logo

иҷтимоиёт

ТАНЗИМ. ШАҲРВАНДОН БЕТАФОВУТ НАБУДАНД ВА НЕСТАНД

Дар рӯзҳои мо, дар давраи истиқбол аз даҳумин солгарди қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» зимни таҳлил ва хулосагириҳо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ташаббускор ва тасмимгирандаи асосии таҳияи лоиҳаи қонун ва мавриди амал қарор гирифтани он маҳсуб меёбанд, вазъияти бавуҷудомадаро ҳамаҷониба дарк намуда, бамаврид  таъкид карданд, ки: «Воқеан, қисме аз мардуми мо  ба сабаби зоҳирпарастии  беасос ва дар иҷрои маросимҳо  ва маъракаороиҳо пойбанди  таассубу хурофот  будани худ ба амалҳое даст мезананд, ки дар ягон гӯшаи  дигари олам ба назар намерасанд».
Муҳтавои назар, андеша ва нигарониҳои Сарвари давлат ба он равона гардида буданд, ки новобаста аз комёбиҳо ва дастовардҳои дар паст кардани сатҳи камбизоатии аҳолӣ дар доираи афкор ва ақидаи қисме аз афрод омилҳои алоқаманд ба таассубу хурофот ва, инчунин, зоҳирпарастӣ ба назар мерасанд. Аз ин рӯ, зарурият пеш омад, ки қонуни мазкур аз нав такмил дода шавад. Бояд ин нуктаи муҳимро ёдовар гардид, ки аксари шаҳрвандони кишварамон новобаста аз сатҳи иҷтимоии худ дар мавриди такмили ин қонун бетафовут набуданд ва нестанд. Зеро онҳо дар зарфи даҳ сол мушоҳида карданд, ки дар ҳақиқат, тарзи зиндагии аҳолии кишвар ба куллӣ тағйир ёфтааст. Ёдовар бояд шуд, ки қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар ҳаёти иҷтимоии аҳолӣ ва иқтисодии давлат ҳодисаи муҳим, тақдирсоз ва саривақтӣ  буд. Қабл аз қабули он фарқ миёни маъракаҳои хурсандӣ ва азодорӣ қариб аз байн рафта ва як навъ рақобат ба ҳамдигар маҳсуб мешуд. Қонун бо муқаррарот, талабот ва фармудаҳои шариати ислом мухолифат надошта, баръакс тибқи далолати оятҳои Қуръони карим барои пешгирии исроф ва дастгирии шахсони камбизоат роҳандозӣ шудааст. Новобаста аз ин, чӣ тавре ки ба назар мерасад, бо вуҷуди дастовардҳо дар муддати 10 соли амали қонун  боз ҳам ҳастанд афроди алоҳидае, ки талаботи муқарраргардидаи қонунро риоя намекунанд. Аксар ҳолат, вайронкунандагони талаботи қонунҳои амалкунанда шахсони мансабдор, инчунин, фарзандону наздикони онҳо буда, берун аз муқаррароти ҷорӣ худсарона маъракаҳои дабдабанок мегузаронанд ва ба ин васила барои баамалбарории қонуни танзим монеаҳои нав эҷод менамоянд. Вобаста ба ин масъала Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон талаб намуданд, ки таъмини қатъии талаботи қонунҳои амалкунанда дар  мамлакат ба роҳ монда шавад ва ба масъулон ҷиҳати ба танзим даровардан ва мувофиқ ба талаботи қонун гузарондани ҳамагуна маъракаҳои мардумӣ ва ҷашну маросимҳои миллӣ, риояи ҳатмии қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, хусусан аз ҷониби мансабдорон, пурзӯр намудани ҷавобгарии интизомӣ ва нишондиҳандаҳои ҷаримаҳои маъмурӣ нисбат ба вайронкунандагони қонун, падару модарон ва фарзандони онҳо дастуру супоришҳои қатъӣ доданд. Сарвари давлат   таъкид карданд, ки минбаъд дар ҳолати аз ҷониби аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ва узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисони вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, хизматчиёни давлатӣ, фарзандон, пайвандон ва хешовандони наздики онҳо такрор шудани қонунвайронкуниҳо татбиқи ҷазо то аз вазифа озод кардани хизматчиёни давлатӣ ва аз макотиби олӣ хориҷ намудани фарзандони онҳо амалӣ мегардад.  Президенти мамлакат ба мардум фаҳмонда тавонистанд, ки ҳамаи зиёдаравию исрофкорӣ дар баргузории ҷашну маъракаҳо ҷуз худнамоӣ ва шуҳратпарастӣ чизи дигаре нест. Мардум дарк карданд, ки қонуни қабулшуда дар беҳбуди ҳаёти рӯзмарра ва буҷети оилавии ҳар яки онҳо манфиатҳои зиёд овард.  
Тағйиру илова ба қонуни мазкур,  бешак, барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ, паст намудани сатҳи камбизоатӣ ва рушди минбаъдаи ҳаёти иҷтимоӣ - иқтисодии давлат мусоидат хоҳад кард. 
 Ҳайдар ҲАЙДАРОВ,
Аминҷон ШАРИФОВ,
устодони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб  ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 25.09.2017    №: 201    Мутолиа карданд: 415

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед