logo

иқтисод

МУРҒОБ ҒАМХОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ПЕШРАФТИ ОН НАҚШИ КАЛИДӢ ДОРАД

Дар солҳои аввали ташкили ноҳия роҳи Ӯш – Хоруғ, аввалин мактабу муассисаҳои табобатию фарҳангӣ бунёд гардиданд. Аммо, чуноне мардони солхӯрдаи мо мегӯянд, дар замони шӯравӣ, ки 60 - соли таърихи ноҳия ба ин давра рост меояд, аз роҳбарони баландпояи Тоҷикистони Шӯравӣ фақат котиби аввали Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон Турсун Улҷабоев соли 1960 – ум як бор ба ноҳия омадаасту халос. Дигар ба ин минтақаи дурдасти кишвар ягон роҳбари сатҳи ҷумҳуриявӣ қадам нагузоштаасту нисбати ҳалли мушкилоти мардуми меҳнатқарини ин сарзамин таваҷҷуҳе зоҳир накардааст. Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияамон панҷ маротиба ташриф оварданд ва ҳар як сафари Роҳбари давлат ба ноҳия таърихию тақдирсоз ва саршори файзу баракат аст. Сафари нахустини Пешвои миллат ба ин ноҳияи баландкӯҳ соли 1995 ба вуқӯъ пайваст. Бо вуҷуди он ки Мурғоб аз минтақаҳои даргири кишвар фарсахҳо дур буд, вале нобасомониҳои солҳои аввали истиқлолият шароити зиндагии мардуми ноҳияи моро ҳам хеле душвор гардонда буданд. Мардум бар асари басташавии роҳ бо маркази мамлакату дигар минтақаҳои он ба пораи нону банди ҳезум зор гашта буд. Дар ҳамин ҳол нахустташрифи Пешвои миллат ба ноҳия сурат гирифт, ки он барои мардуми ноҳия хеле хотирмон, таърихӣ ва тақдирсоз гардид. Муҳимтарин таассуроте, ки ин сафари Ҷаноби Олӣ дар дили мардум барҷо гузошт, ин умед ба фардои нек буд. Баъди ин ташриф мардум бар он боварии комил пайдо кард, ки ин нобасомониҳо муваққатианд ва сулҳу субот дар Тоҷикистон барқарор, зиндагии осоиштаи мардум таъмин мегардад. Зеро онҳо чунин Сарвари азизу маҳбуб ва дурандеш доранд. 
 Баъди сафари аввали Роҳбари давлат ба ноҳия Барномаи рушди иқтисодию иҷтимоии ноҳия қабул гардид ва дар доираи амалисозии он сохтмон ва навсозии муассисаҳои таълимию табобатӣ ва як қатор нуқтаҳои хизматрасонӣ дар марказ ва ҷамоатҳои деҳот оғоз ёфт.
Аз ҷумла, дар маркази ноҳия бинои дуошёнаи муассисаи таълимӣ барои 480 хонанда, биноҳои бонкҳои тиҷоратӣ, нуқтаҳои нави савдою хизматрасонӣ, қаҳвахонаю ошхона ва меҳмонхонаҳо сохта, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд. Роҳбари давлат дар ҷараёни сафари аввалинашон ба Мурғоб муҳимтарин масъалаи онрӯзаи сокинони ноҳия - таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ, фарҳангиву табобатӣ ва хонаҳои мардумро бо сӯзишворӣ ҳал карданд. Ба мушкилоти молиявии ҷумҳурӣ нигоҳ накарда, бо супориши Президенти кишвар ба ин мақсад маблағҳои зарурӣ ҷудо шуданд.
Дар ҷараёни сафари дувумашон Роҳбари давлат сахтии иқлими Помири Шарқиро ба ҳисоб гирифта, дастур доданд, ки дар самти таъминоти иҷтимоии аҳолии ноҳия тадбирҳои фаврӣ андешида шаванд. Аз ҷумла, бо супориши Сарвари кишвар ҳаҷми нафақа барои сокинони ноҳия 2,5 баробар зиёд карда шуд. Вазъи хизматрасонии муассисаҳои тиббӣ ва маориф хеле беҳтар гардид. Имрӯз дар ноҳия 1 беморхонаи марказӣ, 5 беморхонаи минтақавӣ, 7 бунгоҳи тиббӣ, 6 маркази саломатӣ, ҳамчунин, марказҳои назорати давлатии санитариву эпидемиологӣ, эмкунӣ, ташаккули тарзи ҳаёти солим, тибби оилавӣ ва ғайра амал мекунанд. Дар ноҳия 14 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ фаъолият дорад, ки таъминоти онҳо бо кадрҳои боихтисос ба шарофати ғамхории падаронаи Пешвои миллат ҷиҳати ташкили квотаҳои махсуси президентӣ (ҳарсола 100 квота) ва квотаҳои президентии муқаррарӣ барои хатмкунандагони мактабҳои ноҳияи Мурғоб сол ба сол беҳтар мегардад.
Дар сафари сеюмашон Ҷаноби Олӣ ба марҳилаи аввали сохтмони шоҳроҳи Мурғоб - Қулма - Қароқурум ҳусни оғоз бахшид. Зимни суханронӣ ҳангоми кушодани ин қисмати Шоҳроҳи абрешим Президенти мамлакат изҳор доштанд, ки «Ин роҳ ду қитъаи бузург - Осиё ва Аврупоро ба ҳам пайваст сохта, ба Тоҷикистон имкон медиҳад, ки бо роҳи кӯтоҳтарин ба Хитой, Покистон, Ҳиндустон, Туркия, ба уқёнусу бандарҳои ҷаҳонӣ барояд». Бо кушода гардидани роҳи Мурғоб - Қулма - Мурғоб дигар он минтақаи дурдасту касногузар не, балки як минтақаи ободи сарироҳӣ гардидааст. Ба туфайли ин роҳ дар деҳоти ноҳия теъдоди зиёди меҳмонхонаю қаҳвахонаҳо, дигар муассисаҳои хизматрасонӣ сохта шуданд, бисёр одамон соҳиби ҷои кор гардиданд. Умуман, бо сохта шудани роҳи мошингарди Мурғоб – Қулма, пайваст гардидан ба шабакаи ҷаҳонии интернет, дар ҳамаи ҷамоатҳои деҳот фаъол гардидани шабакаҳои телефонии мобилӣ, истгоҳҳои қабул ва интиқоли барномаҳои телевизионӣ дар ноҳия яке аз ҳадафҳои стратегии давлат - баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ асосан иҷро гардид. Ҳоло Ҳукумати мамлакат барои аз байн бардоштани мушкилоти бебарқӣ тадбирҳои амалӣ роҳандозӣ намуда истодааст. Дар сафари навбатиашон Роҳбари давлат санги асоси бинои неругоҳи барқии обии «Оқсу-2» - ро гузошт. Дар ноҳия навсозии неругоҳи барқии «Оқсу-1» идома дошта, ҳамзамон сохтмони «Оқсу-2» шурӯъ гардид. Бо анҷоми сохтмони ин неругоҳ проблемаи таъминоти аҳолии маркази ноҳия ва деҳоти атроф бо барқ ҳалли пурраи худро меёбад. Умуман, ноҳия дар солҳои истиқлолият дар ҳамаи соҳаҳо пешрафт карда, зиндагии мардум беҳтар гардид ва ҳамаи инро сокинони заҳматпешаи  Мурғоб аз шарофати ғамхориҳо, сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дониста, чун нишони сипосу садоқати бепоён ба Сарвари хирадманди худ дар раванди ободонию шукуфоӣ ва мустаҳкам кардани иқтидори Тоҷикистон ҷаҳду талош менамоянд.

Раҳмони ГУЛЗОР, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.09.2017    №: 199    Мутолиа карданд: 553

19.07.2019


ПАЛАТАИ ҲИСОБ. 88,З миллион сомонӣ зарари молиявӣ ошкор гашт

УМЕД БОБОЗОДА: "Аксари муроҷиатҳо оид ба адолати судиянд"

Кӯдакони аз Ироқ овардашуда ба зиндагии муқаррарӣ бармегарданд

"EXPO 2019 BEIJING". Гӯшаи Тоҷикистонро беш аз як миллион нафар тамошо кард

НИГАРОНӢ. Ҷудошавии 6065 оила дар ним сол

18.07.2019


ХАДАМОТИ ЗИДДИИНҲИСОРӢ. Болоравии нархи барқ ба қарзи он марбут аст

Азим Иброҳим Ким Тэ Сонгро ба ҳузур пазируфт

Ба ташкили корхонаҳои муштарак ҳавасмандӣ зоҳир гардид

Ҳамоиши «Ваҳдат – омили ягонагӣ ва суботи ҷомеа» доир шуд

Ҳамкорӣ бо Қатар густариш меёбад

Саридораи геология. 2810 харитаи геологӣ рақамӣ шуд

121 шахси масъул ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуд

Роҳи нави сесатҳаи Душанбе ба истифода дода мешавад

Президенти Қазоқистон Шӯрои миллии эътимоди ҷомеаро созмон дод

Дар Ӯзбекистон аввалин IT-технопарк бунёд мегардад

Ҷаҳон дар як сатр

17.07.2019


Музокироти ҳайатҳои расмии Тоҷикистон ва Корея

КУМИТАИ МУҲИТИ ЗИСТ. Нигаронӣ аз набудани партовгоҳҳо дар деҳот

ПРОКУРАТУРАИ ГЕНЕРАЛӢ. 5774 гектар қитъаи замин ба ҳолати аввала баргардонда шуд

ИЗЗАТУЛЛО САТТОРӢ: "Истеҳсоли гӯшти мурғ 9 маротиба зиёд мегардад"

ВАЗОРАТИ АДЛИЯ. Хулосаи ҳуқуқӣ ба 1936 лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ

ТАЭКВОН – ДО. Муниса медали тилло ба даст овард

Суръати рушди ММД Тоҷикистон миёни кишварҳои ИДМ баландтарин шуд

Тоҷикистон ба сохтмони лӯлаи гази «Осиёи Марказӣ — Чин» шурӯъ мекунад

Дар ҷанубу ғарби Чин аз хушксолӣ 7,4 миллион нафар зарар дид

Ҷаҳон дар як сатр

Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи «Ҷумҳурият» якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бахшида ба Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «ТОҶИКИСТОН – ХОНАИ УМЕДИ МО» озмун эълон менамояд.

16.07.2019


ХАДАМОТИ АЛОҚА. Корти ID симкорти муштариро ба расмият медарорад

ЭНЕРГЕТИКА. 2,5 миллиард сомонӣ қарзи дебитории "Барқи тоҷик" муаммои ҳалталаб боқӣ мемонад

15.07.2019


Сарвазири Корея ба Тоҷикистон меояд

Баррасии масъалаҳои ҳамгироии САҲА, СҲШ ва ИА дар минтақаи Осиёи Марказӣ

Нахустин шумораи маҷаллаи «Осиё ва Аврупо» аз чоп баромад

ДТТ. Изҳори нигаронӣ аз вазъи бо кор таъмин шудани хатмкардаҳо

ТИБ. 288 номгӯи доруи ғайристандартӣ ошкор шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед