logo

иқтисод

НИГАРОНӢ. ЧӢ ГУНА МАВЗЕИ ХАВФНОК МАВЗЕИ ЗИНДАГӢ ШУД?

Чанд сол пеш як гурӯҳ сокинони ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ фирефтаи найрангҳои соҳибмулки анбори заҳрхимикатҳои собиқ колхози ба номи Кирови ноҳия шуда, дар ин ҷойи барои ҷону молашон хавфнок манзили истиқоматӣ бунёд карданд.

Ҳарчанд мақомот ин мавзеъро барои зист номувофиқ мешуморад, мушкили бо макони нави иқомат таъмин кардани сокинон ҳанӯз ҳам ҳалношуда боқӣ мондааст. Айни замон дар ҷойи ин анбори заҳрогин, ки дар деҳаи Ҷовидон - 4 - и Ҷамоати деҳоти Яккатут ҷойгир аст, панҷ оила ва ё тақрибан сӣ нафар истиқомат мекунад.
- Ин мавзеъ то солҳои 70 - уми асри гузашта ҳамчун анбори захираи сӯзишворӣ истифода мешуд. Баъдтар онро ба анбори нигаҳдории нуриҳои минералӣ ва заҳрхимикатҳо табдил доданд. Пас аз таҷдид шудани колхоз онро як сокини шаҳри Душанбе бо номи Даврон Илясов хусусӣ гардонда, барои сохтани хона ба мардум тақсим кард, - мегӯяд Лочин Худоиев, ки солҳои мадид дар анбори собиқ вазифаи посбониро адо мекардааст. 
Аввали соли равон Кумитаи ҳифзи муҳити зисти ҷумҳурӣ ва созмонҳои байналмилалӣ заҳрхимикатҳо ва қисме аз хоки заҳролуди ин мавзеъро канда, барои нигоҳдорӣ ба партовгоҳи заҳрхимикатҳои ноҳияи Вахш бурданд. Акнун ин ҷо бӯйи ғализ чандон ҳис намешавад, вале мутахассисон собиқ анборро барои зиндагонӣ мувофиқ намеҳисобанд. Саъдӣ Азизхоҷаев, сокини деҳаи Ҷовидон - 4, мегӯяд, ки хонаҳои дар  инҷо бунёдшуда то ҳол ягон ҳуҷҷати расмӣ надоранд. Вақте одамон хостанд, ки хонаҳояшонро ба расмият дароранд, ба онҳо гуфтанд, ки манзилҳои шумо ҳуҷҷатгузорӣ намешаванд.
Мо хостем бо соҳибхонаҳое, ки атрофи собиқ анбори заҳрхимикатҳоро макони зист ихтиёр кардаанд, ҳамсуҳбат шавем, вале онҳо аз суҳбат худдорӣ карданд. Дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия гуфтанд, ки Кумитаи ҳифзи муҳити зисти ҷумҳурӣ дар ин мавзеъ мониторинг гузаронда, муайян кард, ки он заҳрнок асту ҳам барои зист ва ҳам барои фаъолият хавфи зиёд дорад. Аз ин хотир, бо назардошти пешниҳоди бахши ҳифзи муҳити зист ва Маркази санитарию эпидемиологии ноҳия Абдуҷаббор Баҳодурзода, раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, бо як қарор, аз 18 майи соли 2017,  таҳти № 664  қарори раиси собиқи ноҳия Акрам Сулаймонзодаро, аз 25 июли соли 2013, таҳти № 334 “Дар бораи ба фонди манзил гузарондани қитъаи замини бинои хусусигардондашудаи шаҳрванд Илясов Д. бо майдони умумии 1,16 гектар, воқеъ дар деҳаи Ситораи Сурх, Ҷамоати деҳоти Яккатут” бинобар ғайриқонунӣ буданаш, бекор кард. Дар банди дуюми қарор омадааст, ки масоҳати умумии 1,16 гектар ба ҳолати аввала баргардонда ва сохтмони хонаҳои истиқоматӣ дар масоҳати зикршуда қатъиян манъ карда шавад.
Абдуҷаббор Баҳодурзода иброз дошт, ки бо пайдо шудани имконият мардум аз ин мавзеъ кӯчонда хоҳанд шуд. Роҳбарияти ноҳия аллакай сари ин масъала фикр карда истодааст. Аммо то замони ҷудо гардидани қитъаи замини наздиҳавлигӣ мардум ногузир бояд дар ин мавзеи заҳрогин истиқомат кунанд...

Зокир ҲАСАН, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.09.2017    №: 199    Мутолиа карданд: 307

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед