logo

Хабарҳо

Пленуми дуюми Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнат баргузор гардид

Дар Кохи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон пленуми дуюми Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати кишвар баргузор гардид, ки дар он масъалаҳои боз ҳам баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии ҷавонон, гузарондани ҷаласаҳои ҳисоботиву интихоботии ташкилотҳои шӯроҳои собиқадорони ҷангу меҳнат ва дигар масоили мубрам баррасӣ гардиданд.

Қудратов Раҳмат, раиси собиқадорони ҷангу меҳнат, қайд кард, ки Ҳукумати мамлакат нисбати собиқадорони ҷангу меҳнат ғамхории ҳамешагӣ зоҳир менамояд. Аз ҷумла, соли равон  дар  арафаи 26 - солагии Истиқлолияти давлатӣ бо  қарори  раиси шаҳри  Душанбе Рустами Эмомалӣ ба ҳар собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба маблағи 900 сомонӣ ва иштирокдорони бартарафсозии садамаи Неругоҳи барқи атомии Чернобил 500 сомонӣ кумак расонда шуд ва чунин тадбирҳо дар дигар шаҳру ноҳияҳо низ амалӣ шуданд.
Ҳамчунин, зикр гардид, ки Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнат ба масъалаи баланд бардоштани ҳисси ифтихори миллӣ, ватандӯстӣ ва худогоҳию худшиносии ҷавонон аҳамияти ҳамаҷониба медиҳад. Дар ин ҷода ташкилотҳои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳру ноҳияҳо дар ҳамкорӣ бо вазоратҳои маориф ва илм, мудофиа, Кумитаи ҷавонон ва варзиш, ташкилоти мададгори мудофиа мунтазам бо ҷавонон суҳбату вохӯриҳо баргузор менамоянд, ки ин барои дар рӯҳияи мардонагӣ, далерию ҷасурӣ тарбия намудани онҳо мусоидат менамояд.
Меҳрангез ҚОДИРОВА,
Комрон САФАРОВ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 159

18.12.2017


СТИПЕНДИЯИ ПРЕЗИДЕНТӢ. САФИ ҶАВОНОНИ ЛОИҚ МЕАФЗОЯД

Созмони тоҷикони Қирғизистон беҳтарин ҷамъияти милливу фарҳангӣ эътироф гардид

ВАНҶ. Таҷдиду азнавсозии муассисаҳои тандурустӣ

Ҷаҳон дар як сатр

16.12.2017


Густариши ҳамкориҳо бо Олмон

Вохӯрии Қоҳир Расулзода ва Ҳонӣ Фавзӣ ал - Мулкӣ

Баргузории ҷаласаи 28 - уми Шӯрои банақшагирии минтақавии СҲИ

Ҳамоиши соҳибкорони Тоҷикистону Амороти Муттаҳидаи Араб

Ҷаҳон дар як сатр

14.12.2017


Мулоқоти Қоҳир Расулзода ва Биналӣ Йилдирим

Рушду равнақи ҳамкориҳои Тоҷикистону Туркманистон

Ибодулло Машраб – барандаи Ҷоизаи «Ситораи Иттиҳод»

Дар Ёвон коргоҳи меваю сабзавот ба истифода дода шуд

Бунёди боғи интенсивӣ дар Тоҷикобод

Ҷаҳон дар як сатр

Зангҳои бардурӯғ

ИМА маблағгузории СММ – ро 250 миллион доллар кам карданист

Фаронса истифодаи телефонҳои мобилиро дар мактабҳо манъ менамояд

Бори нахуст дар эстафетаи олимпӣ робот иштирок намуд

Варзиш

11.12.2017


Баррасии масоили ҳифзи амнияти иттилоотӣ

Вохӯрии Музаффар Ҳусейнзода ва Дан Некулаеску

Инноватсия ва шарикӣ барои ноил гаштан ба Ҳадафҳои рушди устувор

Баргузории форуми «Роҳ ба сӯи иқтисодиёти ғайринақдӣ»

Ҷаҳон дар як сатр

«Сафирони забони русӣ» ба Тоҷикистон омаданд

Дар Осло Ҷоизаи сулҳи Нобел супурда шуд

Сарвазири Ироқ: «Ҷанг алайҳи «ДИ» анҷом ёфт»

СММ: «Ҳаҷми ҷаҳонии порагирӣ 1 триллион долларро ташкил медиҳад»

Фарбеҳтарин зани дунё 400 кило вазн партофт

08.12.2017


Ҷаҳон дар як сатр

Дар Швейтсария президенти нав интихоб намуданд

Ҷангиёни «Давлати исломӣ» ба киберфазо мегузаранд

Хисорот аз сӯхтори ҷангали Калифорния аз 9 миллиард доллар гузашт


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед