logo

мулоқотҳо

МУЛОҚОТ БО ДОИРАИ СОҲИБКОРИИ ИМА

21 сентябр дар доираи иштирок дар чорабиниҳои сатҳи баланди Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню - Йорк Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо истифода аз имкони мусоид бо доираи соҳибкории Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мулоқот намуданд.

Чорабинӣ бо сухани муқаддимавии раиси Шӯрои соҳибкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ИМА Филлип Де Леон оғоз гардид.
Сипас, дар ҳузури ҷамъомадагон ноиби президент - мудири иҷроияи ширкати “Ҷенерал электрик” - и Амрико дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Роналд Поллетт баромад намуда, ба Сарвари давлат  Эмомалӣ Раҳмон барои дарёфти фурсат ва иштирок дар ин чорабинӣ изҳори миннатдорӣ кард.
Роналд Поллетт, аз ҷумла иброз дошт, ки Тоҷикистон шарики боэътимод ба ҳисоб меравад ва ин давлат ба қатори даҳгонаи кишварҳои дорои иқтидори бузурги гидроэнергетикӣ шомил мебошад. Аз ин хотир, мо ҳамчун ширкати дорои имкониятҳои бузурги технологӣ дар соҳаи гидроэнергетика ҳавасманди истифодаи бештари ин технология дар соҳаи гидроэнергетикаи Тоҷикистон ҳастем.
Дар кори ҳамоиши соҳибкорон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сухан карданд.
Манфиатдории ҷониби Тоҷикистонро аз рушди равобити ҳасанаю ҳамаҷониба бо ИМА таъкид карда, Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон вохӯрии имрӯзаро васоити хуби тавсеабахши ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратии байнидавлатӣ арзёбӣ намуданд.
Дар анҷоми чорабинӣ раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода бо маърӯзаи мукаммал имтиёзҳо ва имкониятҳои иқтисодию сармоягузории Тоҷикистонро ба ҳозирин муаррифӣ намуд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 22.09.2017    №: 200    Мутолиа карданд: 1601

15.02.2019


ШАМШЕРБОЗӢ. ИШТИРОКИ ВАРЗИШГАРОНИ МО ДАР ЧЕМПИОНАТИ КУШОДИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар Душанбе ташкили низоми муттаҳидаи мудофиаи зиддиҳавоӣ баррасӣ шуд

Дар чор сол муомилоти мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон 19 маротиба афзуд

Медведев: «Таҳримоти ИМА ба иқтисоди Россия таъсири чандон бузург расонда наметавонад»

Пентагон. ИМА аз Афғонистон ҳамроҳи иттифоқчиёнаш меравад

13.02.2019


2018. Сиёсати хориҷии Тоҷикистон пурбарор буд

КОРРУПСИЯ. 2047 ҷиноят ошкор гардид

САНОАТ. Беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулот содирот шуд

САРМОЯИ МУСТАҚИМ. Воридот дар ҳоли афзоиш аст

ОБ. Таъминоти аҳолӣ рӯ ба беҳбудӣ дорад

АВҶИ ОБОДКОРИҲО ДАР ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА

12.02.2019


АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО АЗ КАШФИЁТИ НАВ ТО САНОАТИ ДОРУСОЗӢ

КӮЛОБ. Содироти 825 тонна маҳсулоти кишоварзӣ

ДАНҒАРА. Саноатикунонӣ вусъат мегирад

ФУРУДГОҲҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Сатҳи хизматрасонӣ рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДК. Авлавият ба сатҳи касбият ва таълим

САДА. Тантанаи ҷашни миллӣ дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин

11.02.2019


ВАЗОРАТИ ФАРҲАНГ. 2018 - соли муваффақиятҳо буд

КУМИТАИ РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 1 миллион сайёҳ ба Тоҷикистон омад

МТС. Ҳамкориҳо бо Ӯзбекистон густариш меёбанд

ВМКБ. Гумрукчиён ба буҷет 16,9 миллион сомонӣ ворид карданд

ҲИСОР. Саҳми назарраси соҳибкорон дар ободонии шаҳр

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ба 1 миллиард сомонӣ расид

ВАРЗОБ. Таваҷҷуҳи сайёҳон ба нуқтаҳои истироҳатӣ афзудааст

08.02.2019


Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ. Музди миёнаи меҳнат - 1220 сомонӣ

КУМИТАИ ТЕЛЕВИЗИОН ВА РАДИО. Сифати кори шабакаҳо беҳтар мешавад

КҲФМГ. Офатҳои табиат 34 миллион самонӣ хисорот овард

Саноатикунонӣ дар Шаҳринав

Меъёри бозтамвил ба 14 дарсад поён фаромад

ШАҲРИ ВАҲДАТ. Иҷрои барзиёди андози иҷтимоӣ

ТАНЗИМ. Қонуншиканӣ коҳиш ёфтааст

СОҲИЛ. Корҳои мустаҳкамсозӣ вусъат меёбанд

ДДСТДТ. Авлавият ба рушди ҳунарҳои мардумӣ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед