logo

ҳуқуқ

ТАҒЙИРОТ БА ҚОНУН ТАҒЙИРОТ БА РӮЗГОРИ ШАҲРВАНДОН АСТ

Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон баъд аз ворид гардидани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҷавобгарии ҷиноятиро барои идоракунии воситаҳои нақлиёт дар ҳолати мастӣ ва бе ҳуҷҷати ронандагӣ пурзӯр мекунанд, нақша - чорабинӣ таҳия карда, дар асоси он амал карда истодааст.
Амирхон Ҳасанов, сардори шуъбачаи амалияи маъмурии шуъбаи хадамоти роҳбонии РБДА Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иброз дошт, ки пас аз ворид шудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», Кодекси ҷиноятӣ ва Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ мо дар байни кормандони шуъбаҳои ВКД дар шаҳру навоҳӣ ва дигар сохторҳо вохӯриву корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронда истодаем. Ин иқдом дар оянда низ идома меёбад. Ҳадафи асосӣ ба мардум фаҳмондани мазмуну моҳияти тағйиру иловаҳои ба санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ воридшуда мебошад.  
Бар пояи тағйироти воридгардида ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», «Дар бораи таҳсилоти ибтидоии касбӣ», «Дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ» ва «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ» минбаъд хонандагон, таълимгирандагон ва донишҷӯён ҳуқуқи бо нақлиёти механикӣ ба муассисаи таълимии таҳсилоти умумӣ ва муассисаи таълимӣ омаданро надоранд. Дар сурати риоя накардани талаботи мазкур хонандае, ки ба синни 16 расидааст аз муассисаи таълимии таҳсилоти умумӣ хориҷ карда мешавад. Таълимгирандагон ва донишҷӯён бошанд, мутобиқан бе ҳуқуқи барқарор шудан ба муҳлати аз як то се сол аз муассисаи таълимӣ хориҷ мешаванд. Нозирони БДА дар ҳолати ошкор кардани қонуншикании хонандагону донишҷӯён санад тартиб дода, ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол менамоянд ва вазорат дар доираи салоҳияти худ ҷазоро муайян мекунад.
Дар моддаҳои 37  ва 42 - и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҷазои маҳрум кардан аз ҳуқуқи махсус ҳамчун ҷазои иловагӣ муқаррар гардида, муҳлати аз ҳуқуқи махсус маҳрум намудан то даҳ сол зиёд карда шудааст. Дар моддаи 332 - и кодекс барои идора намудани воситаи нақлиёт ба шахсе, ки дар ҳолати мастӣ қарор дорад, ҷарима ба андозаи сесад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё ҳабси маъмурӣ ба муҳлати понздаҳ шабонарӯз бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи идораи воситаи нақлиёт ба муҳлати панҷ сол таъйин карда мешавад.
Ворид шудани тағйиру иловаҳо ба кодексҳои ҷиноятӣ ва ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар ҳолест, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз зиёд шудани садамаҳои нақлиётӣ ва бо мошини шахсӣ ба дарс омадани хонандагону донишҷӯён, бахусус фарзандони баъзе мансабдорон, борҳо зимни суханрониҳояшон изҳори нигаронӣ кардаанд. Сарвари давлат ахиран ба вазорату идораҳои дахлдор дастури қатъӣ доданд, ки ҷиҳати ҳалли ин мушкилот чораҷӯӣ намоянд ва ҳар мансабдоре, ки фарзандаш бо мошини шахсӣ ба дарс меояд, аз вазифа озод карда шавад.
Амирхон Ҳасанов дар посух ба суоли мо, ки тағйиру иловаҳои ба кодексҳои ҷиноятӣ ва ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ воридшуда то чӣ андоза метавонанд ба манфиати ҷомеа ва тартибу низом дар муассисаҳои таълимӣ хизмат карда бошанд, гуфт: «Вақте ҷазо вазнинтар мешавад, қонуншиканӣ низ коҳиш меёбад. Баъди ворид гардидани тағйиру иловаҳо ба қонуни танзим мушоҳида карда истодаем, ки шаҳрвандон моҳияти онро дуруст дарк кардаанд. Мувофиқи маълумоти дастрас, сатҳи қонуншиканӣ дар саросари мамлакат паст шудааст». 
Сарвиноз ШОДМОНОВА,
Лашкар ШАРИФЗОДА, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 25.09.2017    №: 201    Мутолиа карданд: 474

23.04.2019


ДЗЮ – ДО. Медали нуқраи Темур Раҳимов аз Чемпионати Осиё

Тиб. Муваффақияти камназири ҷарроҳони рус

Пирӯзии Зеленский дар интихоботи Украина

Фоҷиа дар Шри-Ланка Теъдоди қурбониён ба 300 нафар расид

Лукашенко Россияро ҳомии истиқлолияти Беларус номид

Ёрии низомию техникии Қазоқистон ба Тоҷикистон

Ҷаҳон дар як сатр

22.04.2019


НИММАРАФОНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДУШАНБЕ. Фенти Тилахан дар мақоми аввал

Ваҳдат ҳусни тоза мегирад

ХОРУҒ. Бунёди бинои шабакаи ёрии таъҷилӣ

19.04.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Жан - Батист Лемуан

Пойтахт ба таҷлили Рӯзи Ғалаба омодагӣ мебинад

Масоили рушди соҳаи маориф матраҳ гардид

Дар Донишгоҳи давлатии Данғара конфронси ҷумҳуриявӣ доир мешавад

Душанбе варзишгарони 15 кишварро ба ҳам меорад

Ҷаҳон дар як сатр

18.04.2019


ҶОМИ АФК. Пирӯзии "Хуҷанд" ва мусовии "Истиқлол"

МУЪМИНОБОД. 221 иншоот дар се сол

РАШТ. Боғистон доман паҳн мекунад

17.04.2019


БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ . Ба қонун иловаҳо ворид шуданд

ДМТ. Як нишасти муҳим

Хонандагони Душанбе пешсафи олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ

Армуғон барои дӯстдорони ҷуғрофия

ҶОМИ ОСИЁ. Паҳлавонони тоҷик соҳиби 5 медал

Ҷаҳон дар як сатр

16.04.2019


Вохӯрии Саидзода Зоҳир Озод бо Аскар Таҷибаев

Баррасии масоили мубрам

Ҳамоиш бахшида ба оғози расмии Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Калонтарин тайёра дар дунё ба ҳаво хест

Дар Қазоқистон онлайн-қаллобон фаъол мешаванд

Дар СММ аз манфиати лоиҳаи «Камарбандҳо ва роҳҳо» сухан рафт

Аз таркиш дар Афғонистон ҳафт кӯдак ҳалок гашт

Филмҳои ду коргардони тоҷик барои Фестивали кинои мусалмонӣ интихоб шуданд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед