logo

иҷтимоиёт

ТАНЗИМ ВА БЕҲБУДИ ЗИНДАГӢ

Тибқи маълумоти расмӣ, давоми даҳ соли татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» беш аз як миллиону чорсад ҳазор маърака ба қайд гирифта шуда,  зимни гузарондани онҳо зиёда аз 18 миллиард сомонӣ сарфа гардид. Чунон ки иттилоъ дода мешавад, маблағҳои сарфашуда ба афзоиши даромади буҷети оилаҳо мусоидат намуд. Чанде қабл ба қонун тағйироту иловаҳо ворид гардиданд. Тибқи онҳо, минбаъд  маъракаҳои номгузорӣ, гаҳворабандон, чиллагурезон, мӯйсаргирони тифл ва дигар маъракаҳои ба таваллуди кӯдак вобаста, инчунин тамоми маросими дафну азодорӣ бе забҳи чорво ва бе додани таом гузаронда мешаванд. Дар иртибот ба ин мавзӯъ, чанд тан аз сокинони мамлакат ба хабарнигори рӯзнома андешаҳои хешро иброз доштанд.
Фариштамоҳ Каримова,
сокини шаҳри Душанбе:
- Чанд сол қабл баъзе нафарон ба хотири бодабдаба гузарондани  базми арӯсиву домодӣ, хатнасур ва маросими азодорӣ маблағи зиёд сарф мекарданд. Ҳатто кор то ҷое расид, ки баъзеҳо дар ҳолати надоштани маблағ барои барпо кардани чунин маъракаҳо қарз мегирифтанд. Аммо хушбахтона, бо қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» роҳи исрофкориву хурофотпарастӣ гирифта шуд. Мақсад аз тағйироту иловаҳое, ки чанде пеш ба қонун ворид шуданд, тақвият бахшидани ин раванд мебошад. Бо итминон метавон гуфт, ки  аз ин ба баъд  сатҳи некуаҳволии мардум беш аз пеш баландтар хоҳад гардид.
Ҳошим Салимов,
сокини ноҳияи Рӯдакӣ
- Мутаассифона, то қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» мардум ҳангоми гузарондани маъракаҳо ба зоҳирпарастиву худнамоӣ даст зада, ба харҷи беҳуда роҳ медоданд. Қабули ин қонун мусоидат намуд, ки мардум тадриҷан аз  анъанаҳои куҳнашудаю зараровар дур шаванд ва рӯ ба сарфаву сариштакорӣ оранд. Боиси хурсандист, ки чанде пеш ба ин санади тақдирсоз тағийроту иловаҳо ворид гаштанд, ки ҳадафи онҳо боз ҳам беҳбуд бахшидани зиндагии сокинони мамлакат мебошад. Зеро минбаъд мардум  метавонанд аз ҳисоби маблағҳои  сарфашуда  дар бонкҳо ба номи фарзандонашон  суратҳисоб кушода, зиндагии шоистаи онҳоро таъмин созанд.
Қурбон Раҳимов,
сокини шаҳри Қӯрғонтеппа:
- Ҷои баҳс нест, ки ворид гаштани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои боз ҳам беҳбуд бахшидани рӯзгори халқ равона шудааст. Дар баробари ин, ҳадаф барҳам додани расму анъанаҳое мебошанд, ки ба дини  мубини ислом ҳеҷ иртиботе надоранд, зеро тайи солҳои дароз  мардуми мо аз ноогоҳӣ ба исрофкориҳои зиёд роҳ медоданд. Ҳоло бошад, вазъ хеле беҳтар шудааст, ки ин ҳама аз шарофати қабули чунин қонуни башардӯстона мебошад.  
Нигина РАҲМОН, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.09.2017    №: 202    Мутолиа карданд: 494

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед