logo

иқтисод

ҲАЁТ АЗ ОБ САРЧАШМА МЕГИРАД

Файзобод ноҳияи аграрӣ буда, кишоварзони он дар бобати истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба натиҷаҳои назаррас ноил гаштаанд.

Иқлими қисмати поёнии ноҳия аз болоияш қариб як моҳ фарқ дорад. Агар дар поён моҳи март баҳор мужда расонад, дар мавзеъҳои боло моҳи апрел мавсими кишт фаро мерасад. Ҷамоатҳои деҳоти Чашмасор, Қалъаи дашт ва Мискинобод дар қисмати боло воқеъ буда, сернуфузанд. Ҷамоати деҳоти Мискинобод мавзеъҳои хушобу ҳавои Сердара, Туркмандара, Заркамарро доро буда, чашмаҳои зулоли он аз қаторкӯҳҳои Ҳазрати Шоҳ, Сешох, дараи Калон, дараи Рабеъ об гирифта, деҳаҳои Фатҳободу Заркамарро шодоб менамоянд.
Ноҳия чашмаҳои сероб дорад ва оби онҳо на танҳо ба рушди соҳаи кишоварзӣ мусоидат мекунад, балки дорои хусусиятҳои табобатӣ низ мебошад. Дар теппаҳои назди  Мазори Сурх чашмае ҷорист, ки аз обаш рӯзе даҳҳо роҳгузарон истифода мебаранд. Баъзеҳо аз оби ин чашма барои давои захми меъдаю рӯда истифода мекунанд ва нафъашро мебинанд. Аммо нафаронеро вохӯрдан мумкин аст, ки обҳои тозаро ифлос мекунанд. Ин ҳолатҳоро дар мавзеъҳои Сардара, Турк-мандара вохӯрдан мумкин аст. Бархе аз беназоратии кормандони шуъбаи муҳофизати муҳити зист, идораи санитарӣ – эпидемиологӣ, ҷамоатҳои деҳот истифода бурда, оби чашмаҳоро лойолуд ва пасобро вориди деҳаҳо месозанд, ки дар натиҷа ин ҳол боиси сар задани бемориҳои сироятӣ мегардад.
Созмони Милали Муттаҳид бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» - ро барои солҳои 2018 - 2028 қабул намуд. Ин иқдом масъулияти шаҳрвандон ва идораҳои дахлдори ноҳияро дучанд ва ҳамаи моро вазифадор менамояд, ки аз неъмати бебаҳои табиат дуруст истифода барем.
Ҳокими САФАР, ноҳияи Файзобод


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 22.09.2017    №: 200    Мутолиа карданд: 453

12.06.2019


ХУҶАНД. "Зирвеко" ба фаъолият мепардозад

Муаррифии асари Си Ҷинпин «Дар бораи идоракунии давлатӣ»

Баргузории конфронси сайёҳӣ дар Рашт

Масоили низоми бонкӣ матраҳ гардид

Дар Чин аз обхезии тобистона 6,75 миллион нафар зарар дид

Дар Ӯзбекистон рӯйхати идҳои касбиро Рӯзи китобдор афзуд

Дар Ҷопон ба солхӯрдаҳо шаҳодатномаи вижаи ронандагӣ медиҳанд

Сокини Британия дар лотерея Ј123 миллион бурд намуд

Ҷаҳон дар як сатр

11.06.2019


Песков: «Путин ба Тоҷикистон ва Қирғизистон сафар мекунад»

Иштироки роҳбарони 11 кишвар дар ҳамоиши Бишкек

Президенти Қазоқистон аз хусуси роҳҳои ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ ҳарф зад

Ҷаҳон дар як сатр

ФАРХОР. Бонувон ба ҳунаромӯзӣ ҳавасманд мешаванд

"Куллиёт" - и Миробид Саййидои Насафӣ

04.06.2019


Лукашенко: "Эмомалӣ Раҳмонро оммаи мардум интизор аст"

Бунёдкорони роботтехникаи Россия ва Чин дар Владивосток ҷамъ омаданд

Ҷаҳон дар як сатр

Машварати сиёсии вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Белгия

Муаррифии портали хизматрасониҳои электронӣ барои андозсупорандагон

Дар ноҳияи Рашт конфронси минтақавӣ баргузор мегардад

ФУТБОЛ. Ду бозии рафиқона бо мунтахаби Ӯзбекистон

03.06.2019


Дар Тоҷикистон баландтарин афзоиши теъдоди сайёҳон ба қайд гирифта шуд

Гармои тоқатфарсо дар Ҳиндустон

Тасдиқи барнома оид ба бозомӯзии касбии кормандони соҳаи маориф

Иди саиди Фитр 5 июн таҷлил мешавад

Форуми байналмилалии сармоягузории «Кӯлоб – 2019» баргузор мегардад

Ёқубҷон Абдуманнонзода - соҳиби дипломи озмуни «Килки тиллоӣ»

Ҷаҳон дар як сатр

29.05.2019


Путин бо нахустпрезиденти Қазоқистон вохӯрд

Раиси Шӯрои Аврупо Доналд Туск ба Тоҷикистон меояд

Мусофири ҳавопаймо аз фурӯбарии 1,5 кг кокаин ба ҳалокат расид

Ҷаҳон дар як сатр

28.05.2019


Дар Қазоқистон ба бунёди ширкатҳои давлатӣ мораторий ҷорӣ карданд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед