logo

фарҳанг

РӮДАКИШИНОСӢ ВА ДУРАХШОНТАРИН МАРҲАЛАИ ОН ДАР ЗАМОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ

Рӯдакишиносӣ аз замони худи Одамушшуаро оғоз меёбад. Осори устод Абуабдуллоҳ Рӯдакиро  ҳанӯз  муосирони ӯ,  амсоли Шаҳиди Балхӣ, Маъруфии Балхӣ, Мухаллидии Гургонӣ, Дақиқӣ, Абузироаи Гургонӣ арзёбӣ намуда, муҳимтарин ҷанбаҳои ашъору шахсияти ӯро  зикр кардаанд. Худи Рӯдакӣ низ ба сифатҳои шеъраш ишораҳо кардааст, ки барои шинохти  осораш мусоидат менамоянд. То асри ХIХ сарчашмаи асосӣ дар шинохти Рӯдакӣ тазкираҳо буданд. Вале маълумоти  онҳо бештар ҷанбаи ривоятӣ дошта, такрорӣ  мебошанд. Баррасии илмии аҳволу осори шоир, тавре ки  Саид Нафисӣ ва  Абдулғанӣ Мирзоев  таъкид кардаанд, аз асарҳои  Ҳ. Эте, Ч. Пикеринг, П. Ҳорн, Э. Браун, Р. Леви, Шиблии Нуъмонӣ ва амсоли онҳо шурӯъ шуда, сипас дар кишварҳои гуногуни олам, аз ҷумла Тоҷикистон, густариш пайдо мекунад.
Дар Тоҷикистон рӯдакишиносӣ чандин марҳиларо тай кардааст, ки давраи истиқлол аз муҳимтарин ва дурахшонтарин марҳилаҳо ба шумор меравад. Дар ин давра на танҳо нашри  ашъори Одамушшуаро  хеле афзуд, балки таҳқиқи амиқу ҳарҷонибаи  рӯзгору осори боқимондаи ӯ низ  вусъат пайдо карда, як зумра  асарҳои илмӣ ба табъ расиданд.
Асари Субҳони Амир, ки соли 1999 таҳти унвони «Рӯдакӣ – падидаи нодир ва ҷаҳонии тамаддуни аҳди Сомониён» нашр шуд, иқдоми муҳиме дар шинохти осору андешаҳои Одамушшуаро  буда,  бо диди тозаи замони истиқлол  ба моҳияту арзишҳои  осори шоир ва мақоми  ӯ дар адабиёти ҷаҳон  таълиф гардидааст. Муаллиф ҷустуҷӯйро дар рӯдакишиносӣ идома дода, соли 2015 асари «Устод Рӯдакӣ аввалин шоири миллӣ ва ҷаҳонӣ» - ро нашр намуд, ки   илова бар  рисолаи мазкур 6 мақолаи дигари ӯро дар бар мегирад.
Сипас мақолаҳои зиёде дар маҷаллаву маҷмӯаҳои илмӣ ва рӯзномаҳо дар бораи ҷанбаҳои гуногуни рӯзгор ва осори Рӯдакӣ чоп шуданд, ки ба қалами  Р. Ҳодизода, А. Мухторов,  А. Афсаҳзод, Н.Неъматов, А.Сатторзода, Ҳ.Шарифов, А. Насриддин, Н.Салимов, К.Олимов, М.Қосимова, У.Каримов, С. Имронов, М. Ансор, А. Алимардонов, П. Ҷамшедов, Ш. Исрофилниё, Т. Мардонӣ, А. Раҷабов, М. Мирзоюнус, А. Кӯчаров, А. Самадов ва дигарон тааллуқ доранд.
Чанде аз мақолаҳои муҳаққиқони тоҷик дар фаслномаи адабиву фарҳангии «Рӯдакӣ» ба табъ расиданд.
Дар ин давра дар баробари таҳқиқи замон, аҳвол ва осору андешаҳои шоир ба забон ва ҳунари устод Рӯдакӣ низ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир шуд. Асарҳои М. Қосимова «Сомониён ва анҷоми ташаккули забони адабӣ», Қ. Мухторӣ «Хусусиятҳои луғавию услубии ашъори Рӯдакӣ», Бобо - Назар Ғафор «Шоири Хуросон», Х. Муҳаммадзод «Забони осори Рӯдакӣ», Султони Ҳамад «Рӯдакӣ чанг бигирифту навохт», Ҷ. Обидпур «Ритмикаи ашъори устод Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ» ба баррасии масъалаҳои нақши Рӯдакӣ дар такомули забони тоҷикӣ, хусусиятҳои луғавию сарфу наҳвии ашъори боқимондаи шоир ва робитаи ӯ бо ҳунари мусиқӣ  бахшида шудаанд.
Ҷанбаҳои гуногуни рӯзгору осори  устод Рӯдакӣ дар асарҳои С. Имронов «Ёдномаи устод Рӯдакӣ», С. Саидов «Адабиёти давраи Сомониён дар фарҳангҳои форсӣ», С. Қурбонова «Абуабдулло Рӯдакӣ», Т. Атахонов «Устоди шоирони ҷаҳон», А. Насриддин «Рӯдакӣ – устоди шоирони Аҷам», А. Сайфуллоев «Паямбари ишқ» ва ғайра мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар замони истиқлол рӯдакишиносӣ на танҳо торафт вусъат пайдо карда, масъалаҳои гуногуни марбут ба адабиётшиносӣ, забоншиносӣ, таърих, антропология, тиб, мусиқӣ, ҳунар ва амсоли онҳоро  фаро  мегирад,  балки  аз  лиҳози  таҳлилу баррасии масъалаҳо аз умумигӯиҳо, ки қаблан ҷой дошт, берун мебарояд ва дар аксари асарҳо  амиқрафту  дақиқназариҳо  ва далелу бурҳонҳои тоза дар таҳлилу баррасӣ  мушоҳида  мешавад.
Ҷашни 1150 - солагии Рӯдакӣ, ки бо қарори ЮНЕСКО  соли 2008 баргузор гардид, марҳилае тозаеро дар рӯдакишиносӣ боз намуд. Ба ин муносибат дар Тоҷикистон ва кишварҳои дигар  ҳамоишҳои гуногуни илмӣ ташкил гардида, осори  зиёди илмӣ  ба табъ расиданд, ки чанде аз онҳо зикр шуд.
Ба муносибати ҷашн, ҳамчунин,  чандин маҷмӯаи мақолаҳо ба табъ  расиданд, ки муҳимтарини онҳо «Рӯдакӣ: дирӯз ва имрӯз» ва  «Рӯдакӣ ва суннатҳои адабии мардумони Осиёи Марказӣ ва Ҳинд» мебошанд. Маҷмӯаҳои мазкур бозёфтҳои илмии донишмандони Тоҷикистон, Русия, Фаронса, Амрико, Эрон, Ҳиндустон, Булғористон, Ӯзбекистонро дар рӯдакишиносӣ дар бар мегиранд.
Яке аз муҳимтарин падидаҳои фарҳангӣ, ки ба муносибати ҷашн зуҳур кард, нашри 2 ҷилди «Донишномаи Рӯдакӣ» буд, ки нахустин донишнома роҷеъ ба адибони тоҷику форс мебошад. Дар ин асари ҷамъбастиву дастаҷамъӣ, ки беш аз бист ҳазор мақоларо дар бар  мегирад, навтарин иттилоот дар бораи замон, рӯзгор, осор, андешаву афкор, забону сабк, тарҷумаву таҳқиқи  ашъори шоир ва умуман, ҳар чи марбут ба Рӯдакист, дарҷ ёфтаанд.
Соли 1999 иттиҳодияи ғайридавлатии «Бунёди Рӯдакӣ» таъсис ёфт, ки яке аз ҳадафҳои он ба нашри илмӣ ва илмию оммавӣ таҳия намудани  матни саҳеҳ ва мустанади шеъри Рӯдакӣ ва ашъори боқимондаи шоирони муосир ва пешгузаштаи Рӯдакӣ буд. Аввалин  иқдоми он дар ин росто нашри  маҷмӯаи «Шеъри Рӯдакӣ» ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ буд.
«Девон»-и Рӯдакӣ, ки бо тасҳеҳу тавзеҳоти Қодири Рустам дар шаҳри Алмаато соли 2007 ба истиқболи 1150 - солагии шоир ба табъ расид, иқдоми тоза ва шоистае дар нашри матни осори боқимондаи Одамушшуаро маҳсуб мешавад.
Бо қарор ва пуштибонии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2007 аз фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нашри осори 50 - ҷилдаи «Ахтарони адаб» шурӯъ шуд. Ин силсила бо нашри  «Ашъор» - и Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ  оғоз ёфт.
Ҳамчунин, бо кӯшиши Расул Ҳодизода ва Алии Муҳаммадии Хуросонӣ матни илмиву интиқодии «Девони ашъори Абуабдуллоҳ Ҷаъфар ибни Муҳаммад Рӯдакӣ» бо ҳуруфи форсӣ  ба табъ расид.
Тавре ки худи мураттибон таъкид кардаанд, ин «аввалин маҷмӯаи осори бозмондаи шоир аст, ки аз рӯи усул ва талаботи илми матншиносӣ таҳия шудааст». Китоб дар асоси матни омодакардаи Саид Нафисӣ ва бозёфтҳои нави муҳаққиқони кишварҳои гуногун таҳия гардидааст.
Расул Ҳодизода ва Алии Муҳам-мадии Хуросонӣ,  ҳамчунин «Ашъори мунтахаби   Рӯдакӣ» - ро барои мактабиён дар силсилаи «Китобхонаи мактаб» - и нашриёти  «Маориф ва фарҳанг» нашр намуданд.
Ба муносибати ҷашни мазкур ду туҳфаи зебо – китоби мусаввари «Шеърҳо»-и Рӯдакӣ  бо сифати хеле хуб ба забонҳои тоҷикӣ, форсӣ, русӣ ва англисӣ чоп шуданд, ки барои тарғиби осори шоир судманданд. Ҳамчунин, панду андарзҳои ҳакимонаи Одамушшуаро ба забонҳои тоҷикӣ, форсӣ, русӣ ва англисӣ ба табъ расиданд, ки арзиши баланди тарбиявӣ доранд.
Тавре ки бармеояд,  дар давраи истиқлол дар рӯдакишиносӣ корҳои зиёде анҷом дода шудаанд. Вале ин барои шинохти Одамушшуаро басанда нест. Мо бояд, пеш аз ҳама,  нусхаҳои хаттии китобхонаҳои гуногуни олам, бахусус Ҳиндустону Покистон ва Туркияву Муғулистонро ба таври ҷиддӣ баррасӣ намуда, ашъори парешони шоирро ҷамъоварӣ намоем ва барои пайдо кардани девони аслии ӯ кӯшиш ба харҷ диҳем. Ҳамчунин, осори боқимондаи шоир  бояд ба таври амиқ таҳқиқ шавад.
Мирзо МУЛЛОАҲМАД,
доктори илми филология


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 22.09.2017    №: 200    Мутолиа карданд: 380

22.02.2019


Ҷаласаи Комиссияи сетарафаи танзими муносибатҳои иҷтимоию меҳнатӣ

Забони тоҷикӣ таърихи зиёда аз чорҳазорсолаи хату алифбо дорад

ББТ барои фаъолияти оператори низоми пардохтии “Осон” иҷозатнома гирифт

МАВСИМИ НАВИ ЛИГАИ ОЛӢ МОҲИ АПРЕЛ ОҒОЗ МЕГАРДАД

Путин самтҳои асосии сиёсати хориҷии Россияро тавзеҳ дод

Хадамоти вижаи 7 кишвари ИДМ машқи "Арарат-Антитеррор" мегузаронанд

Чин дар кайҳон неругоҳи барқи офтобӣ месозад

21.02.2019


ХУҶАНД. Оғози сохтмони бинои нави «Тоҷикстандарт»

ФУТБОЛ. Тақвими бозиҳои тими мунтахаби олимпии кишвар муайян гардид

Табибон аз Тотористон бо ҳампешаҳои тоҷики худ мубодилаи таҷриба мекунанд

Роҳандозии лоиҳаҳои инноватсионӣ дар Қазоқистон

Дар Ҳиндустон 13 иштирокдори тӯй зери чархи мошини боркаш монд

Сӯхтор сабабгори марги ҳафт кӯдак дар Канада

Ҷаҳон дар як сатр

19.02.2019


МАКТАБИ ДАВЛАТДОРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

Баррасии масъалаҳои рушди сайёҳӣ

Вохӯрии Низомиддин Зоҳидӣ бо Мазен Шамия

Дурнамои рушди муносибатҳо матраҳ гардид

ҶОМИ КУШОДАИ АВРУПО. Муҳаммадризо Қувватов медали биринҷӣ ба даст овард

Авҷи ниҳолшинонӣ

Саҳми соҳибкорон дар ободии деҳот

Ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Чин ва Россия густурдатар мегардад

Сарвар Дониш: «Музокироти сулҳ бидуни ҳукумат қурбе надорад»

«Туҳфаи шоҳона» - и Арабистони Саудӣ ба шаҳрвандони Покистон

Дар Қазоқистон маркази амнияти иттилоотӣ ифтитоҳ меёбад

Сокини навраси Шимкент ду нафарро аз сӯхтор наҷот дод

Ҷаҳон дар як сатр

18.02.2019


Боздиди Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ

ВКД Ҷиноятҳо 83,6 дарсад ошкор шуданд

Вазорати молия. Барои дастгирии буҷет маблағи бештар ҷалб хоҳад гашт

«BISHKEK OPEN – 2019». Дурахши каратэ-дочиёни навраси тоҷик

«МОҲИЯТ ВА ТАЪЙИНОТИ МАТБУОТИ МАҲАЛЛӢ»

РОҒУН. Ободонӣ вусъат меёбад

АНДОЗ. Нақша 100, 6 дарсад иҷро гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед