logo

иқтисод

БАРТАНГ НУРАФШОН МЕШАВАД

Нахустин падидаи шарикии давлат ва бахши хусусии Тоҷикистон дар соҳаи барқ ширкати – “Помир энерҷӣ” барои бунёди НБО - и хурд дар водии Бартанг маблағҳои нав равона мекунад. Дар  ин  бора ба хабарнигори “Ҷумҳурият”  Абдулло  Амонбеков, менеҷери  ширкат  доир  ба  робита  бо  ҷомеа,  иттилоъ  дод.

Ширкати “Помир энерҷӣ” барои зиёд намудани дастрасӣ ба қувваи барқи аз ҷиҳати экологӣ тоза ва устувор дар Тоҷикистон ва вилояти Бадахшони Афғонистон дар соли 2017 соҳиби ҷоизаи бонуфузи байналмилалии “Ашден” гардид. “Помир Энерҷӣ” аз байни 240 ширкати мамолики гуногуни ҷаҳон ба дарёфти ин ҷоизаи баландэътибори байналмилалӣ ва мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 20000 фунт стерлинг (тақрибан 232 ҳазор сомонӣ), инчунин, бастаи инфиродии дастгирии соҳибкорӣ барои васеъкунии фаъолияти худ гардид.
Тайи 2-3 соли охир тамоми кӯшишу ғайрати муассиса ба таъмин намудани сокинони деҳоти ҳанӯз ба қувваи барқ дастрасинадоштаи водии Бартанги ноҳияи Рӯшон ва деҳоти дурдасти ноҳияи баландкӯҳи Мурғоб равона шудааст.
Тобистони соли 2016 дар доираи ҷашнгирии Рӯзи Ваҳдати  миллӣ дар Бадахшон НБО - и хурди “Пасор” баъди азнавсозии куллӣ бевосита аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди истифода қарор дода шуд ва бо  ҳамин мушкилоти норасоии барқи сокинони деҳаҳои Пасор, Бопасор ва Ғудараи водии Бартанг аз  байн  рафт. То охири соли 2016 бошад, дар водии баландкӯҳи Бартанги ноҳияи Рӯшон неругоҳҳои хурди “Савноб”-у “Басид” ва  соли равон неругоҳи хурди “Сипонҷ” низ таъмиру азнавсозӣ шуда, бо иқтидори баландтар ба кор андохта шуданд.
Президенти кишвар зимни мулоқот бо мардуми водӣ таъкид намуданд, ки дар давраи наздиктарин барои пурра бо неруи барқ таъмин намудани сокинони ин водии баландкӯҳ чораҳои зарурӣ андешида мешаванд. Дар  ин  самт  ба  роҳбарияти  ширкат  аз  ҷониби  Сарвари  давлат  супориши  мушаххас   дода  шуд. Дар  робита  ба  ин ширкат қарор дод, ки мукофотпулии гирифтаро барои амалисозии лоиҳаи сохтмони неругоҳи хурд дар деҳаи Рошорви водии Бартанг равона кунад. Ширкат ният дорад маблағи боқимондаро аз  ҳисоби  ҷалби  сармояи   хориҷӣ марҳила ба марҳила дарёфт намояд.  Мавриди  истифода  қарор  додани  неругоҳи хурди “Рошорв”  имкон  медиҳад, ки  қариб 1200 нафар аҳолии ин деҳаи баландкӯҳ  бо  барқи  хушсифату  боэътимод  таъмин  гардад.
Раҳмони ГУЛЗОР, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 25.09.2017    №: 201    Мутолиа карданд: 494

15.07.2019


Сарвазири Корея ба Тоҷикистон меояд

Баррасии масъалаҳои ҳамгироии САҲА, СҲШ ва ИА дар минтақаи Осиёи Марказӣ

Нахустин шумораи маҷаллаи «Осиё ва Аврупо» аз чоп баромад

ДТТ. Изҳори нигаронӣ аз вазъи бо кор таъмин шудани хатмкардаҳо

ТИБ. 288 номгӯи доруи ғайристандартӣ ошкор шуд

11.07.2019


Шиносоии Қоҳир Расулзода бо сохтмон ва навсозии шоҳроҳи Душанбе – Бохтар

10.07.2019


Нодиртарин "Девон" - и Навоӣ дар Хуҷанд

Бунёди нахустин пойгоҳи ҷаҳонии шабакаи атмосферии Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ

Иттиҳоди Аврупо барои кишварҳои Осиёи Марказӣ 72 миллион евро ҷудо мекунад

Матвиенко: "Дар бозори Россия қариб тамоми об қалбакӣ будааст"

Ҷаҳон дар як сатр

08.07.2019


Баррасии ҷараёни иҷрои Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонон

"Душанбе - қалби Тоҷикистон"

Ҳамоиш оид ба таҳияи маҳсулоти сайёҳӣ

Россия нахусткайҳоннаварди арабро бо ғизои махсус таъмин месозад

Зиёни иқтисодии Гурҷистон аз коҳиши сайёҳони рус беш аз $700 миллион хоҳад шуд

Дар Қазоқистон то соли 2021 нияти ифтитоҳи 20 мактаби олӣ ва 180 коллеҷро доранд

СММ: "Қирғизистон нахустин кишварест, ки мушкили бешаҳрвандиро ҳал кард"

Зеленский пурра иҷро кардани созишномаи Минскро ваъда дод

Ҷаҳон дар як сатр

04.07.2019


Ҷаласаи Комиссияи муштараки ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Покистон

Масъалаи татбиқи ҳамгироии сиёсати давлатии ҷавонон баррасӣ гардид

ФУТБОЛ. Чемпионати АФОМ дар Тоҷикистон мегузарад

Омӯзгоронро барои кор дар Тоҷикистон ва Қирғизистон интихоб менамоянд

Сарвазири Италия пазироии самимии Путинро ваъда кард

Дар Минск паради низомӣ бахшида ба Рӯзи Истиқлолияти Беларус доир гашт

Путин шартҳои муколамаи Москва ва Киевро ном бурд

Суд ба маъмурияти Трамп истифодаи маблағи Вазорати мудофиаро барои деворсозӣ манъ намуд

Ҷаҳон дар як сатр

02.07.2019


Тақвияти ҳамкориҳо бо БАТР

Мулоқоти Исматулло Насредин бо Умар Аюб Хон

Озмунҳои «Маҳаллаи беҳтарин» ва «Кӯчаи беҳтарин» баргузор мешаванд

Тоҷикистон. Барои табобати Осия Зулфонова аз Олмон табиб оварданд

То соли 2020 маҳсулоти муштараки ширии Тоҷикистону Беларус ба бозор мебарояд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед