logo

иқтисод

ИШКОШИМ. АЗ РУШДИ СОҲИБКОРӢ ТО ВУСЪАТИ ТОЗА ДАР МОИ

Дар натиҷаи сиёсати  созандаву  бунёдкоронаи  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои  миллат, Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон  ва аз  баракати  истиқлолият ва ваҳдати миллӣ дар як муддати кӯтоҳ  дар ноҳияи Ишкошим  зиёда аз 100 иншооти таъйиноти гуногун бо харҷи беш аз 90 миллион сомонӣ мавриди истифода қарор гирифт.

Ба хотири пешрафти беш аз пеши ин ноҳияи кӯҳистон бо дастгирии бевоситаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Ишкошим барои солҳои 2016 - 2020» қабул гардид, ки дар доираи он аз худ намудани як қатор иқтидорҳои нав дар назар дошта шудааст. Барнома дар маҷмӯъ фарогири 134 лоиҳа буда, барои татбиқи онҳо 220 миллион сомонӣ   пешбинӣ гардидааст.
Дар ноҳия ба  рушди  соҳибкорӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир  мешавад.  Бо  ин  мақсад   Ҳукумати  мамлакат, махсусан  барои  сокинони ноҳия  афзалиятҳои  махсус додааст, ки грантҳои  президентӣ барои  бонувон  аз  ҷумлаи  онҳо  мебошанд.  Масалан,  дар 10 соли охир панҷ нафар  зан барои эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, бунёди сехҳои дӯзандагӣ, мурғпарварӣ, корхонаи тибетресӣ ва сохтмони ошхона 95 ҳазор сомонӣ  гранти президентӣ гирифт.
Ҷудо  гардидани   қарзҳои бебозгашт  ва  грантҳо  аз  ҷониби  Ҳукумати  кишвар ба  ташкили  коргоҳҳои  нав, аз  ҷумла  корхонаҳои  хурди  саноатӣ,  мусоидат  менамоянд. Ҳоло дар ноҳия коргоҳҳои хурди саноатӣ, аз ҷумла дӯзандагӣ, пойафзолдӯзӣ, истеҳсоли тоқиҳои помирӣ, хишт ва ғайра фаъолият доранд. Корҳои  сохтмониву  васлгарӣ  дар корхонаҳои коркарди чӯб ва ангат низ  босуръат  идома  доранд  ва  дар назар  аст, ки то охири сол мавриди истифода қарор гиранд.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ ғайр аз маблағгузориҳои давлатӣ сектори хусусӣ низ дар беҳтар намудани инфрасохтори ноҳия ва зебову обод гардондани он ҳиссаи сазовор гузоштааст. Дар ноҳия айни замон се сехи истеҳсоли дару тирезаҳои пластикӣ, сехи истеҳсоли мебел, ҳашт сехи дӯзандагӣ, корхонаи коркарди ангат, корхонаи хурди ресандагии мӯинаи кашмирӣ, ҳашт сехи коркарди чӯб бо фарогирии 96 нафар коргар фаъолият доранд. Инчунин, дар ҳудуди ноҳия дар маҷмӯъ 144 нуқтаи хизматрасонии маишӣ ва 191 субъекти савдо фаъолият намуда истодааст, ки  бунёд  ва   ташкили  онҳоро  маҳз  сектори  хусусӣ   ба зимма гирифтааст.
Ноҳияи Ишкошим яке аз минтақаҳои зебоманзари мамлакат буда, бо табиати асрорангез, мавзеъҳои  зиёди  таърихӣ ва  беш  аз  80   чашмаи гарму шифобахшаш дар кишвар ва берун аз он  шуҳрат  дорад. Чашмаҳои шифобахши Гармчашма, Сист, Баршор, Авҷ, Удит, Даршай, Биби Фотимаи Заҳро, Вранг, Ширгин ва Зонг таваҷҷуҳи сайёҳони дохиливу хориҷиро ба худ ҷалб намуда, барои рушди соҳаи сайёҳӣ заминаи воқеӣ фароҳам овардаанд. Бинобар  ин,  дар  ноҳия  ба  рушди  инфрасохтори сайёҳӣ таваҷҷуҳ бештар  мегардад.  Айни ҳол дар ноҳия барои истироҳату фароғати сайёҳони дохиливу хориҷӣ меҳмонхонаву таваққуфгоҳҳои замонавӣ ва нуқтаҳои хизматрасонӣ бунёд гардида истодаанд. То охири соли ҷорӣ дар деҳоти Шитхарв  ва маркази ноҳия меҳмонхонаҳои барҳавои дуошёна мавриди истифода қарор мегиранд. Айни  ҳол дар заминаи чашмаҳои шифобахши маҳал се истироҳатгоҳ - Гармчашма, Авҷ ва  Бибӣ  Фотимаи  Заҳро фаъолият доранд.  Дар ояндаи наздик боз  дар  назди  4 - 5   чашмаи  дигар истироҳатгоҳҳо  бунёд меёбанд.
Кор  дар минтақаи озоди иқтисодии  “Ишкошим”, дар мавзеи Дашт, вусъати тоза мегирад. Коргарон дар ин минтақа  айни  ҳол асосан ба кашидани хатҳои об, барқ ва бунёди роҳ машғуланд. Дар давоми се соли охир барои рушди минтақаи мазкур аз ҳисоби буҷети давлатӣ панҷ миллион сомонӣ  равона  гардид. Азбаски МОИ “Ишкошим”  дар  як  мавзеи  стратегӣ - транзитӣ  ҷой  гирифтааст, дар ояндаи наздик  дар ин  ҷо коргоҳҳои зиёде  бунёд меёбанд, ки  ба  ташкили  ҷойҳои  нави  корӣ  дар  ин  ноҳияи баландкӯҳ ва дар ин  замина ба боз ҳам баланд  гардидани сатҳи зиндагии  сокинон  мусоидат  хоҳанд  кард.
Ишкошим ноҳияи аграрист ва он 2787 гектар замини кишт дорад. Соли сипаришуда кишоварзони ноҳия 40280 сентнер ғалла ва 125000 сентнер картошка истеҳсол намуданд. Нашъунамои  киштзорони  имсола  аз  он  шаҳодат  медиҳад, ки  ҳосилнокии  заминҳои  кишт дар муқоиса ба солҳои пеш  хеле  афзоиш  меёбад.  Дар ин ҷо ба бунёди боғ ва парвариши чорво низ эътибори ҷиддӣ дода мешавад. Кишоварзон ҳосили  боғоти  худро  дар   бозорҳои  маркази  ноҳия  ва  шаҳри  Хоруғ  ба  фурӯш  мебароранд.
Ҳамаи ин дастовардҳо бо дастгириву ғамхориҳои доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва аз файзу баракати Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон насиби мардуми заҳматқарину ватандӯсти ноҳияи Ишкошим гардидаанд.
Зикрихудо САМАДЗОДА,
раиси ноҳияи Ишкошим


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 25.09.2017    №: 201    Мутолиа карданд: 486

12.06.2019


ХУҶАНД. "Зирвеко" ба фаъолият мепардозад

Муаррифии асари Си Ҷинпин «Дар бораи идоракунии давлатӣ»

Баргузории конфронси сайёҳӣ дар Рашт

Масоили низоми бонкӣ матраҳ гардид

Дар Чин аз обхезии тобистона 6,75 миллион нафар зарар дид

Дар Ӯзбекистон рӯйхати идҳои касбиро Рӯзи китобдор афзуд

Дар Ҷопон ба солхӯрдаҳо шаҳодатномаи вижаи ронандагӣ медиҳанд

Сокини Британия дар лотерея Ј123 миллион бурд намуд

Ҷаҳон дар як сатр

11.06.2019


Песков: «Путин ба Тоҷикистон ва Қирғизистон сафар мекунад»

Иштироки роҳбарони 11 кишвар дар ҳамоиши Бишкек

Президенти Қазоқистон аз хусуси роҳҳои ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ ҳарф зад

Ҷаҳон дар як сатр

ФАРХОР. Бонувон ба ҳунаромӯзӣ ҳавасманд мешаванд

"Куллиёт" - и Миробид Саййидои Насафӣ

04.06.2019


Лукашенко: "Эмомалӣ Раҳмонро оммаи мардум интизор аст"

Бунёдкорони роботтехникаи Россия ва Чин дар Владивосток ҷамъ омаданд

Ҷаҳон дар як сатр

Машварати сиёсии вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Белгия

Муаррифии портали хизматрасониҳои электронӣ барои андозсупорандагон

Дар ноҳияи Рашт конфронси минтақавӣ баргузор мегардад

ФУТБОЛ. Ду бозии рафиқона бо мунтахаби Ӯзбекистон

03.06.2019


Дар Тоҷикистон баландтарин афзоиши теъдоди сайёҳон ба қайд гирифта шуд

Гармои тоқатфарсо дар Ҳиндустон

Тасдиқи барнома оид ба бозомӯзии касбии кормандони соҳаи маориф

Иди саиди Фитр 5 июн таҷлил мешавад

Форуми байналмилалии сармоягузории «Кӯлоб – 2019» баргузор мегардад

Ёқубҷон Абдуманнонзода - соҳиби дипломи озмуни «Килки тиллоӣ»

Ҷаҳон дар як сатр

29.05.2019


Путин бо нахустпрезиденти Қазоқистон вохӯрд

Раиси Шӯрои Аврупо Доналд Туск ба Тоҷикистон меояд

Мусофири ҳавопаймо аз фурӯбарии 1,5 кг кокаин ба ҳалокат расид

Ҷаҳон дар як сатр

28.05.2019


Дар Қазоқистон ба бунёди ширкатҳои давлатӣ мораторий ҷорӣ карданд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед