logo

фарҳанг

ШОМИ ШАНБЕ

ПЕШ НАРАФТААМ
Нафаре дар роҳи сафар бо осиёбоне рӯ ба рӯ шуд, ки чашми аспро баста ва он гирди осиёб мегардад.
Пурсид: - Чаро чашми ҳайвонро бастаӣ?
Гуфт: - Оё сабабашро намедонӣ?
Ҷавон гуфт: - На.
Осиёбон гуфт: - Вақте чашмашро мебандам, ҳайвон фикр мекунад, ки роҳ меравад ва бад-ин ҷиҳат ҳаракат мекунад, агар чашмаш боз бошад, гирди ин осиёб давр намезанад.
Ҷавон бо шунидани ин сухан ба гиря дарафтод.
Осиёбон  гуфт: - Сухани  баде, ки нагуфтаам, чаро гиря мекунӣ?
Гуфт: - Ба бадбахтии худам мегирям. Ин ҳайвон бо чашми баста гирди худ мечархад ва дар пайи иҷрои корест. Ман бо чашмони боз чандин сол аст, ки даври худ  мегардам,  дар ҳоле ки як қадам пеш нарафтаам ва кореро ҳам ба сомон нарасондаам.
Таҳияи Ф. АЛИШЕР


«БОЗОРИ БАХТ»
Дар Ҷумҳурии Мардумии Чин рӯзҳои шанбе ва якшанбе аз саҳар то соати панҷи бегоҳ дар боғи миллии «Шанхай» тахтаи эълонҳое фаъол аст, ки ҳамчун «бозори ақди никоҳ» маъруф мебошад. Аксари нафароне, ки ба ин бозор меоянд, волидоне ҳастанд, ки барои фарзандони худ ҳамсар меҷӯянд.
Мувофиқи анъанаҳои қадимаи чиниҳо дар ин кишвар ба ҷойи худи ҷавонон волидонашон арӯсу домоди табъи дилашонро меҷӯянд. Ба ақидаи хитоиҳо фарзандонашон бо сабаби ҷавон будан хомӣ карда, дар интихоби ҳамсар ба хатоӣ роҳ медиҳанд. Бинобар ин, калонсолон метавонанд ҳалли ин масъалаи ниҳоят муҳимро бар души худ гиранд.
Таҳияи Лашкар ШАРИФ


АКАДЕМИЯИ АФЛОТУН
Он иттиҳоди динию фалсафиест, ки тақрибан соли 387 то мелод Афлотун таъсис карда буд. Мактаби Афлотун то асри 6 мелодӣ вуҷуд дошт. Академияи Афлотун (дар ибтидо Гекадемия) аз номи қаҳрамони асотирӣ- Академ, ки боғи Афлотун низ ба номи ӯ гузошта шуда буд, гирифта шудааст. Ба иттиҳоди номбурда схоларх, ки аъзои Академияи Афлотун интихоб мекарданд, сарварӣ менамуд. Аъзои Академияи Афлотун бо ихтиёри худ аз серхобӣ худдорӣ мекарданд, аз ишқи нафсонӣ канораҷӯӣ менамуданд ва гӯшт намехӯрданд. Дар Академияи Афлотун бисёр илмҳои замона – фалсафа, риёзиёт, нуҷум, табиатшиносӣ ва ғайра тадқиқ мешуданд. Махсусан ба масъалаи илми риёзӣ диққат медоданд. Дар пештоқи дарвозаи Академияи Афлотун чунин шиор навишта шуда буд: «Касе, ки риёзиётро намедонад, ба Академия дохил нашавад»! То замони Ситсерон Академияи Афлотунро ба Қадим ва Нав, баъдтар ба Қадим, Миёна ва Нав ҷудо мекарданд.
Ҳозиркунандаи чоп А. ҲАМИДЗОДА


ЗУҲРА ПАЛАНГЕ БОШАД...
Бозаргоне Зуҳра ном завҷаи паричеҳра дошт. Рӯзе ҳангоме, ки азми сафар дошт, бар тани зан либоси сафед пӯшонда, косаи пур аз ранги нил ба ғуломи худ доду гуфт:
- Ҳар гоҳ завҷаам кори ношоиста ва хатое  содир кард, як ангуштро ба нил ранге кун ва бар либоси ӯ бизан, то вақте бозгаштам бидонам чӣ қадар кори ношоистае анҷом додааст.
Бозаргон ба сафар рафт ва пас аз муддате ба ғуломи худ нома навишт:
Коре накунад Зуҳра, ки нанге бошад,
Бар ҷомаи ӯ зи нил ранге бошад.
Ғулом дар ҷавоб гуфт:
Гар з-омадани хоҷа даранге бошад,
Чун боз ояд, Зуҳра паланге бошад.

Таҳияи Қурбон АҲМАДЗОД


Хислатҳои наҷиби шахсиятҳои бонуфузи ҷаҳон
Аввалин нафаре, ки дар зери чархҳои қатора афтидаю вафот кардааст, аъзои парламенти  англис Уилям Хаскинсон мебошад.
***
 Аз тамоми  роҳбарони ИМА танҳо Ҷемми Картер  (соли 1932)  ва Ҷорҷ  Буш  бори дуюм ба маснади президентӣ интихоб нагаштаанд.

Вақте Бетховен машҳуртарин   Симфонияи нуҳумро менависад,   тамоман  кар буд. Қабл аз таълифи  мусиқӣ  ӯ яхпораҳоро дар болои  сараш мегузошт, ки ин амал дар навишти мусиқӣ илҳомаш мебахшид.
***
Соли 1778 ҷасади нависандаи машҳури фаронсавӣ Волтер аз қабр дуздида мешавад ва онро соли 1864  пайдо мекунанд.
***
Қади Пётри 1 204 сантиметрро ташкил медод.
Таҳияи Нигина РАҲМОН


ИН АҶИБ АСТ
Бародари «обӣ»
Делфин калимаи юнонӣ буда, маънои «бародар»-ро дорад. Дар уқёнус, баҳру дарё 70 навъи ин ҷонвари қарин бо инсон мавҷуд аст.
Дар об делфин дар як соат то 50 километр бошаст шино карда, ҳар як-ду дақиқа рӯйи об ҷаҳида, аз ҳаво нафас мегирад.
Делфин садоро на танҳо бо гӯш, балки бо баданаш ҳам мешунавад.

Моҳиҳои хушкигард
Дар  Шри - Ланка моҳиҳое зиндагӣ мекунанд, ки онҳоро хушкигард меноманд. Вақти хушк гаштани дарё ба соҳил баромада, хазида ба кӯлҳои дигар мераванд. Ин навъи моҳиҳо дар хушкӣ бештар аз як ҳафта зинда монда, то якуним километр масофаро тай мекунанд.
Таҳияи Аъзам МӮСОЕВ


БОБО ВА НАБЕРА
Яке аз дигаре пурсид:
- Фалониро шоир мегӯянд, оё ин рост аст?
- Бале, рост. Ӯ набераи фалон шоири машҳур аст. Аммо байни онҳо фарқият калон.
- Чӣ хел?
- Одамон ба бобояш пул медоданд, то ӯ шеърҳояшро хонаду онҳо ҳаловат баранд. Наберааш бошад, баръакс, ба сомеон пул медиҳад, то дандон ба дандон монда, шеърҳояшро гӯш кунанд.


ТАНБАЛ
Марде зери дарахте дароз кашида буд. Раҳгузареро чашм ба море афтод, ки наз-дики пойи мард мехазид ва фавран садо намуд:
- Бародар, ба наздики поят море дар ҳаракат аст.
Марди танбал гуфт:
Наздики пойи рост ё чап?
Таҳияи А. РАҲИМ


ТУҲФАИ БАГРАМЯН ВА ҶАВОБИ СТАЛИН
Дар вақти ҷанг қӯшунҳои зери фармони Баграмян аввалин шуда ба баҳри Балтика зада даромаданд. Барои он ки ин ҳодиса бо дабдабаи хос ба марказ расонда шавад, генерали армия шахсан ба як шиша аз баҳр об гирифта, ба адъютанташ мефармояд, ки онро таъҷилан тавассути ҳавопаймо ба Сталин расонад. Ёвари генерал пайи иҷрои супориш ба Москва парвоз мекунад. Аммо то расидани ӯ ба марказ немисҳо ба ҳуҷуми ҷавобӣ гузашта, Баграмянро аз соҳили Балтика дур мепартоянд. То расидани ёвар аз ин ҳодиса дар Москва аллакай ҳама огоҳ буданд, вале худи ӯ бехабар монда буд, зеро дар тайёра радио набуд.  Ҳамин тавр, ёвар бо ифтихори хос ба назди Сталин даромада, бо сари баланд арз медорад:
 - Рафиқ Сталин, генерал Баграмян оби баҳри Балтикаро, ки шахсан худаш гирифтааст, ба Шумо мефиристад! Сталин шишаро гирифта, чанд сония дар дас-таш давр мезанонад, сипас ба ёвар боз гардонда, маъниомез мегӯяд:
- Гардонда ба Баграмян деҳ ва гӯй, ки обро дар он ҷое бурда резад, ки гирифтааст!
Тарҷумаи М. ЗУВАЙДОВА


АНДАРЗҲО
Рашк ба қавитарин ишқ зарбаи марговар мезанад.
Овидий
Муҳим он нест, ки туро кӣ меҳисобанд. Муҳим он аст, ки ту, воқеан, кистӣ.
Публилий
Рӯбоҳ пӯсташро иваз мекунаду рафторашро не.
Светоний
Таҳияи Қ. МАҶИДЗОДА


ЛИБОСЕ, КИ ҲАМРОҲИ КӮДАК КАЛОН МЕШАВАД
Кӯдакон калон мешаванду мутаассифона, либосҳои онҳо не. Ин мушкилоти ҳамешагиро либоси донои бачагонаи Petit Pli ҳал карда метавонад, ки ба наздикӣ сазовори ҷоизаи пуршарафи байналхалқӣ дар соҳаи саноати тарроҳии James Dyson Award гардидааст.
Офарандаи ин либоси доно Райан Марио Ясин, муҳандис - тарҳкаши техникаи авиатсионӣ мебошад. Барои коркард намудани ин либоси доно як ҳолат ӯро ҳавасманд намуд. Боре ӯ барои ҷиянаш ҳамчун туҳфа якчанд либос харид, аммо ҳангоми супурдани  сарулибос аллакай ба ҷиянаш майда шуда буданд.
- Бачаҳо дар ду соли аввали ҳаёташон то ба ҳафт андоза  калон мешаванд, - мегӯяд Ясин.
Petit Pli аз маҳсулоти чиндори обногузар тайёр шудааст, ки ба ҳаҷми якчанд андоза аз ҳар самт калон шуда метавонад. Он мувофиқи инкишофи ҷисми соҳиби хурдакакаш ёзида, калон мешавад.
Аз ин либоси ғайриодии «калоншаванда» кӯдак аз 4 - моҳагӣ то 3 - солагиаш истифода бурда метавонад. Он хеле мустаҳкам буда, аз шамолу борон «наметарсад» ва шустанаш низ осон мебошад.
Таҳияи Зафар АКРАМОВ


БЕ КОРМАНД
Фурудгоҳи Схипхол дар Амстердам гарчанд аз ҳама калонтарин дар Аврупо набошад ҳам, аз ҳама пешоҳанг аст. Аввалан, дар он ҷо дар сутунҳои бақайдгирӣ бо кормандон вонамехӯред. Check-in  ба ҳамаи хатсайрҳо мутлақо дар терминалҳои электронӣ амалӣ мешавад. Сис-тема  шиносномаҳои хориҷии мизоҷонро тафтиш намуда, чиптаҳоро ҷудо ва чоп мекунад. Қайди бағоч ҳам мустақилона сурат мегирад.
Мизоҷонро танҳо ба қуттии махсус гузоштани ҷомадони худ лозим меояд. Дастгоҳ худ мавҷудияти ашёҳои манъшударо месанҷад, вазнашро бар мекашад, бирчӯби бағоҷро чоп ва равон менамояд. 
Гузаргоҳҳо барои баромадан ҳам бо терминалҳои ҳисобгиранда муҷаҳҳазонда шудаанд, ки штрихкодҳои талони таваққуфиро хонда муқоиса мекунанд.
Таҳияи Ш. ҚУРБОН


«Реал» бори даҳум лигаи чемпионҳоро бе рақами 10 ба даст овард
Ситораи футболи соли 1995 Фигу бо гузариш ба тими маъруфи «Барселона» дурахшид. Тӯли 5 сол ӯ ҳунари олӣ нишон дода, мухлисони каталониро мафтун намуд. Лекин, замоне ки Фигу соли 2003 ба таври ғайричашмдошт ба дастаи рақиби азалии каталониҳо - «Реал» гузашт, муҳаббати мухлисони «Барселона» нисбат ба ӯ коста гардид. Дар Мадрид низ Луиш хост бо рақами толеовараш бозӣ кунад, вале боз ҳамон Раул монеъ шуд. Ба туфайли маҳорати беҳамтои Луиш Фигу пироҳани рақами 10 дар дастаи «Реал» вижагӣ пайдо карду ба пироҳани афсонавӣ табдил ёфт.
Пас аз Фигу аввалин соҳиби пироҳани рақами 10 Робиниюи бразилиягӣ шуд. Флорентино Перес бо умеду интизориҳои зиёд ин футболбозро ба Мадрид овард. Робинию техникаи олии тӯбронӣ дошт, лекин дар бозии даставӣ чандон маҳорати баланд нишон намедод. Махсусан зиёд тӯброниҳои бефоидаву бемавриди ӯ ғазаби мухлисонро меовард. Баъд аз 3 мавсими ноком Робинию ба «Манчестер Сити» гузашт.
Уэсли Снейдер баъд аз Робинию соҳиби ин пироҳан шуд. Снейдер танҳо мавсими аввал бозии хуб нишон дод. Дар мавсими дуюм 22 бор ба майдон баромада, танҳо 2 гол зада тавонист. Пас аз ин соли номуваффақ Снейдер ба «Интер» - и Италия рафт.
(Идома дорад)
Таҳияи Р. КАРИМӢ


Ҳодисаҳои асроромез, сарбаста, пурмуаммо ҳамеша шавқи инсонҳоро бармеангезанд
ПАРИИ ОБӢ ВА НАРВАЛ
Дар фолклори ҷаҳонӣ афсонаҳо дар бораи занҳои нима одаму нима моҳӣ, ки аз қаъри баҳру уқёнусҳо баромада мардонро бо сурудхониву суханҳои нарму ишваю ноз ба доми худ мекашанд, хеле зиёданд. Сарчашмаи ин гуна ривоятҳоро Вавилони Қадим меҳисобанд. Чаро ин афсонаҳо то ҳол зиндаанд? Дар рӯзҳои мо ба мавҷудияти париҳои обию нарвалҳо - ҳайвони нодири баҳрӣ аз ҷинси делфин, ки дар фукаш як шох дорад ва дар афсонаҳои тоҷикӣ аспи якшоха ном мебаранд, бовар надоранд. Наход ин махлуқон танҳо эҷоди тахайюлоти одам бошанд?
Дар яке аз рӯзҳои гарми тобистони соли 1890 омӯзгор Уилям Монро дар соҳили баҳр  дар мулки граф Кэйтнесси шотландӣ сайр дошт. Нохост чашмаш ба харсанге афтод, ки аз домони баҳр сар кашида буд. Дар рӯи он махлуқеро дид, ки ба зани бараҳнаи нишаста шабоҳат дошт. Ҳайрон шуд, ки зан чӣ тавр ба чунин ҷойи хавфнок шино карда бошад? Ними бадани зан зери об буд, мӯйҳои дарози хурмоирангаш ба рӯи китфҳояш хамида буданд, дастони сап – сафеди булӯринаш дар зери шуои офтоб медурахшиданд. Баъди чанд дақиқа махлуқ оҳиста дар қаъри об нопадид гашт. Монро ин воқеаро дар номааш зикр намуда, ба рӯзномаи «Тайм» - и Лондон фиристонд. Хулосаи мактуб чунин буд: «Шояд махлуқи дидаи ман парии обӣ бошад?».
Дар он ҷое, ки бо Монро ин ҳодиса рӯй дод, пештар ҳам воқеаҳои аҷиб рух дода будаанд. Аз як ривояти маҳаллӣ бармеояд, ки боре парии обие ба ҷавоне тиллову нуқраи аз киштии ғарқшуда гирифтаашро туҳфа намуда бошад. Парӣ ва ҷавон бо ҳам аҳд мебанданд, ки ҳафтае як маротиба дар соҳил бо ҳам вомехӯранд. Аммо ҷавон тиллоҳоро гирифта ба маъшуқаш медиҳад ва бо парӣ аҳдашро мешиканад. Боре парӣ ҷавонро ба лаби баҳр мехонад ва мегӯяд, ки дар ғоре тиллову танга ва алмоспораҳои зиёде ҷамъ намудаасту ҳамаашро ба ӯ бахшиданист. Ҷавон заврақашро ба ҷои гуфтаи парӣ меронад. Вақте ки ба ғор мерасад, ӯро хоб мебарад. Баъди бедор шудан худро дар байни ҷавоҳирот занҷирбанд мебинад. Ҳамин тавр ҷавони аҳдшикану ҳарис як умр ғуломи парӣ шуда мемонад. Мегӯянд, ки парии обиро фиреб диҳед, сахт ҷазо мебинед. Дар байни маллоҳон ривояте ҳаст, ки шахси парии обиро дида оянда надорад, зеро ӯро ҳатман парӣ бо худ ба зери баҳр мебарад.
Париҳои дарёии ҳиндӣ ба одам бештар шабоҳат дошта, беҳад зебо буда, барбадро хуб менавохтаанд ва мардони аҳдшиканро ҷазо надода, баръакс худ ҳар вақт хоҳанд марди дигареро ихтиёр мекардаанд.
Сайёҳи маъруфи англис Генри Гудзон дар ёддоштҳояш аз 15 июни соли 1625 чунин нигоштааст: «Яке аз маллоҳон аз баҳр об гирифтанӣ шуда, сатили банддорро ба поён партофт ва ҳамон лаҳза парии обиро дид, ки ба духтари қашанг шабоҳат дошт, пӯсташ сап – сафед, мӯйи сараш сиёҳ, вақте ки ғӯта зад, думаш маллоҳро ба ҳайрат овард ва ба ҳама мегуфт, ки зани думдорро дид». 
Дар соли  1900 дар шимоли Шотландия заминдор Александер Ганн низ бо парии обӣ вохӯрд. Вақте ки вай мехост барраашро аз байни буттазори соҳил барорад, нигоҳаш ба парии обӣ афтод. Аввал сахт тарсид, аз ӯ дида сагчааш тез ба худ омаду баланд ҷакид. «Он чизе, ки ман дидам, ҳақиқат аст. Ман воқеан парии обиро дидам», - гуфтааст вай ба рафиқонаш. 
Баъди 50 сол дар ҳамон ҷой ду духтарак ҳангоми гулчинӣ бо ҳамон парие, ки васфашро Ганн карда буд, рӯ ба рӯ задааст. 3 январи соли 1957 сайёҳ Эрик де Бишоп ҳангоми сафар бо киштии худсохташ аз Таити ба Чили шино мекард. Як маллоҳ нохост ғирев бардошт ва баъди ба худ омадан, гуфт, ки парии обӣ ба саҳни киштӣ ҷаҳида баромад ва бо думаш лағжида – лағжида хеле рафту баъд ба об фуромад.
Албатта, имрӯз баъзе одамон ба мавҷудияти парии обӣ бовар доранд. Ривоятҳо хеле зиёданд ва мардум ба бофтаҳои худ бовар мекунанд. Дар хусуси якшохаҳо – нарвал низ. Дар Чин мегӯянд, ки нарвал ин рамзи ибтидои мардӣ ва қудрати шоҳигарист. 
Ривояте ҳаст, ки нарвал ҳайвони ваҳшиест ва онро танҳо духтарбача дошта метавонад. Боз як шарҳе дар дини масеҳӣ ҳам ҳаст. Духтар – Бибимарям, нарвал – Исо, шох - рамзи ягонагии падар ва писар.
Шояд ин ҳама афсонаанду сарчашмааш тахайюлоти баландпарвози одамист?
Қурбон МАДАЛИЕВ, тарҷума аз русӣ


14 МАВЗЕЕ, КИ БА НОМИ ҶАҲОНГАРДОНИ БУЗУРГ ГУЗОШТА ШУДААСТ
8. Гулӯгоҳи Дрейк
Он фарохтарин гулӯгоҳи рӯи Замин буда, уқёнусҳои Атлантика ва Оромро ба ҳам мепайвандад. Ҳатто қитъаи камбартарини он 800 километрро ташкил медиҳад.
Аҷиб, вале гулӯгоҳ ба худ номи Френсис Дрейк – роҳзани баҳрии машҳури англисро гирифтааст, зеро маҳз ӯ онро соли 1578 кашф менамояд.
Гулӯгоҳи Дрейк барои баҳрнавардон ҷои басо хавфнок ба ҳисоб меравад, чунки он дорои гирдобҳои зиёд буда, аксар вақт бо сабаби ҳавои бад тӯфонҳои шадид ба амал меоянд. Аммо сарфи назар аз ин, дарёнаварди машҳури рус Фёдор Конюхов онро шаш маротиба тай намуд, ки бори охирони он соли 2010 сурат гирифта буд.
Тарҷумаи Ш. ШОКИР


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 22.09.2017    №: 200    Мутолиа карданд: 342

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед