logo

фарҳанг

ЗАБОНРО ГУМ НАКАРД

Соли 1951 дар омӯзишгоҳи омӯзгории шаҳри Панҷакент таҳсил мекардам. Як рӯз мо - донишҷӯёнро даъват карда, ба вохӯрӣ бо номзад ба вакили халқ устод Садриддин Айнӣ бурданд.
Садриддин Айнӣ дар ин вохӯрӣ изҳор доштанд:
- Рафиқон, ман ба бисёр гап задан хуш надорам. Ҳар нафаре агар чӣ гуна кас будани Айниро донистан хоҳад, китобҳои ӯро хонад.
Баъд аз ин дар дилам меҳри мутолиаи асарҳои устод ҷой гирифт.
Қаҳрамони Тоҷикистон Бобоҷон Ғафуров нисбат ба устод Садриддин Айнӣ меҳру эҳтиром доштани хешро ин тавр баён кардаанд:
- Ман устод С. Айнӣ, суханони пур аз меҳру муҳаббат ва пурмазмуни ин марди шарифро дӯст медорам.  Ин шахс таърихи зиндаи Бухорои қадим ва қариб тамоми Осиёи Миёна буд.
Соли 1965 дар нашриёти «Ирфон» бо тарҷумон, мудири шуъбаи адабиёт Шариф Шараф ва шоира Гулчеҳра Сулаймонова дар як ҳуҷра кор мекардем. Як рӯз ба назди мо корманди радио оид ба бахши форсӣ Маҳмуд  Тӯробӣ омад. Ҳамроҳи худ як китоби ҳаҷман калонро оварда, ба мо нишон доду аз ман хоҳиш кард, ки оид ба ин китоб андешаҳоямро нависам. Навиштам. Таҳти унвони «Китоби нодир»       дар рӯзномаи «Тоҷикистони Советӣ» (ҳоло «Ҷумҳурият») он чоп шуд.
Устод Садриддин Айнӣ худ заҳмати зиёди кашидаашонро дар чор мисраи шеърашон ин тавр баён доштаанд:

Ин хона зи хишти куҳан андохтаам,
Дар вай ҷашне зи рафтагон сохтаам.
То аҳли замони мо бидонанд, ки ман
Як умри ҷавонӣ ба чӣ раҳ бохтаам.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон барҳақ таъкид доштаанд, ки:
«Дар ин вазъияти таърихӣ ба майдони мубориза устод Айнӣ ба ҳайси як қаҳрамони миллӣ ворид гардид».
Воқеан, тоҷик дар дарозои таърих ва ҷабру ҷафоҳо:

Тоҷ гум карду забонро гум накард,
Тахт гум карду забонро гум накард.
Роҳ гум карду забонро гум накард,
Бахт гум карду забонро гум накард.
То забон дорад, Ватандор аст ӯ,
То забондор аст, бисёр аст ӯ.

Албатта, ин боиси ифтихори ҳар соҳибватан ва тоҷики асил мебошад.
Ҷамоли АБДУЛҲАЙ,  рӯзноманигор


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.09.2017    №: 202    Мутолиа карданд: 415

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед