logo

иқтисод

МОДЕЛИ НАВИ РУШД БА ТАЪСИСИ БОЗОРҲОИ СОДИРОТӢ РОҲ МЕКУШОЯД

Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016 - 2020 ҳадаф, афзалият, вазифа ва самтҳои гузариш ба модели нави босифати рушди иқтисодиро муайян менамояд. Асоси ин барномаро механизмҳои самараноки институтсионалӣ ташкил медиҳанд, ки онҳо барои ҷалби бештари сармоя ба бахши воқеии иқтисодиёт ва инфрасохтор, ҳавасмандгардонии рақобат ва гирифтани донишҳои нав, таҳкими истеҳсолоти молу маҳсулоти воридотивазкунандаи ба содирот нигарондашуда, мақсаднок коҳиш додани вобастагии кишвар аз интиқоли маблағҳои муҳоҷирони меҳнатӣ ва мусоидат ба васеъ намудани шуғли пурмаҳсули аҳолӣ имконият фароҳам меоваранд.
Султоншо Ҳомидов, сардори раёсати рушди минтақаҳо ва мониторинги иҷрои барномаҳои миллии Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ, ба хабарнигори « Ҷумҳурият» доир ба ҳадафҳо ва ҷараёни иҷрои барнома чунин иброз дошт:
- Самтҳои калидии ислоҳоти сохтории барномаи миёнамуҳлати рушд, яъне марҳилаи нави рушдро таъмини дастрасии мунтазаму бефосилаи аҳолӣ ва субъектҳои хоҷагидор ба захираҳои энергетикӣ, бартараф намудани сатҳи пасти худкифоии ғизо, тараққиёти маҷмӯии минтақаҳои кишвар ва ташаккули низоми дастрасии баробар ба хизматрасониҳои иҷтимоӣ ташкил медиҳанд. Бинобар таъсири ҷиддӣ расондани омилҳои беруна ба рушди иқтисодии кишвар масъалаҳои нигоҳ доштани устувории рушди иқтисоди миллӣ ва таъмини динамикаи мусбати рушди индустриалӣ – инноватсионӣ дар ин марҳила ба мадди аввал гузошта шудааст.
Барномаи миёнамуҳлати рушд маҷмӯи тадбирҳои ба ҳам алоқамандест, ки вазифаҳо, захираҳо ва муҳлатҳои ҳалли масъалаҳои рушди иҷтимоӣ, иқтисодӣ, индустриалӣ – инноватсионӣ, экологӣ ва фарҳангии мамлакатро дар 5 соли наздик бояд татбиқ намояд.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷрибаи кофии банақшагирии миёнамуҳлат андухта шудааст. Ду стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ, ҳамчунин, Стратегияи баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардуми Тоҷикистон барои солҳои 2013 - 2015 амалӣ гардидаанд. Дар ин давра сатҳи камбизоатӣ то 31 дарсад коҳиш ёфт, ки ин тамоюли назарраси беҳшавии некуаҳволии мардумро нишон медиҳад. Дар барномаи миёнамуҳлати рушд на танҳо сабақҳо аз амалӣ намудани нақшаю стратегияҳои миёнамуҳлати пешина, балки иҷрои онҳо дар ҷараёни амалӣ намудани Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2015 ба назар гирифта шудааст.
Таҷрибаи амалӣ намудани стратегияҳои пешина нишон дод, ки ҳангоми таҳияи барномаҳо бояд татбиқи пурраи принсипи банақшагирии тағйирёбанда таъмин карда шавад. Дар чунин ҳолат мебояд, ки на танҳо пайдарҳамии санади аввал, балки ҳамаи санадҳои барномавии минбаъда ва алоқаи онҳо бо Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 таъмин гардад.
Азбаски Стратегияи миллии рушди ҷумҳурӣ барои давраи то соли 2030 ислоҳоти фарохдомани дарозмуҳлатро фаро мегирад, пас хеле муҳим аст, ки натиҷаҳои интизории татбиқи стратегия дар барномаҳои миёнамуҳлати рушд чун натиҷаҳои фосилавӣ инъикос гарданд. Чунин муносибат нисбати нишондиҳандаҳои мақсадноки афзалиятҳои асосии рушд низ бояд риоя шавад.
Ҳамин тавр, масъалаи муҳими ҷараёни ҳамгироии муносибати институтсионалӣ бо имконоти барномарезии макроиқтисодӣ ин интиқол додани ислоҳоти дар Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 пешбинишуда ба чорабиниҳои барномаи миёнамуҳлати рушд ва дигар барномаҳои миёнамуҳлат мебошад.
Таҳлили омилҳои рушди иқтисодӣ мутобиқи арзёбии иҷрои Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2015 нишон дод, ки рушди иқтисодӣ дар кишвар бо омилҳои зерин муайян карда мешуд: афзоиши маблағгузориҳои асосии давлатӣ ва афзоиши интиқоли маблағҳо аз берун. Дар марҳилаи нави рушд зарур аст, ки дар кишвар гузариш ба сармоягузориҳои дарозмуҳлат ба рушди инсонӣ ва афзоиши яку якбораи ҳиссаи сармоягузории хусусии ҳам дохилӣ ва беруна ба рушди минбаъда амалӣ карда шавад. Тоҷикистон аллакай дар давраи наздиктарин бояд гузариш ба модели нави рушди ба сармоягузорӣ, содирот ва воридотивазкунӣ асосёфтаро амалӣ намояд.
Ин вазифаҳо шартҳои асосии амалӣ намудани Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 маҳсуб меёбанд, вале гаронии иваз намудани модели рушд ба давраи татбиқи барномаи миёнамуҳлати рушд рост меояд. Модели нав дар муқоиса ба модели пешина як қатор бартариҳо дорад. Он рушди босуръати саноат, кишоварзӣ ва бахши молиявиро таъмин намуда, ба бозорҳои нави содиротӣ роҳ мекушояд, воридоти моли истеъмолиро маҳдуд сохта, вобастагии кишварро аз пули муҳоҷирон коҳиш медиҳад. Чунин тараққиёт ба ташкили васеи ҷойҳои нави кории пурмаҳсул, рушди шуғли расмӣ ва бахши расмии иқтисодиёт мусоидат карда, дар ниҳоят ба афзоиши ҳиссаи андозҳои дохилӣ дар даромади буҷети давлатӣ боис мегардад. Ин низоми андоз Тоҷикистонро устувор гардонда, вобастагии онро аз таъсири буҳронҳои иқтисодии хориҷӣ кам мекунад. Аз ин лиҳоз, нақши панҷсолаи ҳозира дар рушди ояндаи кишвар хеле муҳим аст, зеро дар ин давра ба модели нав замина гузошта хоҳад шуд.
Иронбӣ МӮСОЗОДА, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 25.09.2017    №: 201    Мутолиа карданд: 401

22.02.2019


Ҷаласаи Комиссияи сетарафаи танзими муносибатҳои иҷтимоию меҳнатӣ

Забони тоҷикӣ таърихи зиёда аз чорҳазорсолаи хату алифбо дорад

ББТ барои фаъолияти оператори низоми пардохтии “Осон” иҷозатнома гирифт

МАВСИМИ НАВИ ЛИГАИ ОЛӢ МОҲИ АПРЕЛ ОҒОЗ МЕГАРДАД

Путин самтҳои асосии сиёсати хориҷии Россияро тавзеҳ дод

Хадамоти вижаи 7 кишвари ИДМ машқи "Арарат-Антитеррор" мегузаронанд

Чин дар кайҳон неругоҳи барқи офтобӣ месозад

21.02.2019


ХУҶАНД. Оғози сохтмони бинои нави «Тоҷикстандарт»

ФУТБОЛ. Тақвими бозиҳои тими мунтахаби олимпии кишвар муайян гардид

Табибон аз Тотористон бо ҳампешаҳои тоҷики худ мубодилаи таҷриба мекунанд

Роҳандозии лоиҳаҳои инноватсионӣ дар Қазоқистон

Дар Ҳиндустон 13 иштирокдори тӯй зери чархи мошини боркаш монд

Сӯхтор сабабгори марги ҳафт кӯдак дар Канада

Ҷаҳон дар як сатр

19.02.2019


МАКТАБИ ДАВЛАТДОРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

Баррасии масъалаҳои рушди сайёҳӣ

Вохӯрии Низомиддин Зоҳидӣ бо Мазен Шамия

Дурнамои рушди муносибатҳо матраҳ гардид

ҶОМИ КУШОДАИ АВРУПО. Муҳаммадризо Қувватов медали биринҷӣ ба даст овард

Авҷи ниҳолшинонӣ

Саҳми соҳибкорон дар ободии деҳот

Ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Чин ва Россия густурдатар мегардад

Сарвар Дониш: «Музокироти сулҳ бидуни ҳукумат қурбе надорад»

«Туҳфаи шоҳона» - и Арабистони Саудӣ ба шаҳрвандони Покистон

Дар Қазоқистон маркази амнияти иттилоотӣ ифтитоҳ меёбад

Сокини навраси Шимкент ду нафарро аз сӯхтор наҷот дод

Ҷаҳон дар як сатр

18.02.2019


Боздиди Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ

ВКД Ҷиноятҳо 83,6 дарсад ошкор шуданд

Вазорати молия. Барои дастгирии буҷет маблағи бештар ҷалб хоҳад гашт

«BISHKEK OPEN – 2019». Дурахши каратэ-дочиёни навраси тоҷик

«МОҲИЯТ ВА ТАЪЙИНОТИ МАТБУОТИ МАҲАЛЛӢ»

РОҒУН. Ободонӣ вусъат меёбад

АНДОЗ. Нақша 100, 6 дарсад иҷро гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед