logo

фарҳанг

ЗАБОН. АСОЛАТИ ОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД!

Дастоварди беназир дар даврони истиқлолият дар соҳаи забони давлатӣ низ ба даст омад: дар Тоҷикистон сиёсати забон ташаккул ёфта, аз пай таҷрибаи пурарзиш овард.
Таҷрибаи таърихии расидан ба сиёсати забон заминаи иҷтимоӣ дорад:
- масъалаи забон ҳамеша ба сиёсати давлатдорӣ дар робита қарор дошт, барои пешбурди сиёсати забон силсилаи қонуну қарорҳо, тадбирҳо андешида, кумита ва комиссияҳои кориву назоратӣ ташкил карда шуданд.
- қазияи забон дар кори давлатдорӣ ҷузъи ҷудонопазири фаъолияти Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон қарор гирифт.
- асари бунёдии Сарвари давлат «Забони миллат - ҳастии миллат» тадқиқоти марҳилавие гардид, ки ба бисёр муаммоҳои баҳснок ва ҳалталаби амалкарди забони тоҷикӣ ва таърихи таҳаввули он рӯшанӣ андохт. Ин омилҳо буданд, ки дар кишвар падидаи нодири сиёсию фарҳангӣ ва илмӣ, яъне сиёсати забон комилан ташаккул ёфт.
Забон дар ҳамаи давру замонҳо як рукни давлатдорӣ буд. Аз рӯйи баҳои сарварони давлат ба забон ҳадафҳои сиёсии давлатдорӣ муайян мегардид. Нуқтаи назари сарвар ва ходимони баландпояи давлатӣ ба мақоми забон дар ҷамъият, тадбирҳои давлат оид ба амали забонҳо ва роҳу усулҳои иҷрои онҳо сиёсати забонро дар мамлакат фароҳам овард.
Заминаҳои бунёдии роҳи ташаккули сиёсати забон – боло гирифтани ифтихори миллӣ, коркарди тадбирҳои стратегии давлатӣ, ташкили силсилаи чорабиниҳои давлат оид ба таҳкими пояҳои иҷтимоӣ ва рушди забон, ҳамчунин, роҳу василаҳои гуногуни ба амал баровардани ин тадбирҳост. 
Дар Тоҷикистон ташаббускори ин раванди сиёсию фарҳангӣ Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ҳастанд. Моҳият ва муҳимтарин масъалаҳои сиёсати забон дар гузориш ва баромадҳояшон иброз гаштаанд. Китоби тозанашри Сарвари давлат «Забони миллат – ҳастии миллат” - ро метавон марҳалаи тозаи хидмат дар соҳаи забон шуморид. Муаллиф дар асоси таҳлили зиёда аз чаҳорсад сарчашмаи илмии ватаниву хориҷӣ кӯшидааст, ки ба печидатарин масъалаҳои баҳсноки давраҳои қадим ва миёнаи забони тоҷикӣ равшанӣ андозад.
Ба туфайли ташаббус ва кӯшишҳои пайгиронаи Пешвои миллат дар як муддати кӯтоҳ дар фаҳмиши моҳият ва корбурди забони миллӣ нуқтаи назар ва таҷрибаи ғаноманди амалӣ ба даст омад, ки аз он, дар маҷмӯъ, сиёсати забон пайдо гашт. 
Заминаи воқеии таҳаввулоти забониву забоншиносӣ, ки рӯи кор омад, Истиқлолияти милливу давлатист. Истиқлолият бо забон робитаи бевосита дорад, - гуфтаанд Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон. - Инкишофу рушди забон нишондиҳандаи пешрафт ва комёбиҳои миллат ва давлат аст. Забони тоҷикӣ, ки аз шевотарин, ғанитарин ва қадимтарин забонҳост, моро на танҳо бо кишварҳои ҳамзабон ва ҳамфарҳанг мепайвандад, балки оинаи таърих ва давлатдории мо мебошад. Маҳз истиқлолият метавонад ба таҳаввули объективии забони адабии миллат роҳи калон боз намояд. Истиқлолият ба забон асолат мебахшад, имконият фароҳам меорад, ки он дар заминаи қонуниятҳои дохилии худ инкишоф ёбад.
Дар назар бояд дошт, ки рисолати аҳли ҷомеа инкишоф додани забон мебошад. Офарандаи забон халқ аст, устодони сухан – шоирону нависандагон забонро сайқал медиҳанд, олимони суханшинос қоидаву қонуниятҳои забонро муайян менамоянд, ҳамагон ҳамҷоя аз рӯйи меъёрҳои баён амал намуда, ҳамарӯза дар рушди забон мусоидат мекунанд. Сарвари давлат дар суханронии худ ба ифтихори 25 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид доштанд: “Ба шукронаи соҳибихтиёриву соҳибватанӣ вазифаи муқаддаси ҳар як фарди бонангу номуси миллат аз он иборат аст, ки асолати забони тоҷикиро чун неъмати бебаҳо ҳифз намояд ва барои инкишофи он саҳм гузорад. Ин забон, ки забони модарии мост, барои мо – тоҷикон чун шири модар муқаддас мебошад”.
Абдусаттор АБДУҚОДИРОВ,
профессори  ДДХ ба номи академик
Бобоҷон Ғафуров


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 25.09.2017    №: 201    Мутолиа карданд: 402

21.11.2018


Аз таркиш дар Кобул беш аз 50 нафар ҳалок шуд

Ӯзбекистон нахустин намоишгоҳ-ярмаркаи байналмилалии содиротӣ мегузаронад

Могерини: «Иттиҳоди Аврупо «артиши аврупоӣ» ташкил карданӣ нест»

Табобати гепатити С дар Беларус аз арзонтарин дар Аврупост

Ҷаҳон дар як сатр

ДУШАНБЕ. Таҷлили нахустин ҷашни занони соҳибкор

ДЕВАШТИЧ. Тантанаи Рӯзи Президент

Иштироки мунтахаби футболи бонувон дар CAFA

20.11.2018


СУҒД. Оғози сохтмони раёсати маориф

ЛЕВАКАНТ. Конфронси илмӣ - назариявӣ ба ифтихори Иҷлосияи XVI

"Парасту" дар Тоҷикобод

Сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ барои машварат дар Тошканд ҷамъ меоянд

Финляндия ҷонибдори ҳузури Россия дар Шӯрои Аврупо

Вазорати маорифи Афғонистон 30 ҳазор занро ба кор мегирад

Баррасии рушди инклюзивии иқтисоди қитъа дар Гвинея Папуаи Нав

Ҷаҳон дар як сатр

АНВАР ЮНУСОВ СОҲИБИ КАМАРБАНДИ WBF

"СОРО КОМПАНИЯ" ҒОЛИБИ ЛИГАИ КАСБИИ ФУТЗАЛИ ТОҶИКИСТОН

19.11.2018


ДЕВАШТИЧ. Авҷи созандагиҳо дар Ҷамоати деҳоти Яхтан

Артиши Сурия охирин истеҳкоми «ДИ» дар ҷануби кишварро зери назорат гирифт

Дар ҳама минтақаҳои Ӯзбекистон «мактаби президентӣ» месозанд

Роҳандозии барномаи махсуси давлатии ипотекӣ барои дӯзандагони Қирғизистон

Киштии зериобии «Сан Хуан» - ро дар уқёнуси Атлантика ёфтанд

Ҷаҳон дар як сатр

Кулишов: «Марзҳои ИДМ бо таҷҳизоти муосир таъмин карда мешаванд»

Дар Тоҷикистон омӯзгори забони англисӣ барои таблиғи «ДИ» 19 сол гирифт

Қазоқистон мубориза бо машруботро сахттар мекунад

Фоидаи туризм ба кадом шаҳри дунё бештар аст?

Ҷаҳон дар як сатр

"ИСТИҚЛОЛ" бори аввал барои Ҷоми чемпионҳои КФО мубориза хоҳад бурд

Омодагии тими миллӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон – 2022

УСМОН ТОШЕВ САРМУРАББИИ НАВИ ДАСТАИ МУНТАХАБ

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед