logo

ҳуқуқ

ДАҲШАТАФКАНӢ. АЛАЙҲИ ОН БОЯД МУБОРИЗАИ ДАСТАҶАМЪОНА БУРД!

Имрӯз ҳамаи мо шоҳиди воқеаҳои даҳшатноку фоҷиабор дар як қатор кишварҳои олам ҳастем, ки бар асари шиддати бесобиқа пайдо кардани бархӯрди манфиатҳои қудратҳои ҷаҳонӣ ва таҳдиду хатарҳои нав, аз ҷумла торафт вусъат гирифтани фаъолияти гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ, амнияту суботи баъзе давлатҳои як вақтҳо ороми сайёра аз байн рафтааст.
Воқеан, таҳдиди зуҳуроти харобиовари гурӯҳҳои ифротгаро ва созмонҳои террористӣ, ки аксари онҳо фаъолияти худро бо номи ислом анҷом медиҳанд, имрӯз аз сатҳи миллӣ ва минтақавӣ фаротар рафта, хусусияти ҷаҳонӣ касб кардааст. Далелҳо собит месозанд, ки афзоиши ҷиноятҳои  хусусияти  экстремистӣ  ва террористидошта, ба вусъат ёфтани терроризми байналмилалӣ, фаъолшавии унсурҳои тундраву ифротгаро, ҷалби ҷавонон ба сафи созмонҳои экстремистиву террористӣ ва иштироки онҳо дар низоъҳои мусаллаҳонаи давлатҳои хориҷӣ мусоидат менамояд.
Коршиносон омили асосии ба ин гурӯҳҳо пайвастани ҷавононро дар паст будани сатҳи маърифати динию ҳуқуқии онҳо, тасаввуроти нодуруст дар бораи ислом, ҷаҳонбинии маҳдуд, фаҳмиши суст, инчунин, аз назорат дур монданашон маънидод мекунанд. Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии кишвар Саймумин Ятимов дар мақолаи «Равоншиносии ҷамъиятӣ ва амнияти ҷамъиятӣ (Дар доираи шуури муқаррарӣ)» ба ин мавзӯъ дахл намуда, навиштааст: «Дараҷаи тафаккуре, ки ҷомеаро пеш мебарад, хирад (фаҳм, фаросат, идрок, зиракӣ, заковат, ҳушёрӣ) аст. Яъне агар инсон хирад дошта бошад, ба ҳеҷ ваҷҳ ба доми фиреби бегонагон намеафтад, ба гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ шомил намешавад, баръакс, дониш, таҷриба ва ҳунарашро барои пешрафти ҷомеа сарф менамояд.
Дар ин росто тарбияи инсони бохирад, ҳушёру дурандеш на танҳо вазифаи оила ва муассисаҳои таълимӣ, балки вазифаи ҷонии тамоми ҷомеаи шаҳрвандӣ бояд бошад. Намояндагони васоити ахбори омма, сиёсатмадорону ҷомеашиносон дар маводҳои таҳлилии худ ва суҳбату вохӯриҳояшон бо мардум бояд ниқоб аз рӯйи гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ, ки қобили эҷоди амалҳои нангини даҳшатафканианд, баркашанд, асли манфуру расвоии табиати зиддибашарии онҳоро  ба ҷаҳониён фош созанд. Дар ин замина афкори ҷамъиятие ба вуҷуд оварда шавад, ки ба терроризм, ифротгароӣ, зӯроварӣ ва харобкорӣ қатъан оштинопазир бошад. Ба андешаи доктори илмҳои сиёсатшиносӣ Саидмурод Фаттоҳзода, маърифати сиёсии ин гурӯҳҳо хеле маҳдуд буда, дар муносибат бо мардум на аз илму маърифат, балки бештар аз эҳсосот кор мегиранд ва ба ҷомеа хатари ҷиддӣ эҷод карда метавонанд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии мамлакат, аз 20 январи соли 2016, таъкид карда буданд, ки: «Вазъи бамиёномада фароҳам овардани заминаҳои дахлдори ташкиливу ҳуқуқӣ ва фазои оштинопазирро бо экстремизм ва терроризм дар сатҳи барномаи стратегии давлат тақозо дорад». Дар ин росто Сарвари давлат ба Прокуратураи генералӣ супориш доданд, ки дар ҳамкорӣ бо намояндагони як қатор вазорату идораҳо, муассисаҳои илмию тадқиқотӣ ва олимону коршиносони соҳа «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат бо экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016 - 2020» - ро таҳия ва пешниҳод намояд. Дар асоси ин дастур лоиҳаи стратегия аз ҷониби гурӯҳи корӣ таҳти роҳбарии Прокурори генералӣ омода шуда, бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 12 ноябри соли 2016 таҳти № 776 тасдиқ гардид.
Дар стратегияи миллӣ роҳандозии муҳокимаҳои илмию ҷамъиятӣ вобаста ба таҳия ва қабули андешаи миллӣ, ташаккули тарзу усулҳои муосири корҳои идеологӣ, омода намудани мутахассисон дар соҳаи муқовимати иттилоотӣ бо ифротгароӣ ва терроризм, инчунин, пурзӯр намудани нақши пешгирикунандаи воситаҳои ахбори омма дар ин самт махсус таъкид гардидааст. Бо татбиқи стратегия ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии дар ин самт қабулгардида, ҳамзамон роҳандозии корҳои таблиғотию ташвиқотӣ, ба мардум фаҳмондани оқибатҳои даҳшатбори терроризму ифротгароӣ ҷомеа метавонад аз ин таҳдиду хатарҳо худро эмин нигоҳ дорад.
Вобаста ба равандҳои ҷаҳонишавӣ ва шиддат гирифтани муборизаҳои иттилоотӣ, ҳамчунин, воридшавии мафкураи бегона ба зеҳни ҷомеа мо бояд ба таблиғи масъалаҳои худшиносиву худогоҳӣ, ҳифзи арзишҳои миллии таърихию фарҳангӣ, истиқлолият ва дастовардҳои он, ваҳдати миллӣ, тавсеаи ҷаҳонбинии демократию дунявӣ ва суботи ҷомеа беш аз ҳар вақти дигар таваҷҷуҳ зоҳир намоем.
Додоҷон РӮЗИЕВ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 25.09.2017    №: 201    Мутолиа карданд: 480

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар

РӮШОН. Ифтитоҳи маркази дуошёнаи савдо

Муҳаммад Салоҳ – беҳтарин футболбози Африқо

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Самарқанд мизбони нахустмулоқоти «Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ»

Баргардондани 47 шаҳрванди Қазоқистон аз Сурия

Остона ба гузарондани Ҳамоиши ҷаҳонии туризми шаҳрӣ омодагӣ мегирад

Дар Беларус бори нахуст ҳукми қатл содир шуд

09.01.2019


Таҷлили 110 - солагии аллома Бобоҷон Ғафуров

GLOBE SOCCER AWARDS. Беҳтаринҳоро муайян кард

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар Пекин музокироти тиҷоратии ИМА ва Чин мегузарад

Эрдуғон пирӯзӣ бар террористони «Давлати исломӣ» - ро эълом дошт

Разведкаи Сурия дар ҳафт сол 80 саркардаи исломиро нест кард

Сарвари ҶХД Корея ба Чин бо ташрифи серӯза омад

Танзими нархи дорудар Қазоқистон

04.01.2019


Парвози чартерӣ дар масири Душанбе - Шарм-уш-шайх

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Ҳалокати зани тоҷик ва се фарзандаш дар Магнитогорск

Ваколати нави намояндаи Тоҷикистон дар СҲШ

Аз Сурия баромадани артиши амрикоӣ оғоз ёфт

Зонди чинии "Чанъэ-4" дар Моҳ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед