фасодкориро фаҳмонанд ҳам, ҳолатҳои аз тарафи баъзе кормандони мақомоти давлатӣ ва ташкилоту муассисаҳо содир гардидани ҷиноятҳои коррупсионӣ ҷой доранд. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар аксари ҳолатҳо баъзе шахсони масъул ба ҷиноятҳои гирифтани пора, қаллобӣ бо истифода аз мақоми хизматӣ, суиистифода аз ваколатҳои мансабӣ, баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ, ғайриқонунӣ дастгир намудани шаҳрвандон бо мақсади тамаъҷӯӣ ва дигар ҷиноятҳо даст задаанд. 
Чунончи, 18 июли соли 2017 ба Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, шаҳрванд «А» бо ариза муроҷиат намуд. Зикр кард, ки ваколатдори калони оперативии шуъбачаи кофтукови ҷиноятии ШВКД дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Насим Гулов барои ба манфиати домоди ӯ О. Мирзоаминов иҷро накардани амали муайян, яъне нисбат ба охирин идома надодани санҷиши ҳолати майдаавбошии байни О. Мирзоаминов  бо шаҳрвандон А. Маҷидов ва А. Боймуродов содиргардида, ки иҷрои ин амал ба доираи ваколати  хизматиаш дохил аст, овардани 300 доллари ИМА-ро ба сифати пора талаб намуд.
Худи ҳамон рӯз, соати 20: 48, зимни гузарондани амалиёти оперативӣ - тафтишотӣ, ваколатдори калони оперативии шуъбачаи кофтукови ҷиноятии ШВКД дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Гулов Насим Усмонович баъди дар саҳни ҳавлии қаҳвахонаи «Ромизҷон», воқеъ дар шаҳри Душанбе, кӯчаи Амиршоев - 1, аз шаҳрванд «А» гирифтани 300 доллари амрикоӣ дастгир гардида, маблағи зикргардида ҳамчун далели шайъӣ аз охирин ёфта гирифта шуд. Дар ин хусус нисбат ба Насим Гулов бо моддаи 319 қисми 1 - и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуд. Парвандаи ҷиноятии мазкур 8 сентябри соли равон бо тасдиқи фикри айбдорӣ ба суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе барои баррасӣ ирсол гардидааст.
Ғайр аз ин, 29 августи соли равон шаҳрванд «А» ба Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе нисбат ба  Ҳабибулло Салимов, декани факултети омодагии ҳарбии Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Саймумин Раҳимов, бо ариза муроҷиат намуда, андешидани чораҳои қонуниро тақозо кардааст.  Ба гуфтаи ӯ, декани факултет барои дохил намудани шиносаш - шаҳрванд «Б» ба гурӯҳи буҷетии коллеҷи тарбияи ҷисмонӣ 5000 сомонӣ талаб кардааст.
Кормандони шуъбаи мубориза бо коррупсия ва ҷиноятҳои иқтисодии хусусияти коррупсионидоштаи Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе худи ҳамон рӯз, зимни гузарондани амалиёти оперативӣ- тафтишотӣ дар кӯчаи Нисормуҳаммади ноҳияи Шоҳмансур, назди бинои ошхонаи «Ҷаҳон ака», дар дохили автомашинаи тамғаи «Инфинити - 130», рақами қайди давлатиаш 4319 СТ 01 Ҳабибулло Салимовро баъди аз шаҳрванд «А» бо роҳи фиреб ва бо суиистифода аз мақоми хизматӣ гирифтани 5000  сомонӣ дастгир карданд. Оид ба ин ҳолат нисбати  Ҳ. Салимов  бо моддаи 247 қисми 3 банди «а» Кодекси ҷиноятии  Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуд. Нисбат ба номбурда чораи пешгирӣ дар намуди забонхат дар бораи тарк накардани маҳали истиқомат татбиқ гардида, тафтиши пешакии парвандаи ҷиноятӣ идома дорад.
Кормандони Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе барои ба вуҷуд овардани фазои умумии тоқатнопазирӣ нисбат ба зуҳуроти коррупсия, баланд бардоштани савияи дониши ҳуқуқии зиддикоррупсионии табақаҳои гуногуни аҳолӣ корҳои тарғиботию ташвиқотиро дар меҳвари фаъолият қарор додаанд. Вале набояд фаромӯш сохт, ки мубориза ба муқобили коррупсия танҳо вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нест. Дар ин мубориза аҳли ҷомеа, ҳар як шаҳрванд ва ҷомеаи шаҳрвандӣ низ бояд бетараф набошад.Танҳо дар ҳамин сурат мо метавонем сатҳи коррупсияро дар мамлакат коҳиш диҳем.

Далер ҶӮРАЗОДА,
сардори шуъбаи пешгирии коррупсияи Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе


 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.09.2017    №: 199    Мутолиа карданд: 286

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед