logo

фарҳанг

ЗАБОНИ ТОҶИКӢ ВА НАҚШИ АЙНӢ ДАР САРНАВИШТИ ОН

Зуҳури ҷараёнҳои мухталифи сиёсиву фикрӣ дар поёни қарни ХIХ ва ибтидои асри ХХ дар қаламрави Осиёи Марказӣ масъалаҳои ҳастии таърихии миллат ва халқи тоҷикро зери суол бурд.
Ба ибораи Пешвои миллат “Садриддин Айнӣ мавҷудияти халқи тоҷикро ҳамчун миллати қадимаи Осиёи Марказӣ исбот намуда, ҳаққу ҳуқуқҳои қонунии ин миллатро барои ташкили давлатдории миллии худ ба миён гузошт”. Дар канори ин, устод Айнӣ ба сарнавишти таърихии худи вожаи тоҷик, ки атрофи он низ мабоҳисе зидду нақиз дар он айём ҷараён дошт, таваҷҷуҳи амиқ зоҳир намуда, тавассути асноди муҳкам собит намуд, ки тоҷикон меросбарони тамаддуни бузурги ориёӣ ҳастанд ва худи ин вожа муродифи ориёӣ, миллате аз нажоди тоҷдорон ва амсоли ин ба кор меравад. Пешвои миллат бо ишорат бар ин хидмати бузурги Айнӣ таъкид намуданд, ки: “Устод Айнӣ фармуданд, ки калимаи “тоҷик” ба сифати номи як халқи форсизабон, сараввал нисбат ба мардуми форсизабони Осиёи Марказӣ ва Хуросон кор фармуда шуда, баъд аз он ба ҳама форсизабонони рӯи дунё ба кор бурда шудааст. Маъмулан калимаи “тоҷик” ҳамрадиф ва ҳаммаънои ориёӣ, яъне наҷибзодагон будааст. Ба забони имрӯзаи тоҷикӣ калимаи “тоҷик” мардуми тоҷдор, олимартаба, озодманиш аст ва номи имрӯзаи тоҷик ба ҷои номи этникии эрониёни кунунӣ ба ивази ориёӣ омадааст”.
Нуктаи дигаре, ки ба ин корномаҳои устод Айнӣ пайванд мегирад, хадамоти бесобиқаи ӯ дар ташаккули забони миллӣ ва таъмини ғанои луғавии он маҳсуб меёбад. Дар чунин марҳилаи пуртуғёни сиёсиву маънавӣ масъалаи исботи ҳастии таърихии миллат тавассути эҳёи асолати забони миллӣ яке аз омилҳои муассир маҳсуб мешуд, зеро дар канори инкори ҳастии миллати тоҷик муддаиёни шомили ин ҷараёнҳо адами забони адабии тоҷикиро низ талқин менамуданд. Дар ишорат бар ин матлаб худи устод Айнӣ чунин навишта: “Вақте ки ман “Намунаи адабиёт” - ро навишта баровардам, ҳамаи шарқшиносон ба ман муқобил баромаданд ва онҳо забони адабӣ доштани халқи тоҷикро инкор карданд. Аз хатои шарқшиносон пантуркистон истифода бурда, будани тоҷиконро дар Осиёи Марказӣ инкор карданд”.
Масъалаи содагардонии забон, ки он рӯзгор устод Айнӣ ба миён гузошт, на ба мазмуни дар сатҳи авом поин бурдани забон ва авлавияти ҷанбаҳои гуфугӯӣ дар он ба шумор мерафт, балки ҳамоно моҳияти бар пояи асолати худ расондани забони адабии тоҷикиро ифода мекард. Аз мутолиаи осори насрии адабиёти асри ХIХ ва ибтидои асри ХХ равшан мегардад, ки нуфузи вожагони арабӣ ва шеваҳои баёни муғлақ ба ҳадде афзуда, ки барои дарки маънӣ ва матлаби он хонанда ба мушкилоти зиёде рӯ ба рӯ мешавад. Нуфузи вожагони бегона дар сабки нигориш хоҳ - нохоҳ барои дурафтодагии забони тоҷикӣ аз асолати хеш ва шеваи хоси баёноти хаттӣ дар забони осори бадеӣ боис мешавад.
Ба таъбири дигар, ҳадафи устод Айнӣ аз иқдоми содакунӣ бозгашт ба ҳамон назокат ва узубате, ки тӯли ҳазорсолаҳо хоси забони адабии тоҷикӣ буда, ба шумор меравад.
Устод бар асоси таваҷҷуҳ ба асолати забони тоҷикӣ хеле аз вожагони нобу нодири классикиро, ки воқеан, ба таъбири худи эшон “ба баҳонаи архаистӣ ё куҳна будан” аз муомилот берун монда буданд, дубора ба забон ворид намуд.
Барҳақ ҳувайдост, ки дар ҳама ҳолат таваҷҷуҳи устод Айнӣ ба забони зиндаи халқ, ҷустуҷӯ ва дарёфти роҳу усулҳои ҳифозати асолати забони тоҷикӣ, пеш аз ҳама, эҳёи мақом ва манзалати таърихии он маҳсуб мешавад. Имрӯз, воқеан, агар мо ба мероси бузурги адабиёти хеш, ки ҳатто аз назари ҷуғрофӣ дар муҳитҳои мухталифи таҳаввули забони тоҷикӣ - форсӣ зиндагонӣ ва эҷод намудаанд, руҷӯъ намоем, вожагони фаровонеро метавонем аз таркиби таълифоти онҳо берун оварем, ки аксаран дар забони зиндаи халқ маҳфузанд, аммо дар забони гуфтории шеваҳои дигари забони форсӣ аллакай аз муомилот берун рафтаанд.
Садриддин Айнӣ дар навбати аввал дар баробари изҳори ин назари муҳим барои таъмини асолати забони ноби тоҷикӣ худ иқдом бар амалкарди он зад.
Ҳамин тавр, дар заминаи иқдом бар субути ҳастии забони адабии тоҷикӣ дар сарнавишти таърихии ин забони ғаноманди ҷаҳонӣ нақши муассир гузоштанд.
Нуралӣ НУРЗОД,
номзади илмҳои филологӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 25.09.2017    №: 201    Мутолиа карданд: 797

18.03.2019


ГРАНД СЛЕМИ ЕКАТЕРИНБУРГ. Беҳрӯз мақоми сеюмро гирифт

Tesla дар Қазоқистон нуқтаҳои нерудиҳӣ месозад

Аз фурӯравии биноҳо дар Чин 10 нафар ҷон бохт

Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё дар фикри бунёди биржаи меҳнат шуд

Сиёсатмадори олмонӣ лағви таҳримоти зиддирусиро зарур мешуморад

Ҷаҳон дар як сатр

13.03.2019


Парвиз Давлатзода бо Чэн Гуопин вохӯрд

Имконияти таҳсил дар ДДУК тавсеа меёбад

Маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлолият ва Озодӣ» интихоб гардид

06.03.2019


Назорати фаъолияти ширкатҳои букмекирӣ пурзӯр мешавад

Бунёди маҷмааи корхонаҳои нассоҷӣ дар назар аст

Форуми якуми иттилоотонии ҷомеаи шаҳрвандӣ баргузор мегардад

ҶОМИ "ФФТ" "Истиқлол" бори панҷум онро соҳиб шуд

Варзишгарони тоҷик 5 медал ба даст оварданд

Ҷаҳон дар як сатр

Нилуфар Рофиева дар озмуни нозанинҳои Россия ғолиб омад

Лондон муносибаташро бо Москва ба эътидол овардан мехоҳад

Покистон ба гуфтушунид бо Ҳиндустон шурӯъ мекунад

Андешаи Лукашенко оид ба яхи обнашудаи муносибот бо Иттиҳоди Аврупо

Соли 2019 ду ҷоизаи Нобел дар соҳаи адабиёт супурда мешавад

05.03.2019


СУҒД. Авлавият ба кишти картошка

04.03.2019


Хуҷанд ба даҳгонаи шаҳрҳои беҳтарини сайёҳӣ ворид гардид

Сертификати армуғони сайёҳӣ таъсис ёфт

ҶОМИ "ФФТ". "Истиқлол" ва "Кӯктош" дар финал

Осиёи Марказӣ. Камтарин теъдоди маҳбусон дар Тоҷикистон аст

Москва ва Вашингтон нархи раводидро арзон карданд

Қазоқистон ба воридоти меваю сабзавоти Қирғизистон роҳ мекушояд

Лавров: «Вазъият дар Сурия ба эътидол омад»

Ҳалокати 29 нафар аз обхезӣ дар ҷануби Афғонистон

Ҷаҳон дар як сатр

01.03.2019


ФУТБОЛ. «Хуҷанд» бо «Аҳал» мубориза мебарад

Бори нахуст дар таърих якбора ду зан ба кайҳони кушод мебароянд

Пекин дар фикри эъмори Девори бузурги чинӣ шуд

Испания солимтарин кишвари дунё эътироф гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед