иқтисод
САНОАТ. БА ИСТЕҲСОЛИ ВАТАНӢ АВЛАВИЯТ НАМЕДИҲЕМ, ЧАРО?
Тибқи маълумоти оморӣ, дар доираи иҷрои дастуру супоришҳои Роҳбари давлат корхонаҳои ватанӣ ҳаҷми истеҳсоли либосҳои мактабиро сол то сол зиёд намуда истодаанд. Дар соли нави хониш аксари корхонаҳои дӯзандагии ватанӣ дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои кишвар намоиш - фурӯши либоси мактабӣ доир кардаанд. Барои зиёд намудани истеҳсол ва беҳтар гардидани сифати дӯхти либосҳои мактабӣ саҳми корхонаҳои азим, аз ҷумла «ИИ Нассоҷии тоҷик» - и шаҳри Душанбе, назаррас аст.
Вале аҷиб ин аст, ки барои ниёзҳоямон ҳатто ҷӯробро аз Чину Туркия ворид мекунем, дар ҳоле, ки абрешиму пахтаи аълосифат дар кишвари мо тавлид мешавад.
Анвар Қурбонов, раиси Шӯрои директорони ҶДММ «ИИ Нассоҷии тоҷик» гуфт, ки дар корхона аз соли 2011 инҷониб маҳсулоти гуногуни саноатӣ истеҳсол карда мешавад. Либосҳои мактабии корхона дар байни хонандагон мавқеъ пайдо намуда, аксарияти хонандагони шаҳри Душанбе ва дигар ноҳияҳои ҷумҳурӣ аз он харидорӣ менамоянд. Дар 8 моҳи соли равон корхона ба маблағи қариб 11 миллион сомонӣ либосҳои мактабӣ истеҳсол кардааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 23,7 дарсад зиёд мебошад.
Бино ба маълумоти Хуш-маҳмад Ҷонмаҳмадов, директори генералии «ИИ Нассоҷии тоҷик», роҳбарияти корхона мунтазам барои навсозии технологияи коркарди нахи пахта ва истеҳсоли матоъҳои хушсифати ба рақобат тобовар саъйу кӯшиш менамояд. Бо ин мақсад барои истеҳсолоти ресандагӣ ва бофандагии ҶСП «Бофанда» ба маблағи 11,8 миллион доллари ИМА сармоягузорӣ карда шуд. Ҳоло ин корхона бо дастгоҳҳои технологии замонавӣ муҷаҳҳаз мебошад ва пурсамар фаъолият дорад. Дар истеҳсолоти ресандагии ин фабрика хати технологии ҳозиразамони истеҳ-соли ширкати «Риттер» ва дар истеҳсолоти бофандагии он дастгоҳҳои пуриқтидори бофандагии тамғаи «Пиканол» насб карда шудаанд. Дар фабрикаи «рангомезӣ» - и корхона матоъҳои барашон то 2 метр рангубор ва гулпартоӣ карда мешаванд. Бо ин роҳ номгӯи маҳсулоти истеҳсолшаванда зиёд, сифати маҳсулот ба талаботи бозори ҷаҳонӣ ҷавобгӯ гардид.
Аз аввали соли ҷорӣ беш аз 1,8 миллион метри мураббаъ матоъҳои пахтагин истеҳсол ва асосан ба хориҷи кишвар содирот шудааст. Ҳадафи асосии ҳайати кормандони техникии корхона вобаста ба талаботи бозор афзун намудани истеҳсоли маҳсулоти пахтагин, такмил додани истеҳсолот ва беҳтар намудани сифати маҳсулот мебошад. Маҳсулоти корхона рақобатпазир буда, дар дохил ва хориҷи кишвар харидорони худро пайдо намудааст.
«ИИ Нассоҷии Тоҷик» яке аз корхонаҳои калон, муҷаҳҳаз бо техникаи ҳозиразамони коркарди нахи пахта то маҳсулоти ниҳоӣ - маҳсулоти дӯзандагӣ буда, иқтидори истеҳсолии солонаи он коркарди 7 ҳазор тонна нахи пахтаро дар бар мегирад. Сол то сол коргоҳҳои корхона васеъ ва аз нав таҷҳизонда мешавад. Корхона матоъҳои пахтагин, риштаи пахтагин, матоъҳои нобофта, ватин, бинт ва дигар маҳсулоти тиббӣ, маҳсулоти дӯзандагӣ истеҳсол менамояд. Дар ҳайати иттиҳодия се фабрикаи ресандагӣ, се фаб-рикаи бофандагӣ, фабрикаи рангомезӣ, фабрикаи бинтбарорӣ ва истеҳсолоти дӯзандагӣ фаъолият доранд.
Шаҳбоз АБРОР, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 26.09.2017 №: 202 Мутолиа карданд: 380