logo

суханрониҳо

Суханронии Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ҷаласаи чоруми Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, шаҳри Ню – Йорк, 21 сентябри соли 2017

Муҳтарам аъзои Панели сатҳи баланд!
Муҳтарам Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид!
Президенти муҳтарами Бонки ҷаҳонӣ!
Ҳозирини гиромӣ!
Пеш аз ҳама, барои ташкили ҷаласаи имрӯза ва даъват барои ширкат дар он изҳори миннатдорӣ менамоям.
Фаъолияти Панели мо ба раванди баланд бардоштани дарки моҳияти об барои ноил гардидан ба Ҳадафҳои рушди устувор такони хуб бахшид. Нақшаи амали Панел барои ҳаллу фасли масъалаҳои марбут ба об мусоидат хоҳад кард.
Тоҷикистон дар пешбурди ташаббуси эълон кардани Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» барои солҳои 2018 - 2028 кишвари пешоҳанг дониста шуда, дар ин самт корҳои зиёдеро анҷом дод.
Маҷмаи умумии Созмони Милал 21 декабри соли гузашта қатъномаи худро вобаста ба даҳсолаи нав бо иттифоқи оро қабул намуд.
Ҳадафи асосии даҳсолаи мазкур боз ҳам баланд бардоштани дарки масъалаҳои об дар Рӯзномаи ҷаҳонии рушд ва мусоидат ба татбиқи Ҳадафҳои рушди устувори марбут ба об буда, барои муттаҳид сохтани талошҳои мо дар ин самт кумак хоҳад кард.
Вобаста ба ҳадаф ва вазифаҳои даҳсола мо Консепсияи татбиқи онро бо маҷмӯи чорабиниҳо дар доираи фаъолияти Панел пешниҳод карда, барои  амалӣ намудани  он ҷаҳд намуда истодаем.
Дар сатҳи миллӣ бошад, мо Нақшаи чорабиниҳоро оид ба татбиқи даҳсола қабул карда, барои амалӣ намудани он Маркази махсус ва ҷиҳати назорати иҷрои он Кумитаи тадорукотро дар назди Ҳукумати кишвар таъсис медиҳем. Дар ин робита дирӯз мо чунин як чорабиниро бо иштироки ҳайатҳои кишварҳо, Созмони Милал ва дигар ташкилотҳои байналмилалӣ барпо намудем.
Ман итминони комил дорам, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ аз имкониятҳои даҳсола васеъ истифода хоҳад кард ва дар ин давра шиддати мушкилоти марбут ба об ба таври назаррас коҳиш хоҳад ёфт.
Ҳозирини гиромӣ!
Тоҷикистон ҳамчун кишвари ташаббускор тасмим гирифтааст, ки дар ҳамдастӣ бо Соз-мони Милали Муттаҳид ва дигар шарикон ҳар ду сол чорабиниҳои сатҳи баландро оид ба раванди татбиқи даҳсола баргузор намояд.
Аз нигоҳи мо ин як платформаи хубест барои баррасии масъалаҳои умдаи вобаста ба об. Аз ҷумла, ташкил намудани чунин конфронс моҳи июни соли 2018 дар назар аст, ки метавонад дар баррасии Ҳадафҳои рушди устувори марбут ба об саҳми муносиб гузорад.
Барои таваҷҷуҳатон изҳори миннатдорӣ менамоям.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 22.09.2017    №: 200    Мутолиа карданд: 1698

15.11.2018


Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад

ЭКСПО дар Шанхай: шартномаҳо ба маблағи қариб $60 миллиард ба тасвиб расиданд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед