logo

иқтисод

ОБУ ОБРАСОНӢ. БЕМАСЪУЛИЯТӢ МОРО ТО КУҶО МЕБАРАД?

Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои 753 ҳазору 929 гектар замини обӣ  мебошад, ки соли ҷорӣ идораҳои давлатии беҳдошти замин ва обёрии шаҳру ноҳияҳо бо 4826 нафар истифодабаранда барои обёрии 542 ҳазору 909 гектар шартнома бастанд. Қитъаҳои боқӣ тариқи обёрии худҷорӣ шодоб гардонда мешаванд. Тӯли ҳашт моҳи сипаригардида дар ҷумҳурӣ нақшаи ҷамъоварии  ҳаққи хизмати обрасонӣ иҷро нашуда бошад ҳам, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3 миллиону 641 ҳазор сомонӣ зиёд ба буҷет ворид шудааст.
Тибқи шартномаҳо обистифодабарандагон мебоист як қисми маблағи ҳаққи хизмати обрасониро пешпардохт менамуданд, аммо он дар рӯйи коғаз монда, баъди гузашти солҳо низ хоҷагидорон қарзашонро намепардозанд. Аз ин рӯ, қарзи хоҷагиҳои деҳқонӣ дар назди идораҳои давлатии беҳдошти замин ва обёрии шаҳру ноҳияҳо то 1 сентябри  соли 2017, бо дарназардошти қарзҳои солҳои гузашта 107,2 миллион сомониро ташкил медиҳад. Ин ҳолат вазъи молиявии Агентии беҳдошти замин ва обёрии ҷумҳуриро хеле ногувор намудааст.
Кормандони агентӣ, бо вуҷуди ҳама мушкилот, барои беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳои кишоварзӣ кӯшиши зиёд ба харҷ медиҳанд. Зеро ин тадбир яке аз омилҳои асосии баланд бардоштани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ буда, дар ин замина барои паст намудани сатҳи камбизоатӣ мусоидат менамояд.
Аз ҳисоби солҳои пешин масоҳати заминҳои ҳолати мелиоративиашон бад 39 ҳазору 580 гектарро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли пешин 5690 гектар кам аст.
Шафоат Назифов, сардори раёсати ҳавзавии беҳдошти замин ва обёрии агентӣ мегӯяд:
- Анҷом додани корҳои    мелиоративӣ    ҳолати   заминҳоро    беҳтар мегардонад, аммо бо сабаби аз тарафи роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ риоя накардани усулҳои агротехникӣ, технологияи обмонӣ, сари вақт тоза накардани заҳбуру заҳкашҳои дохилихоҷагӣ, дар ҳолати ғайритехникӣ нигоҳ доштани чоҳҳои амудии хушккунанда ва пойгоҳҳои мелиоративӣ, барои обёрӣ истифода бурдани обҳои заҳбуру заҳкашҳо ин тадбир вазъи мелиоративии заминҳоро беҳ намегардонад.
Ҳамчунин, солҳои охир ҳолати пойгоҳҳои обкашии кишвар нигаронкунанда боқӣ мондаанд. Алҳол тавассути 388 пойгоҳи обкашӣ ва 505 чоҳи амудӣ 289,1 ҳазор гектари замин обшор мегардад. Тавре зикр гардид, 4 иншооти обёрикунанда асосан солҳои шастуми асри гузашта сохта шуда, муҳлати истифодаи онҳо то  4 давра гузаштааст.  Барои ба пуррагӣ иваз намудани дастгоҳҳои обкашӣ, муҳаррикҳои барқӣ  ва бо оби обёрӣ таъмин намудани заминҳои кишоварзӣ 1274 дастгоҳи обкашӣ, муҳаррикҳои барқӣ ва 620,2  ҳазор метр лӯлаҳои баландфишорро иваз кардан лозим меояд.
Бояд тазаккур дод, ки баробари таъмиру навсозии пойгоҳҳои обкашӣ, ҳамчунин, иваз намудани  онҳо бо таҷҳизоти каммасрафи муосир пеш омадааст. Соли 2015 аз ҷониби ширкати муштараки Чину Тоҷикистон “Ҷунтай - Хатлон Синсилу” барои пойгоҳҳои обкашии вилояти Хатлон 32 маҷмӯъ таҷҳизоти муосир ворид гашт, ки дар силсилапойгоҳҳои мавзеи Ғаровутии ноҳияи Дӯстӣ ва Қубодиён васл шуд. Дар натиҷа самаранокии дастгоҳҳои обкашӣ ба миқдори 8,1 м3/сония афзуда, истифодаи неруи барқ дар як соат 310 кВт коҳиш ёфтааст.
Як мушкили рӯ ба рӯ омада он аст, ки ҳолати иқтисодии хоҷагиҳои кишоварзӣ ва қобилияти пардохтпазирии онҳо паст буда, солона ба ҳисоби миёна то 60 дарсадро ташкил медиҳад. Дар ин ҳолат агентӣ бо дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ, ки ҳадафаш таъмини амнияти озуқавории кишвар аст, вазифаҳои дар наздаш гузоштаро ба ҷо оварда метавонад, - гуфт дар хотима Шафоат Назифов.
Мирзои ФИРӮЗ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 25.09.2017    №: 201    Мутолиа карданд: 384

18.01.2019


Таҳдидҳои асосӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ номбар шуданд

Гумонбари омодасозии ҳамла ба Қасри сафед ба даст афтод

Дар Чин қаллобонро барои фиреб ҳабси абад карданд

29 миллион сом зарари собиқадорони сохта

Ҷаҳон дар як сатр

17.01.2019


Тамдиди шартномаи ФФТ бо "Сомон Эйр"

60 ДАРАҶА ХУНУКӢ ВА ДАВИ 50 - КИЛОМЕТРАИ ЭКСТРЕМАЛИ МОЛДАВӢ

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар

РӮШОН. Ифтитоҳи маркази дуошёнаи савдо

Муҳаммад Салоҳ – беҳтарин футболбози Африқо

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Самарқанд мизбони нахустмулоқоти «Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ»

Баргардондани 47 шаҳрванди Қазоқистон аз Сурия

Остона ба гузарондани Ҳамоиши ҷаҳонии туризми шаҳрӣ омодагӣ мегирад

Дар Беларус бори нахуст ҳукми қатл содир шуд

09.01.2019


Таҷлили 110 - солагии аллома Бобоҷон Ғафуров


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед